Санаи 9-уми марти соли 2022 дар МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" сӯҳбат-вохӯрии судманд бо донишҷӯён оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини сардори ШВКД-1 дар н.Сино – Бобозода Толиб, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар донишгоҳҳо Абдулхайр Абдураҳмонзода, инчунин Иброҳимзода Алишер ва Сафарзода Ҳасан иштирок намуда, оид ба самтҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳаммияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳаммияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Зеро суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи қонуну адолат, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.