Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ


Ибодзода Зарина Хабибулло

Орипова Рухшона Шуҳратовна 

- мудири кафедра

- номзади илмҳои тиб

Tel:+992 103 03 00 70

Email: rukhshona1707@gmail.com

 

 

Кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”

Таърихи кафедра

Бо қарори Шурои Олимони Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”  кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи январи 2022 ташкил шудааст. (Фармон№04-36 аз 27 январи соли 2022).

Фаъолияти кафедра тибқи талаботи Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017 №3/13) дар бораи тасдиқи Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқи Оинномаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, ба роҳ монда шудааст.

    Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ дар ошёнаи 5-ум ва -1-уми  “Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ”-и   назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”  ҷой гирифта, аз 4 аудиторияи дарсӣ, бо ҳамаи лавозимотҳои зарурӣ барои донишҷӯён ҷиҳозонида шудаанд.

Айни замон дар кафедра 10 омӯзгор кору фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 3 нафар омӯзгори асосӣ ва 7 нафар омӯзгори ҳамкори беруна мебошанд.

Вазифаҳои асосии кафедра:

  1. Таълим:
    • Таъмини таълими босифати тахассусии баланд ба донишҷӯён, дар соҳаи акушерӣ ва гинекология.
    • Таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, ки ба меъёрҳои муосир ва талаботи ҷомеа ҷавобгӯ мебошанд.
    • Истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ
  2. Тадқиқоти илмӣ:
    • Гузаронидани тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи акушерӣ ва гинекология.
    • Таъсиси ҳамкориҳои илмӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилӣ, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа.
  3. Фаъолияти методӣ:
    • Таҳия ва такмили дастурҳо, тавсияҳо, дар соҳаи акушерӣ ва гинекология.
    • Такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи акушерӣ ва гинекология тавассути курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва тренингҳо.
  4. Корҳои тарбиявӣ:
    • Саҳмгузорӣ дар тарбияи кадрҳои соҳаи тиб, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд.
    • Ташаккули малакаҳои касбӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии донишҷӯён.
    • Гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатии репродуктивии занон, пешгирии бемориҳо ва тарзи ҳаёти солим.

Ба ибораи дигар, вазифаҳои кафедраи акушерӣ ва гинекология ба таълим, тадқиқот, фаъолияти табобатӣ, методологӣ ва корҳои тарбиявӣ нигаронида шудаанд.

Фаъолияти таълимӣ

Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ тибқи нақшаи таълимӣ вобаста ба фанҳои акушерӣ барои курсҳои 4-уми факултети “Тиббӣ”, гинекология барои курсҳои 5-уми факултети “Тиббӣ”, акушерӣ ва гинекология барои курси 4-уми факултети “Стоматология”, акушерӣ ва гинекология барои курси 5-ум ва 6-уми факултети “Психологияи тиббӣ” фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.

Тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, таълим бо истифодаи низоми кредитӣ сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар шаклҳои зайл сурат мегирад: а) дарсҳои аудиторӣ (лексияҳо), дарсҳои амалӣ (семинарҳо);  б) кори мустақилона бо роҳбарии омўзгор; в) назорати сатҳи донишандўзии донишҷўён: тафтиши иҷрои корҳои санҷишӣ; гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ; гузаронидани санҷишҳои тестӣ (дар шакли хаттӣ ё компютерӣ) аз бобҳои алоҳидаи фанҳои омўхташаванда; г) аттестатсияи ҷорӣ -имтиҳони тестии ҷамъбастӣ аз фанҳои алоҳида;

         Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаҳои амалии донишҷўён, 1 синфхона дар маркази малакаҳои амали донишкада ҷиҳозонида  шудааст бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла, мулуҳо ва маводҳои акушерӣ ва гинекологӣ.

 

  Дар кафедра омӯзгорон аз фанҳои  акушерӣ ва гинекология дарс медиҳанд.  Дарсҳо асосан дар бинои Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ва ҳамчунин дар муассисаи табобатии ҷумҳурӣ дар маҷмааи табобатии Истиқлол ва Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Омӯзгорон дар кафедра   барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ, аз  усулҳои самараноки муосири таълим истифода мебаранд. Барои бештар аз худ намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва доскаи электронӣ истифода мебаранд. Дар мулӯҳо мавзуҳои дарсӣ намоиш дода мешаванд. Донишҷӯён низ аз рӯи баннерҳо, мулӯҳо ва узвҳои алоҳида донишандӯзӣ намуда, ба дарсҳо омодагӣ мегиранд.

Фаъолияти тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ, ки дар заминаи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, маҷмӯи чорабиниҳои муназзами ҳадафмандонаро дар бар гирифта, самтҳои асосии ташаккули шахсияти ҳамаҷонибаи донишҷӯён, яъне, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таҳкими ахлоқи касбӣ ва деонтологӣ, рушди ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро фаро мегирад. Ин корҳо бо роҳандозии суҳбатҳо ва семинарҳо дар мавзуъҳои ахлоқӣ, ширкат дар аксияҳои хайриявӣ, ташкили клубҳои илмӣ ва маҳфилҳои адабӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ амалӣ гардида, ҳадаф аз он омода намудани мутахассисони баландихтисос ва содиқ ба Ватан мебошад. Кафедра ҳамчунин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар байни донишҷӯён рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таърихи пурғановати миллат ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии тоҷиконро тақвият бахшад, то ки онҳо дар оянда ҳамчун духтурони бомаърифат ва инсонпарвар ба халқи худ хизмат намоянд.

Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ, омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба тарғибу ташвиқи муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ сӯҳбат гузаронида мешаванд.

Фаъолияти илмӣ

Фаъолияти илмӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ ба тадқиқоти масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла омӯзиши усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои занона, беҳтарсозии ёрии акушерӣ, таҳқиқи омилҳои таъсиррасон ба саломатии репродуктивӣ ва ҷараёни ҳомиладорӣ равона гардида, натиҷаҳои он дар мақолаҳои илмӣ, конфронсҳо ва дастурҳои методӣ интишор ёфта, дар раванди таълим истифода мешаванд.

  1. Набиева Т.Р., Алиева Р.Я., Орипова Р.Ш., /Клинико-социальная характеристика беременных женщин с хронической гипертензией.// Маҷаллаи «Модар ва кӯдак»-Душанбе, 2025.-№1. С32-29(Мақола)
  2. Набиева Т.Р., Орипова Р.Ш., / Профилактика преждевременных родов у беременных женщин с хронической артериальной гипертензией//Маҷаллаи “Паёми Днишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”-Душанбе, 2025.-№3(16).-С36-41 (Мақола)

3.Миқдори фишурдаҳои чопшуда бо супоридани нусхаҳои он  ба шӯъбаи илм ва инноватсияи донишкада-6 фишурда.

  1. Орипова Р.Ш., /Клинико-лабораторная характеристика береиенных ьженщин с сахарным диабетом 1 типа. // Маҷаллаи маводи конференсия – апрели 2025с(фишурда)
  2. 2. Абдуфатоҳзода Г.А., /Клинико-лабораторное исследование безопасности различных методов медицинского аборта.// Маҷаллаи маводи конференсия - апрели 2025с (фишурда)
  3. Умарзода Т.С., /Современные аспекты терапии пациенток с дистрофией и атрофией интимной зоны.// Маҷаллаи маводи конференсия -апрели 2025с(фишурда)
  4. Набиева Т.Р., Орипова Р.Ш.,/Влияние прегравидарной подготовки на течение беременности и исход родов.// Маҷаллаи маводи конференсия-октябри 2025с
  5. Орипова Р.Ш. Умарзода Т.С./Факторы возникновения дисфункциональных маточных кровотечений у женщин пременапаузального периода.// Маҷаллаи маводи конференсия-октябри 2025с
  6. Маҳмадҷонова М.О./Ибн Сино о здоровье и детородности женщины в сравнении с современными проблемеми акушерства, гинекологии и перинатологии.// Маҷаллаи маводи конференсия-октябри 2025с

 Корҳои методӣ

3 Маҷмӯи таълимӣ – методӣ барои донишҷўёни муассисаҳои олии касби омода гардидааст: 

  1. Маҷмӯи таълимӣ – методӣ аз фанни акушерӣ барои курси 4-уми факултети “Тиббӣ”.
  2. Маҷмӯи таълимӣ – методӣ аз фанни гинекология барои курси 5-уми факултети “Тиббӣ”.
  3. Маҷмӯи таълимӣ – методӣ аз фанни акушерӣ ва гинекология барои курси 4-уми факултети “Стоматология”.

Тамос: Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ,  воқеъ дар “Маркази клиникӣ илмӣ-амалӣ” назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ш.Душанбе, к.Клара Сеткина 2.

Абдурахмонов

Орипова Рухшона

Вазифа: и.в мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”-и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

 Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб

Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог

Teл:+992  +992 008080700    E-mail:rukhshona1707@gmail.com

Тошов

Ҳанифа Моҳд

Вазифа: аcсистент          

Унвон илмӣ: 

Ихтисос: духтур, акушер-гинеколок

Teл:+992 103030070                  E-mail: fotimaazimova8@gmail.com

 

 

 

Тошов

 Миршарифова Дилафруз

Вазифа: ассистент

Унвон илмӣ:

Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог

Teл:+992 005 05 72 84                  E-mail:

Тошов

Умарова Таҳмина 

Вазифа: аcсистент

Унвон илмӣ: 

Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог

Teл:+992 888 83 38 62       E-mail:

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

Ба рӯйхат