Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика
|
|
Базаров Шарифҷон ЭмомовичУнвони илми- докторӣ илмҳои кишоварзӣМудири кафедраE-mail: Sharifjon.65@mail.ru
Телефон:+992 901215510
|
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи “Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022 № 04-33 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст. То ин сана кафедра дар ҳайати коллеҷӣ тиббӣ чун кафедраи «Биология ва фармокогнозия» фаъолият мекард. Аз сентябри соли 2024 ба иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра доктори илмҳои кишоварзӣ дотсент Бозоров Ш.Э таъин шудааст. Кафедра фаъолияти худро тибқи нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарорҳои Шурои олимон, Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогии соҳаи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетики мебошад.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА”
- Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар равияи фанҳои биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
- Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.
- Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.
- Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
- Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.
- Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
- Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.
ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ “БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА”
Дар кафедра 1 доктори илмҳои кишоварзӣ дотсент Бозоров Ш.Э. кор ва фаъолият мекунанд Дар соли таҳсили 2025 ҳайати кормандони кафедра – 4 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо омӯзгорони асосӣ- Раҳмондодова Ҳ.М., Давлатова Т.Х., мебошад. Давронова М.А., Нурализода М.Н.,
КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
Таълими биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика метавонад, ки дар корманди тиббии оянда дониши асосҳои биологиро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Мавзуи асосҳои биологияи тиббӣ ва вазифаҳои он, мундариҷаи самти пешгирикунандаи тандурустӣ, зарурат ва мақсаднокии амалии чорабиниҳои васеъ дар мамлакати мо оид ба таъмини некӯаҳволии санитарӣ ва эпидемиологии аҳолиро ошкор мекунад. Он масъалаҳои асосии биологияи тиббӣ ва генетикаи хусусиро дар бар мегирад. Дар бахши биологияи тиббӣ масъалаҳои мубрами муҳити зист ва генетикаи инсон ба шумор меравад. Масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва техникаи бехатарии кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷойгоҳи махсус доранд.
Дар кафедра донишҷӯёни курсҳои 1 факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети кори иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ аз фанни биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми факултетҳои психологияи тиббӣ аз фанни генекаи тиббӣ таҳсил мекунанд. Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кафедра инчунин дарси ботаника барои курсҳои 1 ва 2 -юми факултети фарматсевтӣ ба роҳ монда шудааст.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1- ум факултетҳои тиббӣ, бакалаврҳо, ки асосҳои асосии таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд.
Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзуи лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзуи кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд.
Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 4 китоби дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанҳои “Биологияи тиббӣ, генетикаи тиббӣ ва ботаника” ва барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ ва стоматологӣ, инчунин бакалаврҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Аз рӯи ҳар як фан 500 тестҳои имтиҳонӣ ва 500 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ дар кафедра омода шудааст.
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар доираи илм фаъолият мебарад.
Тибқи қарори ҷаласаи Шурои олимони МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 31.05 соли 2023 (протоколи № 11/3-2) . Мавзуи илмии кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи донишкада “Ҳолат ва паҳншавии гиҷҷаҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳо оид ба паст намудани сатҳи он” тасдиқ карда шудааст. Нақша чорабиниҳо нисбати амалӣ намудани мавзуи илмии кафедра таҳия намуда дар раванди он дар самти тайёр кардани мутахассисон, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм, инчунин аз рӯйи қобиляти эҷодии донишҷӯён, аспирантон, докторантон ва ташаккули мавқеъи шаҳарвандии онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра маҳфили илмии фаннӣ “Табиат ва мо” таъсис дода шуда, моҳи апрели соли 2023 як маҳфили фаннӣ дар мавзуи “ Об ҳамчун омили зиндагӣ” бо баромади донишҷӯёни пешқадам гузаронида шуд. Инчунин дар кафедра тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедра вобаста ба пазируфтани пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва дар моҳи март “Аскаридоз дар байни донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар доираи кафедра конференсияи донишҷӯён ва омӯзгорон бахшида ба касалиҳои киҷҷа гузаронида шуд ва фишурдаҳои он дар маҷаллаи “Паёми донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз чоп баромад.
Аз тарафи омӯзгорони кафедраи “Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика” дар чор соли фаъолияти кафедра як монография, 30 фишурда ва 14 мақола дар конфронсҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва дар маҷаллаҳои КОА ба чоп расидааст.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра мебошад, ки ҳангоми хондани лексияҳо, гузаронидани машғулиятҳо амалӣ карда мешавад. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи корҳои тарбиявӣ, ки аз ҷониби проректор оид ба тарбия Убайдуллозода М.А мувофиқа ва тасдиқ карда шудааст, Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ санаҳои ҷисмонӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ дарбар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани уфуқ ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.
Дар кафедраи “ Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика” тибқи нақшаи кори кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ зиёда аз масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида шуданд.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
