Маросими тантанавии супоридани диплом ба хатмкунандагони хориҷии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон


Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани диплом ба хатмкунандагони хориҷӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Имсол муассисаро шаҳрвандони се кишвари дӯст — Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеративии Нигерия ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш бомуваффақият хатм намуданд.
Хатмкунандагон дар давоми таҳсил дар донишкада донишҳои муосири тиббӣ, малакаҳои амалӣ ва ҷаҳонбинии касбиро аз худ намуда, дар баробари таҳсил дар корҳои илмӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии муассиса низ фаъолона иштирок карданд. Онҳо бо талошу масъулиятшиносӣ тавонистанд худро ҳамчун донишҷӯёни соҳибмаърифат, ташаббускор ва умедбахши соҳаи тандурустӣ муаррифӣ намоянд.
Маросими хатм бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Курбонзода Субҳон, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мукеш Пури, роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорону омӯзгорон ва меҳмонони гиромӣ баргузор гардид.
Зимни суханрониҳои худ меҳмонон сатҳи омодагии касбӣ ва дастовардҳои хатмкунандагонро баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки таҳсилоти тиббӣ имрӯз на танҳо воситаи касбомӯзӣ, балки заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни кишварҳо ба шумор меравад. Ҳамчунин, аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии тиббӣ, табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон махсус зикр гардид.
Таъкид карда шуд, ки хатми донишҷӯёни хориҷӣ аз муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бозгӯи нуфузу эътибори афзояндаи низоми таҳсилоти тиббии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин раванд, пеш аз ҳама, аз фароҳам будани муҳити мусоиди таълим, сатҳи баланди омӯзиш ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса ба омодасозии кадрҳои баландихтисос шаҳодат медиҳад.
Маросими хатм дар фазои тантанавӣ, эҳсоси ифтихор ва самимияти хос баргузор гардида, ба хатмкунандагон дипломҳо супорида шуданд. Роҳбарияти донишкада ба хатмкунандагон дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ комёбиҳои беназир, обрӯи баланди инсонӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи саломатии ҷомеа орзу намуд.
Хатми донишҷӯёни хориҷӣ на танҳо ҷамъбасти як марҳилаи муҳими таҳсил, балки рамзи эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба таҳсилоти олии тиббии Тоҷикистон ва оғози роҳи нави касбии ҷавононест, ки фардо дар хидмати саломатии инсон қарор хоҳанд гирифт.

Ба рӯйхат