Кафедраи тибби оилавӣ


Мағзумова Фирӯза Пӯлодовна    

      Мудири кафедра

      Номзади илмҳои тиб      

Телефон:+992 933153473

E-mail:fmagumova@mail.ru

 

Таърихи кафедра

Кафедраи тиббӣ оилавӣ аз 26 январи соли 2022, тибқи “Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2017, №3/13) бо фармоиши ректори МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ Тоҷикистон"  таъсис дода шуд. 

Кафедраи тибби оилавӣ сохтори асосии таълимию илмии донишкада ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ба роҳ мондааст. 

Фаъолияти таълимӣ

Кафедра тибқи нақшаи таълимӣ вобаста ба фанҳои: тибби оилавӣ, беҳдошти иҷтимоӣ,  профпатология ва ташхиси нурӣ барои донишҷўёни курсҳои 3 ва 4-уми ихтисосҳои кори табобатӣ ва стоматология фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.

Таълим бо истифодаи низоми кредитӣ тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар шаклҳои зайл сурат мегирад:  дарсҳои аудиторӣ (лексияҳо), дарсҳои амалӣ (семинарҳо), корҳои лабораторӣ, дарсҳои берун аз синфӣ мусоҳибаҳо (консултатсияҳо)-и фардӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омўзгор, назорати сатҳи донишандўзии донишҷўён, тафтиши иҷрои корҳои санҷишӣ; гузаронидани санҷишҳои фосилавӣ.

       Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаҳои амалии донишҷўён, беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои тахассусии тибби оилавӣ, беҳдоштии иҷтимоӣ, профпатология ва ташхис ва табобати нурӣ 4 синфхонаҳои кафедра ба таври қабликлиникӣ ҷиҳозонида  шудааст, ки инҳо:

  • синфхонаи омўзиши малакаҳои амалӣ аз фанни тибби оилавӣ;
  • синфхонаи омўзиши малакаҳои амалӣ аз фанни беҳдоши иҷтимоӣ;
  • синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни профпатология;
  • синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни ташхиси нурӣ.

Айни ҳол синфхонаҳои омўзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии фанҳои тахассусӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои малакаҳои амалӣ гузаштан бевосита бо беморони гуногуни сатҳи амбулаторӣ, ки вобаста карда шудааст гузаронида мешаванд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар кафедраи тибби оилавӣ аз тарихи рушди тибби оилавӣ, ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, хусусиятҳои тибби оилавӣ, пешгирии бемориҳо, корҳои санитариву маърифатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба тиб, назорати диспансерӣ, ҳуҷҷатнигории тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ташхис ва ташхисҳои симптому синдромҳое, ки дар кори табиби оилавӣ бештар вомехӯранд, инчунин бемориҳои шадиду музмине, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи табиби оилавӣ дучор мегарданд, бархурдор мешаванд.

Фаъолияти тарбиявӣ

Кафедраи тибби оилавӣт барои дар амал татбиқ намудани талаботҳои «Консепсияимиллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми имкониятҳои маҷуда, аз ҷумла нерўи зеҳнию эҷодии донишҷўён ва омўзгоронро сафарбар менамояд.

Аҳли кормандони кафедра оид ба иқдом ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои марбута ва Раёсати донишкада арзёбӣ мегарданд, нақша – чорабиниҳо таҳия намуда, мутобиқи он дар байни омўзгорон ва донишҷўён корҳои тарбиявиро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурўҳҳои академӣ омўзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷўро иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад.  Дар кафедра риояи «Дастурамали тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» таҳти назорат қарор дода шуда, баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷўён чораҳои зарурӣ  меандешад.

Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурўҳҳои дарсӣ омўзгорон бо донишҷўён оид ба тарғибу ташвиқи муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ сўҳбат гузаронида мешаванд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи муоширати байни омўзгорону донишҷўён, муошират бо беморон дар раванди машғулиятҳои амалӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси ахлоқи тиббӣ, пурзур намудани тарбияи пайвастаи маънавӣ ва ҳуқуқӣ дар байни донишҷўён суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Кафедра дар иштироки донишҷўён дар чорабиниҳо, озмунҳо, ҳамоишҳои гузаронидани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор аст.

Кафедраи тибби оилавӣ дар гузаронидани конференсияҳои омўзгорону донишҷўён, ки ҳамасола дар Мауссиса баргузор мегардад, ки дастовардҳои устодону донишҷўён мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифта мешаванд, дар воситаҳои ахбори омма, сомона ва нашрияҳои даврии донишкада саҳмгузор хоҳанд шуд.

Фаъолияти илмӣ

Кафедра дар якҷоягӣ бо МД “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” бо ду унвонҷӯи ғоибона дар мавзӯҳои “Ҳамбастагии расонидани хизматрасонидани табобатию пешгирии сирояти ВМНО/БПНМ дар шабакаҳои муассисаҳои КАТС” ва “Илман асоснок намудани рушди тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар муассисаҳои тиббию профилактикии Ҷ.Т.” фаъолияти илмӣ бурда истодааст.

                                                                                 КОРҲОИ МЕТОДӢ

3 дастури таълимӣ – методӣ барои донишҷўёни олии тиббии донишкада омода гардида истодааст. 

  1. Интерактивный метод обучения специалистов семейной медицины (Усули интерактивии таълимии мутахассисони тибби оилавӣ бо усули “OSKE”) – OSKE – таълими методӣ;
  2. Омода намудани силабусҳои дарсӣ: оид ба тибби оилавӣ, беҳдошти иҷтимоӣ , бемориҳои касбӣ ва табобати нурӣ, барои донишҷӯёни курси 3 ва 4-и кори табобатӣ ва стоматология.

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Кормандони кафедра                                         

Абдурахмонов

Мағзумова Фирӯза Пӯлодовна

Вазифа: и.в.мудири кафедраи тибби оилавӣ

 Унвони илмӣ: номзади илмњои тиб

Ихтисос: 

Teл:+992 933153473                              E-mail:fmagumova@mail.ru

Тошов

Маҳмудова Рухсора Илёсовна 

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ: 

Ихтисос: табиби бемориҳои даруна

Teл:+9929354989989          E-mail:dr_ruhsora@mai.ru

Абдурахмонов

Табаров Илҳом Темурович 

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ: 

Ихтисос: табиби ҷарроҳи умумӣ

Teл:+992                       E-mail:tabarovilhomjon260@gmail.com

Тошов

Бобоназаров Эргаш Холматович

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос:

Teл:+992902706740    E-mail:dr-bobonazarov@mail.ru

Тошов

Шодихон Джамшед

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ:

Ихтисос: : 

Teл:+992905905501                           E-mail:sh.jamshed@yahoo.com

 

 

Ба рӯйхат