Санаи 1.12.2025 дар бинои асосии дар МТҒ “ДТИТ” ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар ВНМО гузаронида шуд. Ҳамоиш таҳти унвони “Мо ҳамакаса бар зидди ВНМО” аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология ва кафедраи беҳдошт ва экология гузаронида шуд. Дар он маъмурият ва намояндагони МД Маркази Ҷумҳуриявии мубориза ва пешгирӣ бар зидди бемории ВНМО ва МД "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Баъд аз сухани ифтитоии муовини ректор оидба илм ва инноватсияи, д.и.т., профессор, узви вобастаи АМИТ Ахмедов А. ва намояндаи Маркази Ҷумҳуриявии мубориза ва пешгирӣ бар зидди бемории ВНМО Саторов Ф. маърузаҳо аз ҷониби донишҷуён шунида шуд. Маърузаҳо ба “Таърихи пайдоиши ВНМО”; “Сохти морфологии ВНМО” ва “Усулҳои муосири ташхис ва пешгирии ВНМО” шунида шуд.