Кафедраи cтоматологияи ортопедӣ


Бо Қарори Шӯрои Олимони Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Кафедраи “Стоматологияи Оортопедӣ”, яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи январи 2022 ташкил шудааст (Фармон№04-28 аз 27 январи соли 2022).

Кафедраи “Стоматологияи ортопедӣ” дар ошёнаи 2-юми  “Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ”-и   назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”  ҷой гирифтааст.

Кафедраи “Стоматологияи ортопедӣ” сохтори асосии таълимию илмии донишкада ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотии  кафедра ба самти асосии фаъолият ва нақшаҳои таълимии ихтисоси “Стоматология”, “Кори табобатӣ” ва ки омӯзонидани  он аз ҷониби деканати факултетҳо муқаррар карда шудааст, мутобиқат менамояд.

Вазифаҳои асосии кафедра

-баланд бардоштани савияи дониши донишӯён;

-гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар соҳаи пешгирии бемориҳои стоматологӣ.

-ҷорӣ намудани усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ дар асоси технологияҳои муосири тиббӣ.

-тайёр намудани мутахассисони баландихтисос;

-тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;

-тайёр намудани дастурҳои методӣ, дарсӣ ва дастурамалҳо барои машғулиятҳои амалии донишҷуён ва муаллимон;

-ба амал баровардани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ оид ба таъмини ёрии тиббӣ, бехатарии фаъолияти тиббӣ, бехатарии кормандон ва беморон, пешгирии пахншавии сироятҳои беморхонаҳо.

-такмил додани шаклу усулхои ташкилии кори кафедра, ки ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии протсеси ташхису табобат нигаронида шудааст.

-корҳои таълимӣ дар кафедра аз рӯи нақшаи тасдиқкардаи шуъбаи таълим ба роҳ монда шуда, қариб ҳама лексияҳо ва дарсҳои амалӣ бо тариқи презентатсия, яъне бо истифода аз компютер, проектор ва доскаи электронӣ гузаронида мешаванд). Дар кафедра ҳуҷраи фантомӣ бо ҳама маводҳои ҳозиразамон фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад.

-иҷрои корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои зерин бурда шуд:   Пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ; Оиди ҳолати омузиши забонoҳои хориҷӣ.  Оиди конститутсияи ҶТ ва аҳамияти он барои тинҷию оромӣ ва пешрафти ҷомеаи имрӯза.

Айни ҳол дар ҳайати кафедра 6 нафар омўзгорон, ки  фаъолият менамоянд. Мудири кафедраро Одинаев Илҳом Исломиддинович, роҳбарӣ менамояд.

Фаъолияти таълимӣ.

Кафедра тибқи нақшаи таълимӣ вобаста ба фанҳои: “Стоматологияи ортопедӣ”, “Стоматологияи масолеҳшиносӣ” “Стоматология” (барои донишҷўёни курси 2-юм ва 3-юми (факултети стоматология)  фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.

Таълим бо истифодаи низоми кредитӣ тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар шаклҳои зайл сурат мегирад: а) дарсҳои аудиторӣ (лексияҳо), дарсҳои амалӣ (семинарҳо); корҳои лабораторӣ. б) дарсҳои беруназсинфӣ мусоҳибаҳо (консултатсияҳо)-и фардӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омўзгор; в) назорати сатҳи донишандўзии донишҷўён: тафтиши иҷрои корҳои санҷишӣ; гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ; гузаронидани санҷишҳои тестӣ (дар шакли хаттӣ ё компютерӣ) аз бобҳои алоҳидаи фанҳои омўхташаванда; г) аттестатсияи ҷорӣ -имтиҳони тестии ҷамъбастӣ аз фанҳои алоҳида; д) аттестатсияи ниҳоии давлатӣ: имтиҳонҳои давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ.

          Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаҳои амалии донишҷўён, беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои тахассусии стоматологӣ, 4 синфхонаи кафедра ба таври қабликлиникӣ ҷиҳозонида  шудааст, ки инҳо:

Айни ҳол синфхонаҳои омӯзиши малакаҳои амалӣ бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла, мулуҳои ва маводҳои стоматологӣ. Дар кафедра ҳамагӣ 2-дастгоҳи универсалии стоматологӣ барои табобати беморон ва малакаҳои амалӣ ба истифода дода шудааст.

       Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо таъмин гардида,  бо банерҳои мавзӯӣ ҷиҳозонида шудааст. Роҳравҳои кафедра бошанд бо гӯшаҳои дарсӣ ва банерҳо ороиш дода шудааст.

Заминаҳои клиникии кафедра

  • Маркази клиникӣ-илмӣ-таълимии назди МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» (2 синфхонаи таълимӣ, омўзгорон Одинаев И.И,  Изатуллоева Н)
  • Корхонаи воҳиди давлатии “Дармонгоҳи стоматологӣ” (2-синфхонаи таълимӣ, омӯзгорон Расулов Маҳмадшариф, Маҳмудова Фарангис,)
  • Пажӯишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй (1-синфхонаи таълимӣ, омӯзгорон Маҳмадҷонов Сулаймон.
  • Дармонгоҳи шаҳрии № 9 Амонзода Эҷод.

        Бо заминаҳои таълимиаш зиёда аз 1000 метри мураббаъро  ташкил мекунад, ки ба ҳар як донишҷў аз 8 то 12 метри мураббаъ рост меояд (нишондиҳандаи мазкур ба меъёрҳои  муайянкунандаи мақоми муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд ва ҳатто барзиёд ҳам мебошад).

Фаъолияти тарбиявӣ

Кафедраи “Стоматологияи ортопедӣ” барои дар амал татбиқ намудани талаботҳои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми имкониятҳои маҷуда, аз ҷумла нерӯи зеҳнию эҷодии донишҷӯён ва омӯзгоронро сафарбар  менамояд.

Аҳли кормандони кафедра оид ба иқдом ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои марбута ва Раёсати донишкада арзёбӣ мегарданд, нақша – чорабиниҳо таҳия намуда, мутобиқи он дар байни омўзгорон ва донишҷўён корҳои тарбиявиро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурўҳҳои академӣ омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷўро иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад.  Дар кафедра риояи «Дастурамали тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» таҳти назорат қарор дода шуда, баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷўён чораҳои зарурӣ  меандешад.

Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба тарғибу ташвиқи муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ сўҳбат гузаронида мешаванд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи муоширати байни омўзгорону донишҷўён, муошират бо беморон дар раванди машғулиятҳои амалӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси ахлоқи тиббӣ, пурзур намудани тарбияи пайвастаи маънавӣ ва ҳуқуқӣ дар байни донишҷўён суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Кафедра дар иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо, озмунҳо, ҳамоишҳои гузаронидани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор аст.

Ҳамасола дар кафедраи “Стоматологияи ортопедӣ” конференсияҳои омӯзгорону донишҷўён баргузор мегардад, ки дастовардҳои устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар воситаҳои ахбори омма, сомона ва нашрияҳои даврии донишкада саҳмгузор мебошад.

Корҳои табобатию машваратӣ

     Аз ҷониби стоматологон   амалиётҳои профилактикӣ ва ташхиси-табобатӣ ҳамаррӯза  гузаронида мешавад:

-ташкили раванди ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ;

-таъиноти машваратӣ;

-муоинаи саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи беморон;

-ҷорӣ намудани усулҳои муосири пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ ва  минтақаи ҷоғу-рӯй;

-табобати беморони стоматологӣ дар асоси амбулаторӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва доруворӣ;

-назорати диспансерии беморони гирифтори патологияи системаи ҷоғу-дандон ва таҳлили самаранокии он бо арзёбии сатҳи саломатии дандонпизишкӣ;

-муайян намудани беморони гирифтори аномалияҳои дандонҳо, деформатсия ва шартҳои инкишофи онҳо, нуқсонҳои тоҷи дандонҳо ва бо фиристодани минбаъдаи онҳо ба шуъбаи клиникаи стоматологии профили дахлдор;

-ҳангоми мавҷуд будани нишондодҳои тиббӣ, фиристодани беморон барои табобати статсионарӣ ба шӯъбаҳои ҷарроҳии стоматологӣ ва (ё) ҷарроҳии ҷоғ-рӯй беморхонаи бисёрсоҳа, инчунин ба ташкилотҳои махсуси тиббӣ;

-ёрии машваратӣ ба духтурони дигар воҳидҳои сохтории клиника;

-ташкил ва гузаронидани муоинаи профилактикӣ ва беҳдошти ковокии даҳон.

-таҳлили сифат ва самаранокии кор, инчунин таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат, барқарорсозӣ ва назорати диспансерии беморон дар шуъба.

-дар амал чорӣ намудани усулҳои нави профилактика, ташхис ва табобати беморон;

-иштирок дар чорабиниҳои такмили ихтисос;

Фаъолияти илмӣ

Дар корҳои кафедра ҷои муҳимро фаъолияти илмии омӯзгорон ишғол менамояд. Кафедра дар асоси нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ, дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани омӯзгорони ҷавони болаёқатманди кафедра ба докторантура аз рӯи ихтисоси, доктори илми стоматология (PhD) фаъолият мебарад; рушди корҳои таълимӣ-тадқиқотӣ бо ворид намудани услубҳои инноватсионии ташкили раванди таълим; ғанӣ гардонии раванди таълим бо натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии навтарин мебошад. 

Тамос: Кафедраи «Стоматологияи ортопедӣ»-и,  воқеъ дар “Маркази клиникӣ илмӣ-амалӣ” назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ш.Душанбе, к.Клара Сеткина 2

 

Абдурахмонов

Одинаев Илҳом Исломиддинович

Вазифа: мудири кафедраи «Стоматологияи ортопедӣ»

 Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб

Ихтисос: Ҷароҳи ҷоғу руй, ҷарроҳ стоматолог, стоматолог

Teл:+992  934292929              E-mail:

Тошов

Иззатуллоева Ниҳол Умедовна

Вазифа: аcсистент

Унвон илмӣ: 

Ихтисос: духтур-стоматолог

Teл:+992 985822229        E-mail:

 

Абдурахмонов

Расулов Маҳмадшариф

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос:духтур-стоматолог   

Teл:+992 931 00 3772       E-mail:   

Тошов

Маҳмудова Фарангис

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: духтур-стоматолог

Teл:+992 908822126                   E-mail:

Тошов

Амонзода Эҷод

Вазифа: аcсистент

Унвон илмӣ: 

Ихтисос: духтур стоматолог

Teл:+992 931414180       E-mail:

 

Абдурахмонов

Маҳмадҷонов Сулаймон Саидбурҳон

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: духтур-стоматолог 

Teл:+992 550014142          E-mail:     

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Ба рӯйхат