Кафедраи ҷароҳии умумӣ
|
Пулотов Камолҷон Ҷамоловичномзади илмҳои тибМудири кафедраE-mail:kamolendos@mail.ruТелефон: +992 938454509 |
Таърихи кафедра.
Аввалин маротиба дар заминаи собиқ ҶДММ “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе” дар асоси Низомномаи кафедраи таҳсилоти миёнаи касбии (коллеҷҳо) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон тибқи фасли 8, банди 65-и Оинномаи “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе”, бо фармоиши директор таҳти №04-119 аз 11-уми сентябри соли 2019 кафедраи «Фанҳои ҷарроҳӣ» ташкил дода шуд. Дар кафедраи мазкур фанҳои таълимии ба тахассуси ҷарроҳӣ алоқамандбуда муттаҳид карда шуда буданд.
Бо Қарори Шурои Олимони Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 26 январи соли 2022 ва тибқи “Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2017, №3/13) сохтори кафедраи «Фанҳои ҷарроҳӣ» мавриди таҷдид қарор дода шуда, бо фармоиши ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ ба кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ» табдил дода шуд.
Кафедраи “Ҷарроҳии умумӣ” сохтори асосии таълимию илмии донишкада ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотии кафедра ба самти асосии фаъолият ва нақшаҳои таълимии ихтисоси “Кори табобатӣ” ва “Стоматология”, ки омузонидани он аз ҷониби деканати факултетҳо мукаррар карда шудааст, мутобиқат менамояд.
Айни ҳол дар ҳайати кафедра 10 нафар омўзгорон, ки 4 нафари онҳо дороӣ дарача ва унвонҳои илмӣ мебошанд, фаъолият менамоянд. Мудири кафедраро Пулотов Камолҷон Ҷамолович, ки номзадии ӯ аз ҳисоби ҳайати профессорону омӯзгорон, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаи Шурои олимони донишкада ба мухлати 5 сол интихоб карда шудааст, роҳбарӣ менамояд.
Фаъолияти таълимӣ. Кафедра тибқи нақшаи таълимӣ вобаста ба фанҳои: “Ҷарроҳии умумӣ”. Бемориҳои ҷарроҳӣ”, “Амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ” (барои донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-уми ихтисосҳои “Кори табобатӣ” ва “Стоматология” “Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳӣ” “Бемориҳои чашм” (барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ) ва “Бемориҳои гушӯ гулӯю бинӣ” (барои донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси “Кори табобатӣ”) фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.
Таълим бо истифодаи низоми кредитӣ тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар шаклҳои зайл сурат мегирад: а) дарсҳои аудиторӣ (лексияҳо), дарсҳои амалӣ (семинарҳо); корҳои лабораторӣ. б) дарсҳои беруназсинфӣ мусоҳибаҳо (консултатсияҳо)-и фардӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омўзгор; в) назорати сатҳи донишандўзии донишҷўён: тафтиши иҷрои корҳои санҷишӣ; гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ; гузаронидани санҷишҳои тестӣ (дар шакли хаттӣ ё компютерӣ) аз бобҳои алоҳидаи фанҳои омўхташаванда; г) аттестатсияи ҷорӣ -имтиҳони тестии ҷамъбастӣ аз фанҳои алоҳида; д) аттестатсияи ниҳоии давлатӣ: имтиҳонҳои давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаҳои амалии донишҷўён, беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои тахассусии ҷарроҳӣ, 2 синфхонаи кафедра ба таври қабликлиникӣ ҷиҳозонида шудааст, ки инҳо:
- синфхонаи омўзиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Ёрии таъҷилии тиббӣ”;
- синфхонаи омўзиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Ҷарроҳии умумӣ”.
Айни ҳол синфхонаҳои омўзиши малакаҳои амалӣ бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла, мулуҳои машқдиҳандаи компютерӣ барои гузаронидани нафасдиҳии сунъии шушҳо ва масҳи номустақими дил дар калонсолон ва кўдакони навзод, мулўҳи электронӣ барои қастаразании шошадон ва ҳуқнагузорӣ, мулўҳ барои гузоштани трахеостомия (“коникотомия”), мулўҳҳои тақлидкорона (“имитирующие”) барои муайян кардани захмдоршавиҳо, сўхтагиҳо ва сармозадагиҳо, беморони яғйирдошта, мулўҳо барои нафасдиҳии сунъии шушҳо ва масҳи номустақими дил бо имконияти гузаронидани интубатсия дар кўдакони навзод ва дефибриллятсияи дил, мулуҳ барои нигоҳубини кўдаки навзод, мулўҳ барои гузаронидани тазриқҳои дохилимушакӣ ва дохиливаридӣ, мулўҳ барои нигоҳубини беморони носури сунъидошта (“колостома”), гузоштани зонд ба меъда ва шўстани меъда, мулўҳҳо барои гузоштани дарзи нахустин ба захми хунрав, мулўҳ барои гузоштани бандинаҳо ба қисми ампутатсионии даст ё пой, ҷабираҳои нақлиётӣ ба дастон ва пойҳо, гиребони гарданагӣ (“шейный воротник”) ҳангоми латхўрӣ ва шикастагиҳои қисми гардан.
Ҳамзамон, синфхонаи омўзиши малакаҳои ҷарроҳӣ бо олотҳои ҷарроҳӣ (зиёда аз 50 адад), электрокоагулятор, мизи ҷарроҳӣ, лампаи ҷарроҳӣ, стерилизатор ва биксҳо ҷиҳозонида шуда, ҳамаи онҳо коршоям буда, мавриди истифодабарии донишҷўёну омўзгорон қарор дорад.
Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо таъмин гардида, бо банерҳои мавзўӣ ҷиҳозонида шудааст. Роҳравҳои кафедра бошанд бо гўшаҳои дарсӣ ва банерҳо ороиш дода шудааст.
Заминаҳои клиникии кафедра
- Маркази клиникӣ-илмӣ-таълимии назди МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» (3 синфхонаи таълимӣ, омўзгорон Пулодов Ҷ., Холиков Х.Л.)
- Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ (1 синфхона, омўзгорон Ҳомидов А.В);
- МД «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» (2 синфхонаи дарсӣ, омўзгор Баҳодуров Ҷ.Т., Мирзоев Д.С.) маҳсуб меёбанд, ки дар он ҷо омўзгорони ҳамкор фаъолият доранд.
Дар маҷмўъ масоҳати умумии кафедра бо заминаҳои таълимиаш зиёда аз 1000 метри мураббаъро ташкил мекунад, ки ба ҳар як донишҷў аз 8 то 12 метри мураббаъ рост меояд (нишондиҳандаи мазкур ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд ва ҳатто барзиёд ҳам мебошад).
Фаъолияти тарбиявӣ. Кафедраи “Ҷарроҳии умумӣ” барои дар амал татбиқ намудани талаботҳои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми имкониятҳои маҷуда, аз ҷумла нерӯи зеҳнию эҷодии донишҷӯён ва омӯзгоронро сафарбар менамояд.
Аҳли кормандони кафедра оид ба иқдом ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои марбута ва Раёсати донишкада арзёбӣ мегарданд, нақша – чорабиниҳо таҳия намуда, мутобиқи он дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои тарбиявиро ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ омўзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷӯёнро иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад. Дар кафедра риояи «Дастурамали тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» таҳти назорат қарор дода шуда, баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён чораҳои зарурӣ меандешад.
Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба тарғибу ташвиқи муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ суҳбат гузаронида мешаванд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи муоширати байни омӯзгорону донишҷӯён, муошират бо беморон дар раванди машғулиятҳои амалӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси ахлоқи тиббӣ, пурзур намудани тарбияи пайвастаи маънавӣ ва ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Кафедра дар иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо, озмунҳо, ҳамоишҳои гузаронидани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор аст.
Ҳамасола дар кафедраи “Ҷарроҳии умумӣ” конференсияҳои омӯзгорону донишҷӯён баргузор мегардад, ки дастовардҳои устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар воситаҳои ахбори омма, сомона ва нашрияҳои даврии донишкада саҳмгузор мебошад.
Корҳои табобатию машваратӣ
Аз ҷониби ҷарроҳони кафедра (Пулодов Ҷ., Холиқов Х.Л.) амалиётҳои мураккаб гузаронида шуда, дар баробари ин навбатдории масъулро дар маркази клиникии назди донишкада ба уҳда доранд.
Аз ҷониби мудири кафедра корҳои ташхисиву табобатӣ дар МД Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бурда мешавад. Услубҳои нави табобат дар роҳҳои талхабарор усулҳои даруннигарии ретроградии холесистопанкреатографӣ (ЭРХПГ), папиллосфинктеротомия, стентгузории узвҳои ҳозима дар мавриди омосҳои бадсифат, услуби табобати эндоскопии ахалазияи сурхрӯда, бужкунонии сурхрӯда дар мавриди тангшавиҳои баъдисухтагӣ ва тангшавиҳо баъдигузоштани анастомоз, полипэктомия, боздоштани хунравӣ ҳангоми хунравӣ аз захми меъдаю рӯда (клипскунонии реши хунрави меъда, васеъшавии варидрагҳои сурхрўда ва ғ.) ба роҳ монда шудааст.
Дастовардҳои кафедра
ДАСТОВАРДҲО ДАР САМТИ ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ БЕМОРОН ДАР ДАВОМИ СОЛҲОИ 2022-23
- Услубҳои нави табобат дар роҳҳои талхабарор: даруннигарии ретроградии холесистопанкреатографӣ (ЭРХПГ) ва папиллосфинктеротомия ҳангоми санги мачрои роҳҳои талхагузар.
- Стентгузории узвҳои ҳозима дар мавриди омосҳои бадсифат
- Услуби табобати эндоскопии ахалазияи сурхрӯда (Пневмодилятатсияи халкамушаки кардиалӣ).
- Усули нави табобати сӯхтагиҳои кимиёвии сурхрӯда дар кӯдакон
- Бужкунонии сурхрӯда дар мавриди тангшавиҳои баъдисухтагӣ ва тангшавиҳо баъдигузоштани анастомоз
- Ба таври эндоскопӣ бурида гирифтани омосҳои калони рӯдаи ғафс.
Фаъолияти илмӣ
Дар кафедра 3 нафар унвонҷӯён кори илмӣ бурда истодаанд, аз ҷумла дар 2 рисолаи докторӣ ва 1 рисолаи номзади илми тиб. Дар асоси Қарори Шурои олимони Донишкада, Шурои байникафедравӣ таъсис дода шуда, низомнома ва ҳайати он тасдиқ гардид.
Айни ҳол кафедра доир ба мавзуи “Проблемаҳои муккамалсозии ташхис ва табобати бемориҳои ҷарроҳӣ ва ҳолатҳои ниҳоӣ дар калонсолон ва кӯдакон" корҳои ҷустуҷӯӣ бурда истодааст. Аз маркази миллии патентӣ маълумотнома №7065 аз 21 апрели соли 2022 оид ба гузаронидани ҷустуҷӯи мавзуи иттилоотӣ гирифта шуд.
Ҷадвали 1
Ном ва насаби унвонҷӯ |
Мавзуи илмӣ |
Ихтисос, рамз |
Кай тасдиқ гардид |
Яхшибекова Ш.Ҷ. |
“Нуқсонҳои инкишофи аноректалии дар кӯдакон (сабабҳо, ташхис, табобат ва тавонбахшӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) |
Ихтисоси: “ҷарроҳии кӯдакон”, рамзи 14.01.19 |
16.02.2021 дар Шурои байникафедравии Донишкадаи тиббиӣ-иҷтимоӣ |
Моёнова Ш. |
“Оптимизатсияи технологияи инноватсионӣ дар табобати нефролитизаи яктарафа дар кӯдакон” |
Ихтисоси: “ҷарроҳии кӯдакон”, рамзи 14.01.19 |
16.02.2021 дар Шурои байникафедравии Донишкадаи тиббиӣ-иҷтимоӣ |
Мирзоев Д. |
“Бемории Гиршпрунг дар кӯдакон (профилактика, ташхис, табобат, офиятбахшӣ ва сифати ҳаёт” |
Ихтисоси: “ҷарроҳии кӯдакон”, рамзи 14.01.19 |
16.02.2021 дар Шурои байникафедравии Донишкадаи тиббиӣ-иҷтимоӣ |
Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода бурда мешавад.
КОРҲОИ МЕТОДӢ
4 дастури таълимӣ – методӣ барои донишҷӯёни олии тиббии донишкада омода гардид.
- Маҷмуи таълимӣ-методӣ аз фанни ҷарроҳии умумӣ барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси «Кори табобатӣ» - 130 саҳ.
- Учебно-методический комплекс по дисциплине общей хирургии для студентов 3-го курса по специальности «Лечебное дело» 180 стр.
- Маҷмуи таълимӣ-методӣ аз фанни амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ барои донишӯўёни курси 2-юми ихтисоси «Стоматология» - 52 саҳ.
- Учебно-методический комплекс по дисциплине «Топографической анатомии и оперативной хирургии» для студентов 2-го курса по специальности «стоматология» - 48 стр.
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲО ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДАВОМИ СОЛИ 2022-23
- Конфронси минтақавии илмӣ-амалии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А. таҳти унвони “Роҳҳои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ш. Кӯлоб, 4 июни соли 2022. – 2 мақолаи илмӣ ва 1 маъруза пешниҳод гардид.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» дар мавзуи «Тибби иҷтимоӣ-самти нави рушди таълим, амалия ва илм (дастовард, мушкилот ва рушди он) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 28-29 октябри соли 2022 - 9 фишурда ба чоп расид.
- Якумин Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои АвруОсиё, шаҳри Душанбе, 21-22 октябри соли 2022 баргузор гардид.
- Конференсияи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Тибби муосир, анъанаҳо ва инноватсия», 25 ноябри соли 2022 – 2 мақолаи илмӣ ва 1 маърӯза.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии МДТ «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» дар мавзуи «Процесс институционального становления социальной работы в Республике Таджикистан: достижения, проблемы, и тенденции», 26 ноябри соли 2022. – 1 мақолаи илмӣ.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (солонаи III-юмин) дар мавзӯи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИББИ МУОСИР: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО» 16 декабри соли 2022. – 2 мақолаи илмӣ ва 1 маърӯза пешниҳод гардид.
- Конференсияи илмӣ –амалии МД пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон дар мавзӯи «Маъюбии кӯдакӣ – вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, 6 декабри соли 2022. – 2 мақолаи илмӣ ва 1 маърӯза пешниҳод гардид.
- Конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорону донишҷӯёни МҒТ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҷарроҳии кӯдакон: дурнамои рушди технологияи муосири ташхис, табобат ва тавонбахшӣ” 18 апрели соли 2023 баргузор гардид.
- X умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Масъалаҳои мубрами тиб» ва “IV мин Форум оил ба тандурустӣ ва сиёсати тандурустӣ”, 27-28 апрели соли 2023. ш.Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон -чопи 2 фишурдаи илмӣ ва 1 маърӯза.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии (IV-уми солона) таҳти унвони “ Масъалаҳои мубрами таҳсилот ва тибби муосир” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 70-солагии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А. 10 юни соли 2023 - чопи 2 фишурдаи илмӣ ва 1 маърӯза.
- Конференсияи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Илм ва инноватсия дар тиб», 28 апрели соли 2023– 5 фишурдаи илмӣ.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» «Масъалаҳои мубрами илми тибби клиникӣ ва иҷтимоӣ, роҳҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо иштироки коршиносони давлатҳои бурунмарзӣ), 22-23 сентябри соли 2023 - 8 фишурда ба чоп расид.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии (солонаи IV умин) Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи «СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2023 - 2 мақолаи илмӣ ва 1 маърӯза.
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии (солонаи 29-умин) МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзуи: “ Тамоюлоти муосири илм ва амалия дар соҳаи тандурустӣ” (27 октябри соли 2023) – 2 фишурдаи илмӣ.
- Конференсияи илмӣ-амалии (солонаи 71-умин) МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Инноватсия дар тиб: аз илм то амалия”, бо иштироки бурунмарзӣ 1 декабри соли 2023 – 2 фишурдаи илмӣ.
- XI-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Масъалаҳои мубрами тиб» ва “V мин Форум оил ба тандурустӣ ва сиёсати тандурустӣ”, 27-28 марти соли 2023. ш.Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон -чопи 2 фишурдаи илмӣ ва 1 маърӯза.
Хабарҳо:
- Конференсияи илмӣ-амалии (солонаи 71-умин) МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «ИННОВАТСИЯ ДАР ТИБ: АЗ ИЛМ ТО АМАЛИЯ”, бо иштироки бурунмарзӣ 1 декабри соли 2023
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии (солонаи IV умин) Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи «СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли
- XI умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИБ» ВА “V МИН ФОРУМ ОИЛ БА ТАНДУРУСТӢ ВА СИЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ”, 27-28 марти соли 2024. ш.Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон
КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
|
Пулотов Камолҷон Ҷамолович – мудири кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, табиби даруннигари дараҷаи олӣ, сармутахассиси гайривоҳидии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба даруннигарӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» (2021). Муаллифи зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, 3 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ, 4 китобҳои таълимӣ, ва 15 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. E-mail:kamolendos@mail.ruТел: +992 938454509
|
![]() |
Яхшибекова Шарофат Ҷафарқуловна – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи кўдаконаи дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ ва 5 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. Тел:+992935303994
|
![]() ![]() |
Баходуров Ҷура Тураевич - ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, дотсент, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи кўдаконаи дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муаллифи зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, 3 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ ва 12 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. Тел: +992937216066E-mail:jurabekbahodurov@gmail.com
|
![]() ![]() |
Ҳамроев Бахтиёр Муродуллоевич - ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ. Муаллифи зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 15 пешниҳодоти ратсионализаторӣ, 2 дастури таълимӣ ва 4 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ.
Тел:+992555443344E-mail:khamroev-2015@mail.ru |
![]() ![]() |
Мирзоев Довуд Саидназарович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи кўдаконаи дараҷаи олӣ. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ
Тел:+992918692996E-mail:dovudshoh73@mail.ru |
![]() ![]() |
Бобоев Баҳодур Ҷамшедович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), дорандаи мукофоти байналмиллалии Ордени «Роберт Кох» (Олмон, 2013) Муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ Тел:+992918888849E-mail:boda75@gmail.com |
![]() |
Табарзода Шарифамо - ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015). Бо мукофоти давлатии «Ордени Шафкат» (2014) сарфароз гардонида шудааст. Муаллифи зиёда 6 мақолаҳои илмӣ. тел:+992939220857 E-mail:umeda81@mail.ru
|
![]() ![]() |
Пулодов Ҷамолиддин Оқилович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби ҷарроҳи дараҷаи 1-ум. Муаллифи 10 мақолаҳои илмӣ, ва 1 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ.
тел:+992934143777 E-mail:dr.jamik8787@mail.ru
|
![]() ![]() |
Холиқов Хайрулло Лоиқович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби ҷарроҳ дараҷаи 1-ум. Муаллифи 8 мақолаҳои илмӣ ва 1 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. тел:+992918563291 E-mail:khayrullo1982@mail.ru |
![]() ![]() |
Ниёзов Олим Махмадзокирович – хатмкунандаи Донишгоҳи Федералии шаҳри Қазони ФР, донишкадаи тибби фундаменталӣ ва биология (2021). Ординатураи клиникӣ солҳои 2021-2023 дар Донишгоҳи Федералии шаҳри Қазони ФР, донишкадаи тибби фундаменталӣ ва биология. Аз моҳи октябри соли 2023 ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби ҷарроҳ тел:+992971259696 E-mail:olimniyzov704@gmail.com
|
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра