Кафедраи забонҳо


  • Сатторов Саидбек

    Давлатзода Моҳшариф

    - номзади 

    - Мудири кафедра

    Тел: +992 904086226

    Почтаи электронӣ: hakimjonsaidzoda@gmail.com

                                  

   

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

          Кафедраи забонҳо бо фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» аз 02.09.2020 таҳти №04-27 бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим, такмили фаъолияти таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замон, тибқи пайнавишти №1 Шурои олимон аз 31.08.2020 ва мутобиқи оинномаи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Кафедра    фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳо ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”  ба роҳ мондааст. Аз моҳи ноябри соли 2025  мудири кафедраи забонҳо Давлатзода Моҳшариф Олим – доктор (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302– Забоншиносии муқоисавӣ–таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) таъин гардид.

           Устодони кафедраи забонҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд то аз усулҳои навини таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ истифода баранд.  Омӯзгорони кафедра аз усулҳои пешрафтаи таълим самаранок истифода мебаранд. Дар кафедра 4 нафар номзади илм фаъолият мекунанд.

      Технологияи муосир. Бо беҳтар шудани шароити моддию техникии Донишкада омӯзгорони кафедраи забонҳо аксари дарсҳои худро бо истифода аз технологияи муосир (компютер, проектор ва тахтаҳои электронӣ) мегузаронанд. Дар баробари китобҳои асосии дарсӣ, истифодаи маводҳои иловагии таълимӣ, аз ҷумла маводҳои аудиоӣ ва видеоӣ, маҷмуи саволномаҳо барои худсанҷӣ, маводҳои тақсимшаванда ва презентатсияҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

  1. Омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ);
  2. Ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим (CBL – Case-Based Learning (Таълим бо мисол), TBL – Team-Based Learning (Таълим дар гурӯҳҳо));
  3. Таҳияи барномаҳои таълимӣ, силлабус ва маводи дарсӣ;
  4. Пажӯҳиш дар соҳаҳои забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ ва методикаи таълим;
  5. Нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ва иштирок дар конфронсҳо;
  6. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон;
  7. Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.

ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

Ҳайати кафедраи забонҳо  2 нафар (PhD) - Убайдуллоҳзода М. ва Давлатзода М., 1 нафар н.и.ф., дотсент - Ризоева Г., 1 нафар н.и.т. - Сафаров Р. фаъолият мекунанд. Дар  соли таҳсили 2025-2026 ҳайати кормандони кафедра – 14 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 8 нафар омӯзгори асосӣ - Нодиров А., Шодиева Л., Қурбонова Т., Муллоҷонова Ф., Хоҷаева Ш., Ғаниева М., Холиқзода М. ва Сафарзода Ф.; 3 нафар омӯзгори ҳамкори дохила  - Ризоева Г., Убайдуллоҳзода М. ва Аҳмадзода Ф., 3 нафар ҳамкори беруна – Сафаров Р., Назирова У. ва Аксаколов И. фаъолият доранд.             

КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

Кафедраи забонҳо вазифа дорад, ки дар сатҳи Донишкада таълим ва малакаи забондонии донишҷӯёнро инкишоф диҳад. Корҳои таълимӣ асосан ба чор самт тақсим мешаванд: дарсӣ, усулҳои омӯзиш, санҷиш ва тарбияи малакаҳои амалии забонӣ.

1) Диди умумӣ ва барномаҳои таълимӣ

  • Таҳияи силлабусҳо ва барномаҳои таълимӣ барои курсҳои забонҳои хориҷӣ ва тоҷикӣ.
  • Ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим (CBL, TBL, role-play, project-based learning).
  • Омода кардани маводи таълимӣ: китобҳо, презентатсияҳо, видео ва аудио.

2) Дарсҳои назариявӣ ва амалӣ

  • Дарсҳои назариявӣ: грамматика, луғат, фонетика ва услубшиносӣ.
  • Дарсҳои амалӣ: нутқ, шунавонӣ, хондан ва навиштан бо усулҳои интерактивӣ.
  • Гурӯҳбандии донишҷӯён барои рушди ҳамкории гурӯҳӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳо.

3) Санҷиш ва арзёбӣ

  • Омодасозӣ ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилӣ: саволнома, тест, презентатсия ва иштирок дар муҳокимаҳо.
  • Интегратсия кардани аудио, видео ва симулятсияҳо барои такмили малакаҳои шунавонӣ ва нутқ.

4)  Корҳои амалӣ

  • Таҳияи тарҷумаҳо ва таҳлили матнҳои воқеӣ (Case-Based Learning).
  • Иштирок дар маҳфилҳои назди кафедра барои амалигардонии малакаҳо.

          Дар кафедра донишҷӯёни курсҳои 1-уми ҳамаи факултетҳо аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ ва забони тоҷикӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Инчунин ба донишҷӯёни факултети “Тиббӣ-иҷтимоӣ” забони олмонӣ тадрис дода мешавад. Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

             Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир омӯзгорони кафедра барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯи лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯи кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 8 барномаи таълимӣ (силлабусҳо) барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва тиббӣ-иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Барои  ҳар як фан 300 адад тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикршуда, дар  кафедра омода шудааст. Аз тарафи кормандони кафедра дар соли таҳсилӣ 2025-2026 маҷмуи таълимӣ методӣ ва барномаи корӣ аз фанни забони давлатӣ барои гурӯҳои хориҷӣ омода карда шуд.

КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ

Кафедра  дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,  дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани  ҷавонони лаёқатманд   дар доираи илм фаъолият мебарад.

         Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, тиббӣ-иҷтимоӣ ва фарматсевт бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти № 148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 дар кафедра  аз 05.09. соли 2022 (таҳти №04-479а) бо фармоиши проректор оид ба илм ва инноватсия  Ахмедов А. маҳфили фаннии “Посдорон ва дӯстдорони забон, дар назди кафедраи “Забонҳо” таъсис дода шуд. Маҳфили фаннӣ аз рӯи нақшаи кории аз тарафи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.т., профессор Ахмедов А.А. тасдиқшуда, баргузор мегардад. 

      20-уми декабри соли 2022 дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бинои 10, ошёнаи 1, Маркази русӣ) олимпиада аз фаннӣ забони русӣ баргузор гардид, ки дар онҷо донишҷӯёни факултети тиббии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” фаъолона иштирок намуданд ва сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Ҳоҷиев Сарабек донишҷӯи курси якум сазовори ҷойи якум, Азимова Фирӯза донишҷӯи курси 2-юм, Қурбонова Латифа донишҷӯи курси якум сазовори ҷойи дуюм ва Қурбонова Ширинмоҳ донишҷӯи курси якум сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

     Аз  тарафи  омӯзгорони кафедра 2 адад монография ва 6-то дастури таълимӣ, 15 мақола ва 40 – то фишурда   дар  конфронсҳои байналмиллалӣ  ва ҷумҳуриявӣ  ва дар маҷаллаҳои КОА-и  ФР ва ҶТ ба чоп расидааст. 

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра буда,  дар соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳо амалӣ, хонишҳои сиёсӣ гузаронида мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.ф. (PhD), Убайдуллоҳзода М.А. тасдиқ карда шуда, пеш бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, дави миллӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ  дарбар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани уфуқ ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.

Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯён дар бораи тарбия ва риояи  интизом, реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишкада сӯҳбат мекунанд.

Дар кафедраи забонҳо тибқи нақшаи кории кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ, омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

 Маълумотнома оид ба кафедраи “Забонҳо” – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон

            Кафедраи забонҳо дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 02. 09. 2020 таҳти №04-27  ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.

    Кафедраи забонҳо дар ошёнаи панҷуми  МТҒ “Донишкадаи тиббӣ -  иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Дар кафедра 5-то ҳуҷраи таълимӣ ошёнаи 5-ум, 1 ҳуҷраи таълимӣ дар ошёнаи 4-ум ва 1 ҳуҷраи таълимӣ дар зербинои асосӣ  мавҷуд аст.

Омӯзгорон дар кафедра   барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ,  аз усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим истифода мебаранд. Барои бештар аз худ намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва доскаи электронӣ истифода мешаванд.

Ҳангоми машғулиятгузаронӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводҳои аудио-визуалӣ  васеъ истифода мебарад.

Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Кормандони кафедра                                         

Абдурахмонов

Давлатзода Моҳшариф

Вазифа: Мудири кафедраи фанҳои забонҳо

 Унвони илмӣ: 

Ихтисос:

Teл:+992         E-mail:

Абдурахмонов

Ризоева Гулнора Икромовна

Вазифа: муаллими калон

Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ

Ихтисос: филолог, омӯзгори забони англисӣ

Teл:+992                                                                             E-mail:

Тошов

Нодиров Аҳрор Асрорович

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос:омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик 

Teл:+992                           E-mail:

 nodirovahror2023@gmail.com

 

 

 

Тошов

Сафарзода Фараҳноз Ориф

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос: : омӯзгори забони англисӣ 

Teл:+992                           E-mail:farahnozsafarzade@gmail.com 

Тошов

Шодиева Латофат Абдуллоевна

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос: омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик

Teл:+992901300101         E-mail: shodievalatofat2@gmail.com

 

Тошов

Қурбонова Таҳмина Сафаралиевна

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ: 

Ихтисос:омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик

Teл:+992903666434     E-mail: qurbonovatahmina6@gmail.com

Тошов

Холиқзода Марҷона Абдулфайз

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос: 

Teл:+992                         E-mail: kholiqzodamarjona857@gmail.com 

 

Тошов

Хоҷаева Шукрона Муродалиевна

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос: 

Teл:+992                         E-mail:

Тошов

Аҳмадзода Фирдавси Ҳасан 

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос: омӯзгори забони англисӣ

Teл:+992501-04-42-51      E-mail: firdavsahmadov10@gmail.com

Ба рӯйхат