Санаи азнавсозӣ: 19.11.2026

  • Талабов Одина

    Талабов Одина

    Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ

    Тел: +992 918 68 17 13

    Почтаи электронӣ: talabov.odihna66@ g-mail.com

ТАЪРИХИ ШУЪБА

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 25 ноябри соли 2020 таъсис дода шудааст Шуъба ду коргар дорад: мудири шуъба ва мутахассиси шуъба. Талабов Одина Давлатович аз моҳи  августи соли 2020 ба вазифаи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ таъин шудааст. Шуъба  фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи нақшаи кории шуъба, Низомномаи шуъба, қарорҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қарорҳои Шурои олимон ва Шурои раёсати МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Шуъба дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои тиббӣ мебошад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА:

- баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи тиб, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.

          - беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои тахассуси, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз услубҳо ва технологияи муосири таълим.

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ,  машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конференсияҳои илмӣ –амалӣ, семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.

- ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии  навтарин.

-  омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.

- баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.

-  такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.

-  ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.

КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ ШУЪБА

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ мақсад дорад, ки дар оянда дониши гирифташудаи донишҷӯёнро, ки ба фаъолияти касбии онҳо алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад.

Дар шуъбаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯени факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети тиббӣ иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ  мувофиқи нақшаи таълимӣ дар вақти муайян шуда ба таҷрибаомӯзии таълими равона карда мешаванд.                                                         

                                             МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Шуъбаи таҷрибаомӯзии донишкада фаъолияти худро тибќи Низомномаи дар бораи таҷрибаомӯзии донишҷуёни МТЃ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии талимӣ», Низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишкада, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнати МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-ичтимоии Точикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ тањия гардида, ба роњ мемонад.

Талаботи ин Низомнома ба кормандони кафедраи амалияи истеҳсолӣ, ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳо ва дигар кафедраҳое дахл дорад, ки дар ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон машғуланд.

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ бо қарори Шурои олимон ва фармоиши ректори донишкада таъсис ва барҳам дода мешавад.

Шуъбаро мудир роҳбарӣ мекунад, ки бо фармоиши ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дар фаъолияти худ бевосита ба муовини ректор оид ба таълим итоат мекунад.

ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА

          Шуъбаи таҷрибаомӯзии донишкада вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад:

          - банақшагирӣ ва ташкили корҳои илмӣ-методӣ оид ба гузаронидани машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни донишкада дар факултетҳои дар донишкада амалкунанда:

          - санчиши накшаҳои таълими дар ҳамаи факултетҳо (намудҳои амалия, ҳаҷм ва муҳлати гузаронидани таҷрибаомӯзӣ) ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот мувофиқат ё номутобиқ будан;

          - ташкил ва гузарондани семинарҳои дастурдиҳӣ ва методӣ бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ оид ба муаммоњои барномарезӣ ва ташкили корњои амалӣ;

          - ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба тартиб додани воситаҳои ташкилию методии таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯёни мактабхои олӣ;

          - тайёр кардани варқаҳо ва ҳисобот оид ба тачрибаи истеҳсоли барои донишҷӯёни мактабхои оли;

          - ташкил ва гузаронидани дарсҳои амалии донишҷӯён ва назорати ин чорабинӣ дар тамоми кафедраҳои донишкада;

          - бастани шартнома бо корхонаҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарматсевтӣ ва санитарию эпидемиологии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликияташон;

          - ҳамоҳангсозии фаъолияти роҳбарони машғулиятҳои амалии тамоми факултетҳои донишкада;

          - ташкил ва гузаронидани конференсияҳои ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои таълими амалии донишҷӯёни донишкада;

          - иштирок дар кори кафедраҳо ва факултетҳо оид ба масъалаҳои таълими амалии донишҷӯён;

          - таҳияи пешниҳодҳо  оид ба такмили банақшагирӣ ва ташкили таълими амалии донишҷӯён;

ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБАИ ТАЧРИБАОМӮЗӢ

          - пешниҳодҳои нав дар доираи салоҳияти шуъба дар шакли лоиҳа;

          - тибқи тартиби муқарраргардида дархост ва гирифтани маълумот оид ба масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти шуъба дахл доранд;    

          - иштирок дар фаъолияти тамоми кафедраҳои донишкада, баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои корӣ кафедраи амалии истеҳсолӣ;

          - ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба тартиб додани воситаҳои ташкилию методии таҷрибаомӯзии  истеҳсолии донишҷӯёни мактабҳои олӣ;

          - бо ризоияти роҳбарияти донишкада, ҷалби кафедраҳои донишкада дар баррасии масъалаҳои марбут ба кафедраи амалии истеҳсолӣ;

          - маслиҳат ва дастурҳо оид ба масъалањое, ки ба салоњияти шуъбаи таљрибаомўзӣ дохил мешаванд;

          - ташкили гурӯҳҳои  корӣ оид ба тартиб додани воситаҳои ташкилию методии таҷрибаи истеҳсолии студентони мактабхои олӣ;

          - мониторинги фаъолияти кафедраҳои донишкада оид ба масъалаҳои таълимӣ-амалии донишҷӯён.

Пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»
№ Номгӯи пойгоҳи клиникӣ Суроғаи юридикӣ  
1. МД «Маркази шаҳрии тиббии №2» ш.Душанбе, х.Саноӣ-33  
2. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
3. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ш.Душанбе, х.А.Навоӣ 59  
4. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
5. МД «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ» ш.Душанбе, х.Зарафшон 2/11  
6. МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ш.Душанбе, х.Н. Ҳувайдуллоев 270  
7. МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ш.Душанбе, х.Н.Қарабоев 60  
8. МД «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
9. МД «Маркази саломатии шаҳрии №12» ш.Душанбе, х.Деҳотӣ, 50 а  
10. МД "Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии фарматсевтӣ" ш.Душанбе, х.Маяковский 2  
11. МД «Маркази саломатии шаҳрии №8» ш.Душанбе, х.Рӯдакӣ 186  
12. МД "Маркази дастгирии оила ва кӯдак №1" ш.Душанбе, х.Адҳамов 64А  
13. МД "Маркази дастгирии оила ва кӯдак №1" ш.Душанбе, х.Сино 42/3  
14.  МД «Маркази шаҳрии тиббии №1» ш.Душанбе, х.Абая 3  
15. МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
16. ҶДММ "ТБШ" ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 77/37  
17. МД «Пажуҳишгоҳи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй» ш.Душанбе, х.Хуҷандӣ 13  
18. МД «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» ш.Душанбе, х.Айнӣ 46/1  
19. МД "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ш.Душанбе,х.Рӯдакӣ 139  
20. ҶДММ "Фармико" ш.Душанбе, х.Айнӣ 59/1  
21. Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, х.Борбад 71  
22. МД «Дармонгоҳи шаҳрии кӯдаконаи стоматологии №1» ш.Душанбе, х.А.Раҷабов 16/1  
23. ҶДММ "Муҳаммад А" ш.Душанбе, х.Ҷ.Расулов 6/1  
24. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ»  н.Рӯдакӣ, х. Табибон  
25. ҶДММ "Ғулом" ш.Душанбе, х.Маяковский 79  
26. МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
27. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул» ш.Душанбе, х.Айнӣ 52  
28.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш.Душанбе, х.Л.Шералӣ 3  
29. КВД "Килиникаи стоматологӣ" ш.Душанбе, х.Хоразмӣ 1/1  
30. МД "Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ" ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
31. МД "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД" ш.Душанбе, х.Деҳотӣ 48  
32. МД "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм" ш.Душанбе, х.Р.Набиев 238  
33. МД «Пажўҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ш.Душанбе, х.Турсунзода 31  
34. МД “Хонаи кӯдакони №-1 барои кӯдакони ятиму бепарастори”-И шаҳри Душанбе ш.Душанбе, х.Борбад 72/3  
35. ҶДММ “TJ TD Rose” н.Шаҳринав, ҷ.Боғистон  
36. Муассисаи давлатии "Институти гастроэнтерология" ш.Душанбе, х.Маяковский 79  

Номгуи ҳуҷҷатҳо

Низомномаи таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён

Нақшаи кории мудири кафедраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ