НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН"


НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН"

Санаи 11-уми августи соли 2023, дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ - Ибодзода Зарина Ҳабибулло, ноибони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии Донишкада баргузор гардид.

Сараввал ректори Донишкада н.и.и. Ибодзода Зарина Ҳабибулло нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, журналистонро, ки дар пешрафти ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи он нақши муасир доранд, хайрамақдам гуфт ва баъдан оид ба фаъолияти шашмоҳаи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2023 суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада, соли 2023-ро бо натиҷаҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷамъбаст карданд.

Дар идомаи суханронӣ ректори донишкада доир ба самти таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот, таҳрибаомӯзӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва ободонию сабзкорӣ ҳарф зада, натиҷаҳои онро хурсандибахш арзёбӣ намуд.

Баъдан миёни роҳбарияти донишкада ва намояндагони васоити ахбори омма доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил, робитаҳои илмию таълимии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тарбияи донишҷуён, бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо ва дигар масоили вобаста ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар ва хориҷи он ҷавобгӯ саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар нишасти матбуотӣ ба саволҳо дар самти таълим ва таҷрибаомӯзӣ муовини ректор оид ба таълим ва таҷрибаомузӣ н.и.т. Мижгони Сорбон, оид ба пешравӣ ва дастовардҳои илмӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Аламхон Ахмедов ва оид ба саволҳои самти тарбиявӣ муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Охунов Башер Хуҷақулович посухҳои аниқ ва мушахас доданд.

Дар хотимаи нишасти матбуотӣ Ректори донишкада ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштирок дар баргузории чунин як сӯҳбати озоду самимӣ, ки ба пешрафт ва рушди минбаъдаи донишкада ва илми ватанӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, изҳори сипос намуд.


Назад к списку