Home
History of Institute
Management
Documents
Mission of the university
Academic Board
Совет ректората
Institute structure
Education
Department of Education
Central education-methodical counsel
Education quality department
Practical skills center
Practice department
Registration and Consulting Center
Science and innovation
Department of Doctorate and Postgraduate Studies
Department of Preparing Scientific Staffs
Science Library
Confrence
Medicine
Clinical, Scientific and Educationfl Center
Dental department
Chemist’s shop
Клинические базы
International relationships
The procedure and conditions for the admission of foreign citizens
Education
Department of Training
Department of Culture
The Trade Union Committee of Employees and students
Department of youth Affairs
Working with women council
Council of curators
Contacts
Medical-Social Institute of Tajikistan
Search
TJ
RU
EN
Entrants
Admission board
Guide for applicants
Перечен заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
Students
Graduates
Postgraduate education
Employees
The PTS
Dissertation council
Home
News
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАНУ ОЗОДИИ МИЛЛАТ
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАНУ ОЗОДИИ МИЛЛАТ
Чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сардори раёсати таълим н.и.п., Раҳмонов Ш.М. кулли мардуми Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшид. Гуфта шуд, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо то ба имрӯз парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Барои халқи шарифи тоҷик Парчамдориву парчамбардорӣ аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Яъне, дар ҳама давру замон Парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам, чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол дида мешуд, ки сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Меҳани маҳбуби мо – Тоҷикистон пас аз касби истиқлоли комили сиёсӣ Парчами худро дар таърихи 24 ноябри соли 1992 қабул намуд. Зери парафшонии парчам ифтихори миллии ҳар як фарди ба нангу номус ва соҳибватан ҳамеша танинандоз мебошад. Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар марҳалаҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз санаи 24 августи соли 1990 заминаҳои ҳуқуқии худро дар Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон пайдо намуда буд.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси филология, Убайдуллоева М.А. аз номи роҳбарияти муассиса ҳамаи иштирокчиёнро муборакбодӣ намуд. Иброз гардид, ки дар идомаи 32-солагии таҷлили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии тақдирсози миллат бо муҳаббат ва самимият ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба таърихи парчамдории аҷдодон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати мустақилу соҳибихтиёр аст. Имрӯз халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён дар қатори мардуми саросари давлатҳои сайёра бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами миллӣ ба меҳнати фидокорона барои сарсабзию шукуфоии диёр саҳм гузошта, аз сиёсати ояндасози давлати ҳукумат ва Сарвари хирадманди худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.
Инчунин аз ҷониби мудири кафедраи ҷомеашиносии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, н.и.т. Муродов С.С. дар мавзӯи “Парчами давлатӣ – рамзи озодии миллат” ва омӯзгори кафедраи мазкур Шукурзода Лола, дар мавзӯи “Парчам яке аз унсурҳои асосии давлат” маърӯзаҳо ироа карда шуд.
Баъди маърӯзаҳо қисмати фарҳангии ҷорабинӣ оғоз гардид. Аз ҷониби дастаи ҳунарии “Шифобахш”-и муассиса дар васфи Тоҷикистон, парчам, модар ва Ватан сурудҳои пур аз меҳр замзама гардиданд. Ҳамин тавр, бо иштироки васеи деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати проффесорону омӯзгорон ва донишҷӯён, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Back to list