Вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


  Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо сохторҳои болоии ҳизб, бо мақсади расонидани шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” байни донишҷӯёни МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" баргузор гардид.
   Дар вохӯрии мазкур раиси шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Орипов Шарифҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Фозилзода Шуҳрат, намояндагони прокуратураи ноҳияи синои шаҳри Душанбе – Салимзода Комрон, Абдулҳошими Разоқ ва муовини ректор оид ба тарбияи МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" – Мирова Ш.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Фозилзода Шуҳрат оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” суханронӣ намуд. Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷанги бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Орипов Шарифҷон, оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳамзамон даъвати ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд. Намояндагони прокуратураи ноҳияи синои шаҳри Душанбе –Абдулҳошими Разоқ дар суханронии худ оид ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳувияи миллӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сӯи қасд ба ҷони худ, хариду фурӯши одамон, пешгирии нашъамандӣ, экстремизм ва терроризм ва дигар самтҳои афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон миёни донишҷуёну устодони МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” баромад намуд. Дар охир муовини ректор оид ба тарбияи МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" – Мирова Ш.М. миннатдории хешро ба баромадкунандагон ва намояндагони ҲХДТ иброз намуданд.
   Дар фарҷоми сӯханрониҳо миёни иштирокчиёни вохӯрӣ музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Ба рӯйхат