Кафедраи сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
|
Аламхон АхмедовМудири кафедра корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот соли 2011 (Англия), аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Телефон:+992 988 00 16 41E-mail: alamkhon.01021951@gmail.com |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Сараввал кафедраи номбурда кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, омори тиббӣ, таърихи тиб бо курси кори ҳамширагии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, номгузори шуда буд.
Дар рафти ҷаласаи Шурои олимони донишкада, 31 майи соли 2023 (протоколи №11/1) баргузор гардида, пешниҳод карда шуд, ки номгўи кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, омори тиббӣ, таърихи тиб бо курси кори ҳамширагӣ ба “Кафедраи сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, омори тиббӣ бо курси таърихи тиб” (кафедра общественного здоровья и здравоохранения, медицинской статистики с курсом истории медицины) иваз карда шавад, ки он тибқи банди 1 фармоиши донишкада аз 01.06 соли 2023 (№13) иваз карда шуд.
Дар асоси протоколи ҷаласаи комиссияи интихоботи аз 30.08 соли 2023 (№2) “Оид ба натиҷаи гузаронидани ҳисоби овоздиҳии пинҳонӣ” барои интихоби ҷойи холии вазифаи мудири кафедраи сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, омори тиббӣ бо курси таърихи тибби МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор А. Ахмедов ба вазифаи мудири кафедраи сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, омори тиббӣ бо курси таърихи тибби МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 30.08 соли 2023 то 30.08 соли 2028 ба мўҳлати 5 сол таъин карда шуданд.
Тибқи зербанди 2.1. қарори ҷаласаи раёсати Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 17.10 соли 2022 №2/2 дар самти рушди потенсиали кадрӣ, ба кор ҷалб кардани кадрҳои болаёқати таҷрибадор ва соҳибдараҷаи илмӣ тадбирҳои лозими андешида илмнокии кафедра бояд ба 60% расонида шавад.
Айни замон дар кафедра 3,02 адад воҳиди кори ҷудо карда шудааст: 1,0 воҳиди корӣ - мудири кафедра узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор А. Ахмедов, 1,0 воҳиди корӣ - и.в. ассистенти кафедра Тошов А.Ҳ. ва 1,02 воҳиди кории дигари онро ҳамкорони дарунӣ ва берунӣ ишҒол намуданд.
Фанни мазкур ба рушди сиёсати иҷтимоии ҷомеа ва давлат, барномаҳои иҷтимоии қабулшуда мувофиқат мекунад. Ин низом, аз дигар фанҳо дида бештар ба ҳалли ин вазифаҳо сафабар карда шудааст. Он аслан илми стратегӣ ва тактикии нигахдории тандурустӣ буда дар асоси таҳқиқотҳо оид ба тандурустии чамъиятӣ пешниходхои ташкилию тибби ва ичтимоиро тахия менамояд, ки ба баланд бардоштани сатхи саломатии аҳолӣ ва сифати кумаки тиббӣ нигаронида шудаанд.
Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ бо мақсади таҳияи пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки стратегӣ ва тактикӣ оид ба ҳифз ва баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолӣ ва ташкили кўмаки тиббию иҷтимоӣ қонуниятҳои сиҳатии ҷомеа ва тандурустиро меомӯзад. Дар фарқият аз аксари фанҳои тиббӣ ва пеш аз ҳама, аз фанҳои клиникӣ дар он аст, ки фанҳои клиникӣ ба саломатии шахси алоҳида дахл дошта бошад, фанни мо ба саломатӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа, гурӯҳҳои одамони алоҳида, аҳолӣ, яъне ба мушкилиҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ бевосита нигаронида шуда, тариқи пул байни тиб ва фанҳои ичтимоӣ, хусусан ҷамъиятшиносӣ хизмат мекунад.
Вай диққати худро ба проблемахои иҷтимоии дар тиб буда, яъне солимгардонӣ, инчунин омўзиши таъсири номусоиди омилҳо ва шароити иҷтимоиро ба саломатии аҳолӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи он нигаронида, барои бартараф ва пешгирии таъсири шароитҳои иҷтимоӣ ва омилҳои ба саломатии одамон зараровар, тавсияҳои илмии асоснок таҳия менамояд, оид ба манфиатҳои муҳофизат ва баланд бардоштани дараҷаи саломатии аҳолӣ тадбирҳо меандешад. Проблема ва вазифаҳои асосии фанни мазкур аз: барқароршавии саломатӣ; таъсири мусбат ва манфии шароит ва омилҳои иҷтимоӣ; сиҳати ҷомеа ва тандурустӣ, беҳтар намудани онҳо, - иборат мебошад.
Ҳамин тариқ илми мо қонуниятҳои саломатии аҳолӣ ва тандурустиро меомӯзад. Ҳоло чунин сохтори зерини фанни таҳқиқоти илмӣ ва таълимӣ амалӣ карда шуда истодааст:
- Таърихи соҳаи тандурустӣ;
- Проблемахои назариявии нигахдории тандурустй ва тиб;
- Шароит ва тарзи зиндагонии аҳолӣ;
- Санология (валеология);
- Мушкилоти гигиенаи иҷтимоӣ;
- Назарияҳо ва консентратсияи умумӣ дар тиб ва тандурустӣ.
- Вазъияти тандурустии ҷамъиятӣ ва усулхои омузиши он. Омори тиббӣ (санитарӣ).
- Проблемаҳои кӯмаки иҷтимоӣ. Суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббӣ.
- Ташкили кӯмаки тиббӣ ба ахолӣ.
- Иктисодиёт, лоиҳакашӣ, маблаггузорй, нигахдории тандурустй.
- Тибби суғуртавӣ;
- Идоракунии тандурустӣ.
- Тандурустӣ дар хориҷа; фаъолияти ТУТ ва дигар ташкилотхои байналмилалии тиббӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра
- Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
- Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.
- Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конференсияву семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
- Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
- Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.
- Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
- Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, новобаста аз сарчашмаи маблағгузорӣ.
Корҳои таълимии кафедра
Кафедра барои донишҷӯёни факултети тиббӣ, стомотологӣ, психологӣ ва тиббӣ- иҷтимоӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд. Таълим аз рӯи нақшаи таълимӣ ба амал бароварда шуда, дар асоси хусусиятҳои ҳар як факултет ва хусусиятҳои мутахассисони оянда ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳар як синфхона бо компютер муҷаҳҳаз буда, дар рафти дарс омӯзгорон аз усулҳои мултимедӣ ҳамчун воситаи аёнӣ истифода мебаранд. Дар машғулиятҳои амалӣ омӯзгорон аз аёниятҳо дар шакли овезаҳо ва тестҳо истифода мебаранд.
Дар раванди таълим усулҳои зерин истифода мешаванд
- усулҳои интерактивии таълим
- тамошои филмҳо ва бозиҳои нақшӣ бо муҳокимаи минбаъдаи онҳо
- кори мустақилона
Кафедра бо маҳфили илмии донишҷӯён – «Ворисони Сино» кори пайваста ба роҳ мондааст (Фармони ректори МТҒ "Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон” Ибодзода З.Ҳ. аз 31.03.2022 № 148). Дар доираи ин маҳфил ҳамасола канфренсияҳои донишҷӯён, викторинаҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.
Фаъолияти таълимӣ-методӣ
Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ таҳия гардидаанд, нашр карда шудааст. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанни омори тиббӣ, демография, таърихи тиб барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва тиббӣ- иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ омода карда шудаанд.
Корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар доираи илм фаъолият мебарад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, тиббӣ-иҷтимоӣ ва бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти № 148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, ба роҳ монда шудааст.
Корҳои тарбиявӣ
Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи кори тарбиявӣ, ки аз ҷониби проректор оид ба корҳои тарбия Охунов Б.Х. ба мувофиқа расонида шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Нақшаи корҳои тарбиявии кафедра дар асоси талаботи «Консепсияи миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 94) тартиб дода шудааст. Фаъолияти тарбиявӣ ба баланд бардоштани савияи дониш ва маданияти донишҷӯён нигаронида шудааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи муоширати омӯзгорону донишҷӯён, муошират бо беморон ҳангоми таҷрибаомӯзӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси одоби тиббӣ, пурзӯр намудани тарбияи пайвастаи ахлоқию ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён фаҳмондадиҳи гузаронида мешаванд. Кафедра корҳои тарбиявиро дар асоси талаботи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Кафедраи сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, омори тиббӣ бо курси таърихи тибби донишкада дар ошёнаи якуми МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Дар кафедра 3-то ҳуҷраи таълимӣ, 1-то толори лексионӣ мавҷуд аст. Ҳама ҳуҷраҳои таълимӣ бо банерҳо ва аёниятҳои дидактикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Кафедра дорои 2- то доскаи электронӣ ва 3-то мултимедиа бо экрани ҷамъшаванда мебошад.
Омӯзгорон дар кафедра барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ, аз услубу усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим истифода мебаранд. Барои бештар азхуд намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва доскаи электронӣ истифода мешаванд. Ҳангоми машғулиятгузорӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводҳои аудио-визуалӣ васеъ истифода мебарад.
Дар кафедра ҳоло 3 барномаи нави таълимӣ (силлабус), аз фанни “Асосҳои демография” , “Таърихи тиб” ва аз фанни “Омори тиббӣ” омода карда шуд, ки аз тарафи профессори кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиббби МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Раҷабзода С.Р. ва аз тарафи сардори Раёсати ислоҳот ва КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Бандаев И.С.
Дар айни замон барномаи кории (силлабус) аз фанни “Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ”-и ба кор бурдашуда истодаро аз сари нав мавриди баррасӣ қарор дода барномаи мукаммали муосир таҳия карда шуда истодааст. Ҳоло бошад дар кафедраи мазкур лекцияҳо ва кори таҷрибавӣ аз фанҳои номбурда бо 2 забон ( бо забони тоҷикӣ ва бо забони русӣ) бурда шуда истодаанд.
Дар кафедра барои босамар гузаронидани машғулиятҳо бештар бо истифодабарӣ аз технологияҳои муосири таълимӣ педагогӣ, дидактикӣ амалӣ мегардад ва ба машғулиятҳои амалӣ диққати бештар дода мешавад. Маъмурияти донишкада барои фаъолияти кафедра аз ошёнаи якуми бинои асосии донишкада 3 ҳуҷра ҷудо карда аст. Ҳоло бошад ҷараёни таълимии онҳо ба аёниятҳои таълимӣ ҷиҳозонида шуда истодаанд. Кори маҳфили илмии “Ворисони Сино” дар як низоми муайян ба роҳ монда шудааст.
Фарқияти методологии ин фан аз дигар фанҳо дар васеъ ва гуногунии усул ва усулҳои на танҳо худаш буда, балки аз дигар илмҳо ва соҳаҳои дониш, асосан аз ҷомеашиносӣ, омори математикӣ, эпидемиология, психологияи иҷтимоӣ, фанҳои иқтисодӣ, илми идоракунй, информатика ва дигар илмхои тиб васеъ истифода мебарад. Фанни мо дар чорроҳаи илмҳои тиб ва ҷомеашиносӣ ташкил карда шуда аст.
Фанни мазкур мавзуъ, объекти таҳқиқот ва омузиши ба худ хос (сиҳатии ҷомеа ва нигахдории тандурустӣ) ва мачмуи усулу равишхоро дорад, ки бешубха ба талаботи муосир ва меъёрхои муайян кардани он хамчун илм ва предмети мустақили таълими чавобгӯ мебошад.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра