Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон дар асоси нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохуриҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон сӯҳбату вохуриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбари дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳусейнзода Фаридун, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон – Ҳайдарзода Б.М. мудири шуъбаи таҳрибаомӯзӣ – Талабов О.Д. декани факултети кори фармасевтӣ ва кори табобати дандон – Холов Сафаралӣ, декани факултети Кори ҳамширагӣ – Нодиров А.А. иштирок ва суханронӣ намуданд ва ба аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон фаъолият менамоянд бо Сипосномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.