ХАТМИ НАХУСТИНИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН — РӮЙДОДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ДАР ЗИНДАГИИ ИЛМИВУ ТАЪЛИМИИ КИШВАР


24 июни соли равон дар МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» маросими бошукӯҳи хатми нахустини донишҷӯён баргузор гардид, ки он ҳамчун рӯйдоди муҳим ва фаромӯшнопазир дар таърихи ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ мегардад.
Дар чорабинии тантанавӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Муассиси МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Ҳабибулло Ибод, Сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Ш.С., ректори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ Ибодзода З.Ҳ., инчунин ҳайати роҳбарият, профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён, хатмкунандагон ва волидайни онҳо иштирок намуданд.
Маросими хатми нахустин барои донишкада воқеан рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад, зеро имрӯз 393 нафар хатмкунанда бо сарфарозӣ таҳсилоти худро анҷом дода, ҳамчун аввалин мутахассисони ҷавони ин муассисаи таълимӣ ба фаъолияти касбӣ роҳ меёбанд. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо дастоварди арзишманди донишкада, балки самараи сиёсати созандаи давлат дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси миллӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ, бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди соҳаи тандурустӣ, маориф ва бахши хусусии таҳсилоти олӣ заминаҳои устувор ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Маҳз дар чунин фазои созанда МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз муассисаҳои пешбари омодасозии кадрҳои ҷавони соҳаи тиб табдил ёфтааст.
Қайд карда шуд, ки имрӯз дар донишкада 5 факултет — тиббӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ ва фарматсевтӣ фаъолият дошта, барои тайёр намудани мутахассисон тибқи талаботи муосири илми тиб ва меъёрҳои байналмилалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, дар назди донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ амал мекунад, ки ҳамчун нахустин муассисаи мукаммали табобатии наздидонишкадавӣ дар таҷрибаи кишвар барои пайвастани донишҳои назариявӣ бо малакаҳои амалии донишҷӯён нақши муассир мегузорад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз хатмкунандагони нахустини ин боргоҳи илму маърифат бо донишу малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии муосир ва ҳисси баланди масъулият вориди арсаи фаъолияти мустақил мегарданд. Пешаи табибӣ танҳо касб нест, балки рисолати бузурги инсонпарварӣ, масъулияти ҷиддӣ дар назди ҷомеа ва хизмати содиқона ба мардум мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як хатмкунанда бояд бо ахлоқи ҳамида, дониши устувор, фарҳанги баланди муошират ва садоқат ба касб номи донишкада, эътимоди устодон ва боварии ҷомеаро сарбаландона ҳифз намояд.
Дар ҷараёни чорабинӣ нақши муҳими ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада, ки бо дониш, таҷриба ва заҳмати содиқонаи худ дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид гардид. Ҳамчунин, ба падару модарони хатмкунандагон барои тарбияи шоистаи фарзандон, дастгирии пайваста ва саҳмгузорӣ дар расидан ба ин рӯзи фараҳбахш изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд.
Хатми нахустини донишҷӯёни МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» на танҳо дастоварди як муассисаи таълимӣ, балки нишонаи рушди устувори таҳсилоти олии тиббӣ, таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа ва қадами муҳим дар роҳи таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони соҳибкасб мебошад. Ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба он мазмуну аҳамияти хос мебахшад.
Бо итминон метавон гуфт, ки нахустин хатмкунандагони донишкада минбаъд ҳамчун мутахассисони соҳибкасб, фарзандони содиқи Ватан ва идомадиҳандагони анъанаҳои неки илму тибби тоҷик дар ҳифзи саломатии мардум ва рушди соҳаи тандурустии кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Хатми нахустин муборак, табибони ҷавон!
Ба ҳамаи хатмкунандагон роҳи сафед, қадамҳои устувор, муваффақиятҳои арзанда ва хизмати содиқона ба халқу Ватан орзумандем.

Ба рӯйхат