Home
History of Institute
Management
Documents
Mission of the university
Academic Board
Совет ректората
Institute structure
Education
Department of Education
Central education-methodical counsel
Education quality department
Practical skills center
Practice department
Registration and Consulting Center
Science and innovation
Department of Doctorate and Postgraduate Studies
Department of Preparing Scientific Staffs
Science Library
Confrence
Фишурдаҳо
Medicine
Clinical, Scientific and Educationfl Center
Dental department
Chemist’s shop
Клинические базы
International relationships
The procedure and conditions for the admission of foreign citizens
Education
Department of Training
Department of Culture
The Trade Union Committee of Employees and students
Department of youth Affairs
Working with women council
Council of curators
Contacts
Medical-Social Institute of Tajikistan
Search
TJ
RU
EN
Entrants
Admission board
Guide for applicants
Перечен заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
Students
Graduates
Postgraduate education
Employees
The PTS
Dissertation council
Home
News
БОЗДИДИ ИДОНА БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АКСИЯИ «КОРВОНИ МОДАРОН», АЗ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ШӮҶОИ ВАТАН
БОЗДИДИ ИДОНА БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АКСИЯИ «КОРВОНИ МОДАРОН», АЗ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ШӮҶОИ ВАТАН
Тибқи иттилои пешин, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бахшида ба 23-юми феврал санаи 11.02.2026 дар қисми ҳарбии 0119 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, муовини ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбия Убайдуллоҳзода М.А., ва кормандону донишҷуёни МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаҳои фарҳанг ва кор бо занон ва оила иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо шароити хизмати ҳарбиён, вазъи будубош ва сатҳи омодагии ҷангии сарбозон аз наздик шинос шуданд. Қайд гардид, ки ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат фаъолияти пурмасъулиятро ба роҳ мондаанд.
Ҳамзамон ба афсарон ва сарбозон ҳамоиши маърифатӣ ташкил гардида, вобаста ба дӯст доштани Ватан, иҷрои содиқонаю софдилонаи қарзи ҳарбӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар мавзуъҳои муҳими рӯз аз ҷониби масъулин маърӯзаҳо ироа карда шуд. Зимни чорабинӣ Ситора Сафарализода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, афсарону сарбозонро ба муносибати ин санаи таърихӣ самимона шодбош гуфт. Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор рафта, ҳифзи Истиқлолият, субот ва амнияти кишвар аз вазифаҳои муқаддаси онҳо мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби масъулин ҳамчун нишони ғамхорӣ ва пайравӣ ба амалҳои накӯи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бо мақсади болидаруҳии хизматчиёни ҳарбӣ барномаи фарҳангӣ-консертӣ аз тарафи дастаи «Шифо»-и донишҷуёни МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ муҳити қисми ҳарбиро фаро гирифт.
Back to list