Вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада


Дар санаи 25-уми апрели соли 2022, дар толори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия н.и.ф. Мирова Ш.М. ҳусни оғоз бахшида донишҷӯёнро бо меҳмонони ташрифоварда шинос намуданд:
1.Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ - мудири бахши сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар н. Синои шаҳри Душанбе
2.Ҳасанзода Шаҳло - мудири шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватӣ дар н. Синои шаҳри Душанбе
3.Муҳаммадсаиди Шарофиддин - мудири бахши дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД н. Синои шаҳри Душанбе
4.Султонова Тахмина – мудири бахши фарҳанги МИҲД н. Синои шаҳри Душанбе
Меҳмонон дар ин вохӯрӣ бо донишҷӯён дар атрофи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи имрӯуза доғи рӯзанд сӯҳбати судманду муфиде баргузор намуданд.

Назад к списку