Кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология


  • Сатторов Саидбек

    Мирзоева Фазила

    - номзади илмҳои тиб

    - Мудири кафедра

    Тел: +992 888 66 64 22

    Почтаи электронӣ: fazila.mirzoeva@mail.ru

Таърихи кафедра

Кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология  дар моҳи сентябри соли 2022 зери роҳбарии доктори илми тиб, профессор Саидбек Сатторов таъсис дода шуд.

Корҳои методӣ -таълимӣ

Ҳамасола, дар кафедра, пеш аз оғози семестри дарсӣ нақшаҳои дарсҳои назариявӣ ва амалӣ барои ҳамаи факултаҳо тартиб додашуда, аз тарафи муовини ректор оид ба  таълим  тасдиқ карда мешаванд.

Дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба таври васеъ аз равишҳои муосири методологии таълим ва назорат истифода мебаранд. Усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва машғулиятҳои амалӣ пайваста такмил дода мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён  дар кафедра, коркардҳо ва дастурҳои методӣ аз микробиология, иммунология ва вирусология барои донишҷӯёни ҳамаи факултаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст.

Барои ҳамаи факултаҳои донишкада,  барномаҳои корӣ (силлабус) бо забони давлатӣ, англисӣ ва русӣ таҳия ва тасдиқ шудааст. Инчунин, барои азхудкунии фан, дар китобхонаи донишкада ва кафедра шумораи зарурии маводҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, русӣ ва англиӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, китобҳои дарсӣ: «Микробиология, вирусология ва иммунология» (муаллиф Л.Б.Борисов) ва дигар нашрияҳои ФР бо забони русӣ; китобҳои дарсӣ  «Микробиология, вирусология ва иммунология» (қисми умумӣ) бо забони давлатӣ (муаллиф,  д.и.т., профессор С.Сатторов). 

Кори тарбиявӣ

Дар кафедра корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни факултаҳои кори табобатӣ, тиббӣ-психологӣ ва стомотологӣ  гузаронида мешавад. Нақшаи умумии кори тарбиявии  кафедра ва омӯзгорон бо гурӯҳҳои кураторӣ дар ҷаласаҳои кафедра тасдиқ карда мешавад.

Мувофиқи нақшаи корӣ, омӯзгори муттасадӣ пайваста, яъне дар як ҳафта як маротиба бо гурӯҳҳои куратории худ вохурӣ мегузаронанд.

Мунтазам бо донишҷӯён оид ба экстремизм ва терроризм, рафтори  дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, этикаи суханварӣ, муошират ва муроҷиат ба одамони гирду атроф, тарзи либоспушӣ мулоқотҳо гузаронида мешавад. Диққати махсус ба иштироки донишҷуён дар дарсҳои амалӣ ва назариявӣ дода мешавад.                   

Комёбиҳои  кафедра (мукофотҳои коргарон)

С.Сатторов
       «Аълочии тандурустии ҶТ»  ва  «Аълочии маорифи ҶТ»:
  • Аъзои ҳайати таҳририяи маҷҷалаҳои «Тандурустии Тоҷикистон», «Паёми таълимоти баъдидипломии соҳаи тандурустӣ»

Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ

Мавзуи илмии  кафедра: «Таҳқиқоти фаъолнокии зиддивирусӣ, зиддибактерявӣ, зиддизанбуруғӣ ва  масуниятбарқароркунандагии  растаниҳои эндемикии Тоҷикистон»

         Аз тарафи кормандони кафедра  зиёда аз 300 асарҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва англисӣ  нашр гардидаанд аз ҷумла  2 тояш дар маҷаллаҳои  СКОПУС.

                                      Ҳамкориҳои дохилӣ ва берунмарзӣ:

  • Институти химияи ба номи В.И. Никитин АМИТ
  • Донишгоҳи Ратгерси, ИМА
  • Институти глобалии гуногунии биологӣ, Ратгерс, ИМА
  • Университети миллии Индонезия
  • ИИТ тиббӣ-эксперименталии, Ст. Петербург, ФР
  • ИИТ микробиология и эпидемиология, Москва, ФР

Маҳфили илмии донишҷӯён

Дар кафедра  МИД фаъолият мекунад. Куратори МИД ассистенти кафедра Мирзоева Ф.Д мебошад. Донишҷӯёни аъзои МИД дар заминаи лабораторияи кафедра ба омӯхтани таъсири  зиддивирусӣ, зиддибактерявӣ ва зиддизамбуруғии растаниҳои эндемикие, ки дар кишварамон мерӯянд  машғул мебошанд.  

Донишҷӯён натиҷаҳои тадқиқоташонро дар конфронсҳои илмии дохили мамлакатамон  ва  маъракаҳои берун аз ҷумхурӣ  баррасӣ мекунанд.

 

Кормандони кафедра 

  • Сатторов Саидбек

    Сатторов Саидбек

    - Вазифа: 

    - Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб

    - Унвони илмӣ: Профессор

    Тел: +992 987 84 24 24

    Почтаи электронӣ: sattorion@mail.ru

  • Назармамадова Соҳибҷамол

    Назармамадова Соҳибҷамол

    -вазифа: ассистент

    -унвони илмӣ: 

    - ихтисос: биолог 

    Тел: +992 935 87 87 82

    Почтаи электронӣ: snazarmamadova71@mail.ru

  • Мирзоева Фазила

    Мирзоева Фазила

    -Вазифа  Мудири кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология

    -Гигиенист,Нигаҳдории тандурастии ҷамиъиятӣ

    Тел: +992 888 66 64 22

    Почтаи электронӣ: fazila.mirzoeva@mail.ru

  • Туразода Парвиз

    Туразода Парвиз

    - Гигиенист, нигаҳории тандурустии ҷамъиятӣ

    Тел: +992 909 17 60 62

    Почтаи электронӣ: turazoda-parviz@mail.ru

  • Мавлоназарова Сулҳия

    Мавлоназарова Сулҳия

    - Фарматсевт

    Тел: +992 559 99 31 88

    Почтаи электронӣ: smavlon88@mail.ru

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Ба рӯйхат