Кафедраи анатомияи одам ва истилоҳи тиббии лотинӣ


 

  • Шукуров Фируз Абдуфаттоевич

    Раҳматуллаев Азамшоҳ  Асламшоевич

    - Мудири кафедра

    - муаллими калон

    Тел: +992 551055064

    Почтаи электронӣ:azamshoh64@gmail.com

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

          Кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ  дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2020 № 04-29 ҳамчун кафедраи мустаъқил таъсис дода шудааст. То ин сана кафедра дар ҳайати  “Коллеҷӣ  тиббӣ- иҷтимоии ш. Душанбе” чун кафедраи  «Фаннҳои морфологӣ» фаъолият мекард. Аз ҳамон вақт иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра муаллими калон Раҳматуллоев А.А. таъин шудааст. Кафедра    фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳо ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”  ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб мебошад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “АНАТОМИЯИ ОДАМ ВА ИСТИЛОҲОТИ ТИББИИ ЛОТИНӢ

  1. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои анатомияи одам ва забони лотинӣ, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
  2. Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои анатомияи одам ва забони лотинӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.
  3. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
  4. Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
  5. Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.
  6. Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
  7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
  8. Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.

ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ “АНАТОМИЯИ ОДАМ ВА ИСТИЛОҲОТИ ТИББИИ ЛОТИНӢ

Ҳайати кадрии кафедра: 1 н.и.ф. (PhD): Давлатова М.О. , 1-то унвонҷӯй Раҳматуллоев А.А. кор ва фаъолият мекунанд. Дар  соли таҳсили 2025 ҳайати кормандони кафедра – 14 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 7 нафар омӯзгори асосӣ- Раҳматуллоев А.А., Одинаев Ҳ., Шохуҷаев А.Ш., Султонмамадов А.Д., Давлатова М.О., Холиқзода М., Эмомова Д., 6 нафар омӯзгори ҳамкор - Хисрави Д., Ҳалимова С.М., Исоқов М., Қурбонова Д., Убайдзода М., Сафаров У. ва 1-то лаборантка Абдураҳимова М.Ф. фаъолият доранд.             

          КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

       Омӯзиши анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба он равона шудааст, ки дар корманди тибби оянда дониши асосҳои анатомияро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Ба он мавзӯъҳои анатомияи одам ва вазифаҳои он, сохти бадани одам, системаҳо, узвҳо ва бофтаҳои он дар асоси комёбиҳои ҳозиразамони анатомияи макро- ва микроскопӣ, физиология, биология дар фалсафаи диалектикаи материализм, мутобиқ ба масъалаҳои омӯзиш дохил шудааст. Он масъалаҳои асосии тиббиро дар бар мегирад.

          Дар кафедра донишҷӯени курсҳои 1 ва 2-юми факултети тиббӣ, курсҳои 1-уми факултетҳои стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети кори иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ аз фанҳои анатомияи одам,  забони лотинӣ ва донишҷӯени курси  3-юми  факултети психологияи тиббӣ  аз фанни анатомияи функсионалии системаи асаби марказӣ  таҳсил мекунанд.   Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

             Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 11 барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанни анатомияи одам барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Барои  ҳар як фан 300 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикршуда, дар  кафедра омода шудааст. Аз тарафи кормандони кафедра дар соли 2025 маҷмуи саволҳои тестӣ аз фанни забони лотинӣ таҳия карда шуд, ки дар ҷаласаи Шурои таълимӣ-методии донишкада мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба чоп тавсия гардидааст.

КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ

Кафедра  дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,  дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани  ҷавонони лаёқатманд   дар доираи илм фаъолият мебарад.

         Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, кори иҷтимоӣ ва фармакология бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида дар назди кафедра маҳфили фаннӣ фаъолият мекунад. Инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти №148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 дар кафедра  аз 10.10. соли 2022 (таҳти № 546а) бо фармоиши проректор оид ба илм ва инноватсия  Ахмедов А. маҳфили фаннии “Табибони ҷавон”, дар назди кафедраи “Анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ” таъсис дода шуд. Маҳфили фаннӣ аз рӯи нақшаи кории аз тарафи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.т., профессор Ахмедов А.А. тасдиқшуда, мавзӯъҳои баррасишаванда тибқи ҷадвал иҷро шудаистодааст. 

      16,17- уми декабри соли 2022 дар донишгоҳи тиббии ш. Самарқанд (Ҷумҳурии Узбекистон) Олимпиадаи III-юми байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббӣ баргузор гардид. Дар он омӯзгорони кафедра 22 донишҷӯёни  МТҒ “Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” -ро аз фаннҳои “Анатомияи одам”, “Гистология” ва “Физиологияи нормалӣ”-ро ба олимпиада омода намуданд. Ҳамаи донишҷӯён бо тариқи онлайн баромад карда, сазовори “Сертификат” гаштанд.

28-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Тошкент конференсияи III-юми байналмилалии илмӣ-амалии донишҷӯён бахшида ба 100 солагии академияи тиббии Тошкент баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2- юми факултети “Кори табобатӣ” Ашурқулов Эъзозбек таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Қиёбеков Б.Л. ба тариқи онлайн бо маърӯза дар мавзӯъи “Вазъияти психоэмотсионалии донишҷӯёни донишкадаи тиббӣ” баромад карда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.                                                                                 28.04.2023 дар МДТ ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино олимпиадаи ҷумҳуриявии “Авитсена-2023” баргузор гардид, ки дар он 6 донишҷӯи “Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” иштирок намуда, сазовори сертификат гаштанд.                                                                                                                      25-26 майи соли 2023 дар донишкадаи тиббии ш. Фарғона (Ҷумҳурии Узбекистон) озмуни байналмилалии “Расмҳои анатомӣ” дар 6 номинатсия баргузор шуд, ки дар он донишҷӯёни гурӯҳи 12-уми курси 1-уми кори табобатӣ Абдуллоева М. ва Ҳомидзода М. сазовори ҷойи 2-юм гаштанд. 16-17 майи соли 2025 дар ш.Самарқанд конференсияи 79-ми байналмилалии илмӣ-амалӣ «Достижения фундаментальной, прикладной медицины и фармации»  гузашт, ки дар он донишҷӯи курси  2-юми гуруҳи 10-уми ф/м Мирсайева Ҳ.Ҳ. (роҳбари илмӣ Раҳматуллоев А.А.) бо маърӯза дар мавзӯи: Нишондиҳандаи дарозшавии қади ҷавонписарону ҷавондухтарони минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”.

     Аз тарафи  омӯзгорони кафедра дар ду  соли фаъолияти кафедра 4-то дастури таълимӣ, 13 мақола ва 35–то фишурда   дар  конфронсҳои байналмиллалӣ  ва ҷумҳуриявӣ  ва дар маҷаллаҳои КОА ба чоп расидааст.

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра буда,  дар  соатҳои тарбиявӣ тибқи ҷадвал гузаронида мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.ф. (PhD), Убайдуллоҳзода М.А.  тасдиқшуда пеш бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ  дар бар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.

Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯен дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом, реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ сӯҳбат мекунанд.

Дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ  тибқи нақшаи кории кафедра оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Ҷумҳурии Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

 Маълумотнома

оид ба кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон

            Кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022 № 04-29 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.

           Кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ дар ошёнаи дуюми МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Дар кафедра 6-то ҳуҷраи таълимӣ, 1-то толори лексионӣ ва анатомӣ мавҷуд аст. Дар таҳхонаи Донишкада якто ҳуҷра барои нигаҳдории узвҳои хушку тар ҷойгир аст. Инчунин дар таҳхонаи клиникаи илмӣ-таҳқиқотии назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ–иҷтимоии Тоҷикистон”  «Осорхонаи анатомӣ» мавҷуд аст, ки дар он якчанд препаратҳои осорхона ҷойгир шудаанд. Онҳоро донишҷӯёни мо бо роҳбарии омӯзгорони кафедра омода кардаанд.  Ҳамаи утоқҳои таълимӣ бо банерҳо ва аёниятҳои дидактикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар кафедра 3-то доскаи электронӣ ва 2-то проектор бо экрани ҷамъшаванда ҷойгир карда шудааст. Роҳбарият ба кафедраи мо мизи “Пирогов”-ро харидорӣ намуд ва бо ин сабаб дар кафедра синфхонаи ин ташкил карда шуд. Дар “Толори анатомӣ”–и кафедра  зиёда аз 140 намуд мулуҳою узвњои алоњида, инчунин 150 планшет оид ба системаҳои гуногуни бадани одам мавҷуд аст.

Омӯзгорон дар кафедра   барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ  аз услубу  усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим истифода мебаранд. Барои бештар азхуд намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо, доскаи электронӣ ва мизи “Пирогов” истифода  мешаванд. Донишљўён низ аз рўи банерњо, мулуҳо ва узвњои алоњида донишандўзї намуда ба дарсњо тайёрї мебинанд.

Ҳангоми машғулиятгузаронӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводҳои аудио-визуалӣ  васеъ истифода мебарад.

Кор ва фаъолияти собиқа

1981-1987

Донишљўи факултети муолиҷавии  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

1987- 1988

Интернатура дар шӯъбаи терапияи  БШК № 5  ш.Душанбе

1988 -2017

Муаллими калони кафедраи “анатомияи одам” ба номи Я.А. Раҳимови ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

2017-2020

ҶДММ “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе” мудири. кафедраи фанҳои морфологӣ

2020 то ин ҷониб

МТҒ “Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон” мудири. кафедраи “Анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ”

Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА

  • Сатторов Саидбек

    Раҳматуллаев Азамшоҳ  Асламшоевич

    - Вазифа: мудири кафедраи “Анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ”

    - Унвони илмӣ: муаллими калон

    Тел: +992 551 05 50 64

    Почтаи электронӣ: azamshoh64@gmail.com

  • Мирзоева Фазила

    насаб-Давлаталӣ

    ном-Хисрави

    вазифа-ассистент

    ихтисос-Духтури Эҳёгар

    Тел: +992 007 55 01 07

    Почтаи электронӣ:khisrav93@gmail.com

  • Туразода Парвиз

    насаб-Шохуҷаев

    ном-Аслонхуҷа

    вазифа-ассистент 

    ихтисос- духтури ҷарроҳ

    Тел: +992 938151001     

    Почтаи электронӣ:  doctor101089@gmail.com

  • Назармамадова Соҳибҷамол

    Давлатова Моҳшариф

    - англисӣ (омӯзгор)

    Тел: +992 904086226

    Почтаи электронӣ:  hakimjonsaidzoda@gmail.com

  • Мирзоева Фазила

    Ҳалимова Саёра

    -Биолог

    Тел: +992 918482913

    Почтаи электронӣ: sayorahalimova13@gmail.com

  • Мавлоназарова Сулҳия

    Абдураҳмонова Муҳаё

    - Ҳамшираи тибб

    Тел: +992 915 85 61 81

    Почтаи электронӣ:  mehrangez94_94@mail.ru

  • Мирзоева Фазила

    Одинаев Ҳофиз

    -духтур

    Тел: +992 918-26-95-01 

    Почтаи электронӣ: odinhofiz@mail.ru 

  • Мавлоназарова Сулҳия

    Султонмамадов Асад

    - Духтури ҷарроҳ

    Тел: +992 111-02-04-97

    Почтаи электронӣ: davlatasad04@gmail.com 

  • Мирзоева Фазила

    Эмомова Дилангез

    -Духтур

    Тел: +992 907793271

    Почтаи электронӣ: sheya_shom_@icloud.com 

  • Мавлоназарова Сулҳия

    Холиқзода Мавзуна

    - Духтур 

    Тел: +992 000079521

    Почтаи электронӣ: holikzodamavzuna@icloud.com  

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

Ба рӯйхат