КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ «ФАСОД МОНЕАИ РУШДИ МИЛЛӢ » БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДТИТ
Санаи 19-уми майи соли 2025 тибқи нақша-чорабиниҳои МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҷиҳати татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222) ва бахшида ба Моҳвораи ҷавонон таҳти унвони «Фасод монеаи рушди миллӣ» бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” н.и.и. – Ибодзода Зарина Ҳабибулло оғоз намуд. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозоргонӣ мебошад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, оқибатҳои нохушро ба вуҷуд меоварад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида баҳри амалӣ намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст. Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст.
Сипас, аз ҷониби сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмонзода Фаромарз бо кормандон ва донишҷӯёни донишкада суҳбату музокира доир гардид. Гуфта шуд, ки айни замон, дар миқёси кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбати коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Дар ин самт аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд низ бояд бетараф набошад, зеро дар ин сурат мо метавонем порахӯрию ришваситониро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Инчунин аз ҷониби мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.т., Муродов С.С. ва донишҷӯй Самадова Н. маърӯзаи муфассал ироа гардид. Ҳамзамон донишҷӯён фаъолона дар суолу ҷавоб иштирок намуда, аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас шуниданд.
Ҳамин тавр, вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабинӣ гузаронида шуда, дар ҷаласаҳои ғайринавбатии шурои олимон низ барои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам ба роҳ монда мешавад.