Кафедраи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ...


 

 Кафедраи "Технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фармасевтӣ, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хизмати фармасевтӣ ва иттилооти фармасевтӣ" яке аз кафедраҳои пешбари профилии факултети фармасевтӣ мебошад. Кафедра ҳамчун кафедраи мустақил дар асоси фармони ректори МТҒ "Донишкадаи Тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" аз 27 январи соли 2020 № 04-29 таъсис дода шудааст. Кафедра дар институт пойгоҳи асосии тайер кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фармасия мебошад.

Мудири аввали он Шамсиддинов А. Ҷ., ва аз соли 2023 то имрӯз н.и.б., Ҷамшедов Ҷ.Н. дар вазифаи мудири кафедраи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хадамоти фармасевтӣ ва итилооти фармасевтӣ кор мекунад.

Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушод ва лексияҳо аз ҷониби мудири кафедра ва ассистентҳо гузаронида шуда, методикаи таълим такмил дода мешавад. Дар маҷлисҳои кафедра иштирок дар дарсҳои кушод, лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ, мунтазам ба роҳ монда шуда, коркардҳои таълимӣ-методӣ муҳокима карда мешаванд. Инчунин  сатҳи  таълим доим аз ҷониби роҳбарияти кафедра  баҳогузорӣ карда мешавад.

Самтҳои асосии фаъолияти “Кафедраи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хадамоти фармасевтӣ ва итилооти фармасевтӣ”.

  1. Баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯен дар соҳаи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ОЭФ, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, рушди шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
  2. Баланд бардоштани самаранокии таълимии фанҳои технологияи дорусозӣ, фармакогнозия, ОЭФ, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, фарогирии дарсҳо бо истифода аз усулҳо ва технологияҳои муосири таълим.
  3. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, тренингҳои кушод ва интихобӣ, конфронсҳо ва семинарҳо, ҳафтаҳои илмӣ ва ғайра.
  4. Ғанисозии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқоти нави илмӣ.
  5. Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиети таълимӣ.
  6. Баланд бардоштани сатҳи фаъолияти таълимӣ, ахлоқӣ, ғоявӣ-сиесӣ ва тарбиявии донишҷӯен.
  7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон.
  8. Ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ бо дигар муассисаҳои таълимии давлатӣ.

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА

" технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хадамоти фармасевтӣ ва итилооти фармасевтӣ "

Дар кафедраи 1 номзади илмҳои биологӣ: Ҷамшедов Ҷ.Н., 1 номзади илмҳои техникӣ Давлатмамадова М., 2 унвонҷу Холов С. Б., ва Зохидов Н.С. фаъолият мекунанд.

 

КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

Корҳои таълимӣ-методии кафедра ба баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва такмили маҳорати педагогии ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра равона карда шудааст.

Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим тибқи талаботи стандарти таълимии ихтисоси 1-79 01 08 Фармация, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои намунавӣ ва таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Дар кафедра донишҷӯени шакли рӯзонаи таълим ба гирифтани маълумоти  фармасевтӣ машғуланд. Инчунин дар факултети тиббии Донишкада донишҷӯени хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ба донишҷӯени хориҷӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шудааст.

Таълим аз рӯи фанҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Технологияи дорусозӣ
  2. Ташкил ва иқтисоди фарматсия
  3. Фармакогнозия
  4. Фармакология
  5. Фармакологияи клиникӣ
  6. Таърихи дорусозӣ
  7. Хадамоти фарматсевтӣ ва иттилоотои фарматсевтӣ

Донишҳои амалӣ ва назариявиро донишҷӯен ҳангоми гузаштан аз “Таҷрибаи истеҳсолии дорусозӣ” (дар дорухонаҳои категорияи ЯКУМИ ҶТ) ва "Таҷрибаи истеҳсолии саноатӣ" (дар корхонаҳои дорусозии ҶТ) ба даст меоранд.

Дар тамоми фанҳои таълимӣ ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ барномаҳои таълимӣ таҳия шудаанд. Маҷмӯаҳои электронии таълимӣ - методӣ сохта ва пайваста коркард карда мешаванд. Маҷмӯи маводҳои назариявӣ, амалӣ дар асоси принсипҳои интерактивӣ, мутобиқшавӣ, кушодагии иттилоотӣ ва фосилавӣ сохта шудаанд. Раванди таълим, ки ба истифодаи фаъолонаи онҳо асос ефтааст, имкон медиҳад, ки салоҳиятҳои касбии мутахассисони оянда ташаккул ёфта, рушди қобилиятҳои маърифатӣ ва эҷодии онҳо доим рушду нумуъ кунад. Кори мустақилонаи донишҷӯен, тақсимоти оқилонаи вақти таълим ва такмили методикаи гузаронидани дарсҳо доим дар ҳоли пешравӣ мебошад.

Дарсҳо аз рӯи ҳамаи фанҳо дар биноҳои махсуси муҷаҳҳазшуда бо таҷҳизоти мультимедиявӣ гузаронида мешаванд.

Омӯзиш дар шакли лексияҳо ва дарсҳои лабораторӣ/семинарӣ бо истифодаи усулҳои ҳозиразамони таълим ба роҳ монда шудаанд. Назорати кори мустақилонаи хонандагон доим дар мадди назари устодон қарор дорад. Усулҳои анъанавӣ (нишондодҳои методӣ, воситаҳои аенӣ, схемаҳо, маҷмӯаҳои тестҳо) ва усулҳои муосири таълимӣ-иттилоотӣ (лексияҳои мультимедиявӣ, дар формати PowerPoint, тестҳои компютерӣ, видеофилмҳо, ролики аниматсионӣ, захираҳои интерактивӣ дар Интернет, тренажер оид ба таҷҳизоти саноатӣ) ба роҳ монда шудаанд.

Назорати дониш дар шакли пурсишҳои шифоҳӣ ва хаттӣ, ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ, санҷиши компютерӣ гузаронида мешавад. Баҳои ҷамъбастӣ аз рӯи системаи ҷамъбастӣ, ки баҳои миёнаи муваффақияти донишҷӯ, натиҷаҳои супоридани коллоквиумҳо ва имтиҳонро дар бар мегирад, бо назардошти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ӯ дар кафедра ба амал бароварда мешавад.

Барои баланд бардоштани сифати лексияҳо ва гузаронидани дарсҳои амалӣ, ташриф овардан ба дарсҳо бо муҳокимаи минбаъдаи онҳо дар ҷаласаҳои кафедра амалӣ карда мешавад.

Дар соли 2022 омӯзгорони кафедра якҷоя бо кормандони "Маркази таҳия ва бақайдгирии воситаҳои доруворӣ" - и корхонаи "Фармленд" дар доираи курси "Технологияи саноатии воситаҳои доруворӣ" бо донишҷӯени курси 4 дарсҳо ташкил намуда гузаронидаанд. Дарс дар мавзӯи "Таҳияи шаклҳои сахти доруворӣ" дар заминаи корхона гузаронида шуд. Мутахассисони пешбари Марказ донишҷӯенро бо марҳилаҳои асосии сохтани шаклҳои сахти доруворӣ шинос карданд.Он – ҷустуҷӯи иттилоот, таҳияи таркиб, технологияи таёр намудан, усулҳои назорати сифат, гузаронидани озмоишҳо  in vivo ва in vitro ва бақайдгирии доруи тайерро дар бар мегирад. Дар кори гузаронидашуда алоқамандии фаъолияти маркетолог, технолог, химик-таҳлилгар, фармаколог ва бақайдгирандаи маводи доругӣ ба донишҷуён нишон дода шудааст. Донишҷӯён роҳи сохтани доруи навро дар марҳилаҳои таҳия – тасдиқ  ва трансфери он дар ин дарсҳои амалӣ  аз худ намуданд.

Дар лабораторияҳои технологӣ ва таҳлилӣ экскурсия гузаронида шуд. Донишҷӯен бо кори лабораторияҳо, таҷҳизоти истифодашуда ва принсипҳои кор, ассортименти маҳсулоти истеҳсолшуда шинос шуданд.

Ин машғулият ба онҳо имкон дод, ки робитаи байни фанҳои омӯхташударо бубинанд, донишҳои дар курсҳои таҳияи фармасевтӣ, технологияи саноатии доруҳо, химияи фармасевтӣ ва таҳлилӣ, усулҳои таҳлили хроматографӣ, маркетинг ва ғайраро ҷамъбаст ва мустаҳкам кунанд.

Чорабинии муштарак бо корхонаҳои дорусозӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи амалии корхонаҳо ба раванди таълим ворид карда шавад.

Кормандони кафедра мувофиқи нақша курсҳои такмили ихтисосро мегузаранд, дар конфронсҳои илмӣ-методӣ, вебинарҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо, дар кори ҷаласаи шӯрои факултети фармасевтӣ, комиссияи методии фанҳои фармасевтӣ ва комиссияи илмӣ-методӣ иштироки фаъолона мекунанд. Ин кор имкон медиҳад, ки пайваста ҷустуҷӯ ва таҳияи технологияҳо ва усулҳои нави инноватсионии таълим, озмоиши онҳо, интихоби вариантҳои самаранок ва ҷорӣ кардани онҳо ба раванди таълим амалӣ карда шавад.

Омӯзгорони кафедра аъзои комиссияи давлатии имтиҳонӣ ва фаннӣ оид ба қабули имтиҳони давлатӣ аз рӯи фанни "Технологияи дорусозӣ" мебошанд.

Кафедра давраҳои баланд бардоштани ихтисосро таҳия ва ташкил кардааст:

1."Технологияи фармасевтӣ" барои шахсони ваколатдори истеҳсолкунандаи воситаҳои дорувориӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  1. "Технологияи истеҳсоли шаклҳои дорувории мулоим" барои мутахассисони дорои маълумоти олии фармасевтӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти системаи тандурустӣ.

Таҳияҳои ояндадор

  1. Ҷорӣ намудани технологияҳои интерактивии таълим дар заминаи маркази таълимию иттилоотии кафедраи фармакология бо истифода аз воситаҳои мултимедиявии таълим, маводи аудио ва видео, захираҳои шабакаи Интернет.
  2. "Силлабус" - и электронӣ аз рӯи курси лексионии фан.
  3. "Лабораторияи виртуалии фармакология" барои омӯзиши таъсири фармакологии доруҳо, комбинатсияҳои онҳо ва қонуниятҳои вояи амал.

 

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДИИ КАФЕДРА

              Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти таълимӣ, кафедра доим ба коркарди дастурамалҳои илмӣ-методӣ барои ҳамаи факултетҳо машғул мебошад. Солҳои охир аз ҷониби кормандони кафедра курсҳои нави лексиҳо бо барномаҳои нави таълим дар заминаи маълумоти олии касбии- тиббӣ ба роҳ монда шудаанд. Барномаҳои нави таълимӣ бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, ба стандартҳои давлатии маълумоти олии касби кишвар мувофиқат мекунананд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот барои азхудкунии маводи таълимӣ, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, дарсҳои амалӣ ва нақшаҳои мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯенро тибқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти худ кафедра 7 барномаи таълимӣ (силлабус), матни лексияҳо оид ба фанҳои технологияи дорусозӣ, фармакогнозия, ТИФ, фармакология, фармакологияи клиникӣ ва таърихи фармасия барои донишҷӯени фармасевтӣ, тиббӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва факултетҳои кори иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ русӣ ва англисӣ омода намудааст. Дар кафедра барои ҳар як фан барои имтиҳонҳои фосилавӣ тест бо 300 савол ва барои имтиҳонҳои хотимавӣ тест бо 200 саволи имтиҳонӣ барои факултетҳои дар боло зикршуда омода карда шудааст.

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

Кафедра дар асоси нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, дар самти рушди иқтидори илмӣ, фаъолсозӣ ва баланд бардоштани ихтисос, ҷалби ҷавонони болаеқат ба соҳаи илм фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиб ва фарматсия,  бедор кардани фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи махсус, таҳкими назариявии дониш ва малакаҳои амалӣ, ки донишҷӯен ҳангоми омӯзиши фанҳои алоҳида ба даст овардаанд, инчунин бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 сентябри соли 2022 (таҳти № 04-477) “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи комплексии давлатии тайер кардани кадрҳои системаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ” дар давраи то соли 2030 дар кафедра бо фармони проректор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов А дар заминаи кафедра Клуби илмии “Шифобахш” таъсис дода шудааст. Фаъолияти клуби илмӣ аз рӯи нақшаи кории проректор оид ба илм ва инноватсия, аъзо-корреспонденти академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Ахмедов А.А ба роҳ монда шуда, мавзӯъҳо тасдиқ, муҳокима ва чорабиниҳо мунтазам гузаронида мешаванд.

Кормандони кафедра дар якҷоягӣ бо ширкатҳои фарматсевтии ватанӣ 7 номгуй маводи доругии дар заминаи моддаҳои фаъоли биологиро коркард намуда, онро ба истеҳсолот ворид намудаанд:

  1. Малҳами Маклуфер (ферула +маклюра), ООО " МЛМ-Фарм”
  2. Қиёми Псорален . ООО " МЛМ-Фарм”
  3. Маҳлули “йодак +ромашка +календула”. ООО”МЛМ-Фарм".
  4. Маҳлули “ йодак+цинк+аскорбинка” . ООО " МЛМ-Фарм”
  5. Шампунь "Идеал". ООО " МЛМ-Фарм”
  6. Крем”Сита". ООО " МЛМ-Фарм”
  7. Малҳами "Хитинидазол" ООО " Назар-Фарм”

Патент:

  1. Ҷамшедов Ҷ.Н. Патенти no Tj 1436).28.11.2023 Табобат барои мастити ҳайвонот.
  2. Шамсиддинов А. Холов С.Б., Аҳмадов А., Мусозода С. М., Мижгони Сорбон., Маҳсудов К.С., Раҳмонов А. У., Раҳимов И. Ф., Мусоев Р. С., Сайфуллоева М. Ҳ. Патенти no TJ 1376) дар мақбараи Ба номи" Таркиб барои табобати бемори узвхои ГГБ" аз 19 январи соли 2023.

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра буда, дар ҷараёни соатҳои таълимӣ, машғулиятҳои амалӣ, хондани лексияҳо амалӣ карда мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра аз рӯи нақшаи проректор Оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.п.Охунов Б.Х. ба мувофиқа ва тасдиқ карда шудаанд. Нақшаи фаолияти тарбиявии кафедра иштироки кормандони кафедраро дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ-маърифатӣ дар бар мегирад. Дар ин раванд фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида шуда, он ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги хонандагон, инчунин васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудааст.

Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯен дар бораи таълим, риояи интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ сӯҳбатҳо мегузаронанд.

Дар кафедраи "Технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хадамоти фармасевтӣ ва итилооти фармасевтӣ " тибқи нақшаи кории кафедра масъалаҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ мунтазам муҳокима карда мешаванд.

Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои зерин мунтазам гузаронида мешаванд: Татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Ҳамзамон дар синфхонаҳо муаллимон бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои “Мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб”, “Роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ” чорабиниҳои таблиғотӣ, сӯҳбатҳо ва вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ соатҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одобу ахлоқ, психологияи муошират, мафҳуми зебоӣ, ҷалби хонандагон ба ҷойҳои таърихии кишвар гузаронида мешаванд.

Абдурахмонов

Ҷамшедов Ҷамшед 

Вазифа: мудири кафедраи “Технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия,ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хизмати фармасевтӣ ва иттилооти фармасевтӣ”

 Унвон илмӣ: номзади илмҳои биологӣ

Ихтисос: провизор технолог

Teл:+992 93 505 63 30              E-mail:tajfarm@yandex.ru

Тошов

Давлатмамадова Мавлуда

Вазифа: аcсистент

Унвон илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

Ихтисос: химик технолог

Teл:+992 93 636 06 36         E-mail:d.mavluda-85@mail.ru

 

Абдурахмонов

Метарбодов Лочин

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: трапевт

Teл:+992 935 34 33 98           E-mail:lochin metarbodov@gmail.com     

Тошов

Холов Сафарали 

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: Фармасевт

Teл:+992 888149999                  E-mail:s_kholov_96v@mail.ru

Тошов

Зоҳидов Насибулло

Вазифа: аcсистент

Унвон илмӣ: 

Ихтисос: фармасевт

Teл:+992 939 12 01 20         E-mail:nasibullozohidov@gmail.com

 

Абдурахмонов

Cайбилоли  Сайҷалол

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: фармасевт

Teл:+992 90 426 09 98           E-mail:s.saijalol@gmail.com     

Тошов

Файзуллоев Шаҳром

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: Кардиолог

Teл:+992 00 766 96 69             E-mail:f.shahrom@icloud.com

 

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Ба рӯйхат