Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй


Санаи азнавсозӣ: 21.11.2026

  • Раҳматуллаев Азамшоҳ

    Раҷабзода Баҳодур Баҳром

    Вазифа: Мудири кафедра

    Ихтисос: Стоматолог

    Тел: +992 

    Почта: 

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

           Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй яке аз сохторҳои таркибии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаии тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Кафедра дар асоси фармоиши ректори донишкада  таҳти № 04-28 аз 27 январи соли 2022 таъсис дода шудааст. Таъсиси он марҳилаи муҳим дар рушди таҳсилоти стоматологӣ, такмили омодасозии касбии табибони ояндаи стоматолог ва ташаккули заминаи муосири таълимӣ-клиникӣ гардид. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ кафедра ба таъмини таълими босифати фанҳои махсуси тиббӣ, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва такмили омодагии амалии донишҷӯён равона гардидааст. Диққати асосӣ ба омӯзиши стоматологияи ҷарроҳӣ, бемориҳои илтиҳобии минтақаи ҷоғу рӯй, осебҳои травматикӣ, бемориҳои ғадудҳои оби даҳон, кистаҳо ва омосҳо равона карда мешавад.
       Тибқи фармоиши ректори донишкада, Раҷабзода Баҳoдур Баҳромович мудири кафедра таъин гардидааст. Ӯ роҳбарии умумии фаъолияти кафедра, ҳамоҳангсозии раванди таълим ва ташкили корҳои таълимию методиро ба зимма дорад. Яке аз марҳилаҳои муҳими ташаккули кафедра таъсиси ҳайати омӯзгорӣ, ташкили таъминоти таълимию методӣ ва таҳияи маводи таълимӣ оид ба самтҳои асосии стоматологияи ҷарроҳӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба ҳисоб меравад. Ҳайати омӯзгорони кафедра мутахассисонеро муттаҳид менамояд, ки дорои таҷрибаи тиббӣ ва омӯзгорӣ мебошанд. Фаъолияти онҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён ва рушди тафаккури клиникии онҳо равона гардидааст.
       Дар раванди таълим ба робитаи мутақобилаи донишҳои бунёдии тиббӣ бо амалияи клиникӣ диққати махсус дода мешавад. Донишҷӯён хусусиятҳои анатомии минтақаи ҷоғу рӯй, этиология ва патогенези бемориҳои ҷарроҳӣ, усулҳои муосири муоинаи беморон, инчунин принсипҳои ташхис ва табобатро меомӯзанд. Самти муҳими фаъолияти кафедра ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ, такмили усулҳои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва истифодаи масъалаҳои клиникӣ, маводи мултимедиявӣ ва адабиёти илмӣ мебошад. Кафедра инчунин ба рушди иқтидори илмии омӯзгорон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани маърӯзаҳои илмӣ, омӯзиши нашрияҳои муосири тиббӣ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмию таълимӣ аҳамияти хос дорад. Дар марҳилаи кунунӣ кафедра ба такмили минбаъдаи раванди таълим, рушди малакаҳои амалии донишҷӯён, ҷорӣ намудани дастовардҳои илми муосири тиб ва густариши ҳамкориҳои касбӣ бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ равона гардидааст.

                                                ҶОЙГИРШАВӢ ВА ПОЙГОҲҲОИ КЛИНИКӢ  

        Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар ошёнаи дуюми Маркази клиникӣ ва илмӣ-таълимии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ–иҷтимоии Тоҷикистон» ҷойгир шудааст. Кафедра фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ ва клиникиро амалӣ намуда, ба таъмини омодагии босифати донишҷӯёни ихтисоси стоматологӣ равона гардидааст. Пойгоҳи таълимии кафедра барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ, кори мустақилонаи донишҷӯён, азхуд намудани асосҳои назариявии стоматологияи ҷарроҳӣ ва ташаккули салоҳиятҳои касбии табибони ояндаи стоматолог пешбинӣ шудааст.

        Ташкили муҳити таълимӣ имконият медиҳад, ки машғулиятҳо бо истифода аз технологияҳои муосири таълимӣ, воситаҳои аёнӣ, тасвирҳои тиббӣ, презентатсияҳои мултимедиявӣ ва адабиёти махсуси таълимӣ гузаронида шаванд. Пойгоҳҳои клиникии кафедра қисми муҳими омодагии амалии донишҷӯён ба ҳисоб мераванд. Онҳо барои шиносоӣ бо ташкили ёрии стоматологии ҷарроҳӣ, омӯзиши усулҳои муоинаи клиникии беморон, равишҳои муосири ташхис ва принсипҳои табобати бемориҳои минтақаи ҷоғу рӯй истифода мешаванд. Ба азхудкунии амалии усулҳои муоинаи беморон, аз ҷумла ҷамъоварии анамнез, баҳодиҳии ҳолати умумии бемор, муоинаи берунии рӯй, палпатсияи гиреҳҳои лимфавии минтақавӣ, таҳқиқи буғуми чаккаю ҷоғи поён ва муоинаи узвҳою бофтаҳои ковокии даҳон диққати махсус дода мешавад. Дар доираи омӯзиши клиникӣ донишҷӯён бо самтҳои асосии расонидани ёрии стоматологии ҷарроҳӣ, хусусиятҳои пешбурди беморони гирифтори бемориҳои илтиҳобӣ, осебҳои травматикӣ, кистаҳо ва дигар ҳолатҳои патологии минтақаи ҷоғу рӯй шинос мешаванд. Машғулиятҳои амалӣ ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва ташаккули малакаҳои тафаккури клиникӣ равона гардидаанд. Донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгорон ва мутахассисони соҳибихтисос пайдарпайии муоинаи ташхисӣ, принсипҳои муайян намудани ташхиси пешакӣ, усулҳои таҳқиқоти иловагӣ ва равишҳои асосии интихоби тактикаи табобатро меомӯзанд.

       Ҷузъи муҳими омодагии клиникӣ омӯзиши асбобҳои ҷарроҳӣ, қоидаҳои омода намудани ҷойи кори табиб, талабот ба стерилизатсия ва безараргардонии асбобҳои тиббӣ, инчунин риояи низоми санитарию зиддиэпидемикӣ мебошад. Ба масъалаҳои асептика ва антисептика, пешгирии сироятҳои дохилибеморхонагӣ, истифодаи оқилонаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва таъмини бехатарии беморон ва кормандони тиб аҳамияти махсус дода мешавад. Дар раванди омодагии амалӣ донишҷӯён оид ба марҳилаҳои асосии амалиёти ҷарроҳӣ, принсипҳои бедардкунии маҳаллӣ, коркарди ҷарроҳии захмҳо, пешгирии оризаҳои баъдиҷарроҳӣ ва хусусиятҳои назорати беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ дониш мегиранд.

                                                           САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ

- фаъолияти таълимию методӣ;

- фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ;

- корҳои тарбиявӣ ва рушди донишҷӯён;

- фаъолияти клиникӣ ва табобатӣ;

- рушди малакаҳои амалии донишҷӯён.

                                                            ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ

          Фаъолияти таълимию методии кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кафедра ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили мазмуну муҳтавои раванди таълим ва ташаккули донишҳои назариявию малакаҳои амалии донишҷӯён равона гардидааст. Дар ин самт таҳия ва такмили барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои корӣ ва силлабусҳо, омода намудани маводи лексионӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар маводи зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, барои ташкили самараноки корҳои мустақилонаи донишҷӯён маводи таълимӣ ва супоришҳои мувофиқ таҳия гардида, мазмуну муҳтавои онҳо бо назардошти талаботи муосири таҳсилоти тиббӣ такмил дода мешаванд. Дар раванди таълим омӯзгорони кафедра аз усулҳои гуногуни муосири таълим, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, воситаҳои электронии таълим, презентатсияҳо ва усулҳои интерактивии омӯзиш истифода мебаранд. Таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи таҷрибаи клиникӣ, омӯзиши ҳолатҳои беморон, таҳлили масъалаҳои клиникӣ ва ташаккули қобилияти мустақилонаи қабули қарорҳои касбӣ равона карда мешавад. Бо мақсади муайян намудани сатҳи азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён саволномаҳо, тестҳо ва дигар маводи санҷишӣ таҳия гардида, баҳодиҳии донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии онҳо мунтазам гузаронида мешавад.

          Дар ҷараёни таълим ба алоқамандии донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалии тиббӣ, рушди тафаккури клиникӣ, ташаккули қобилияти таҳлил, муқоиса ва хулосабарорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Машғулиятҳои таълимӣ бо истифода аз маводи соҳавӣ ва таҷрибаи клиникӣ гузаронида шуда, барои мустаҳкам намудани донишҳои азхудкардаи донишҷӯён ва инкишофи малакаҳои касбии онҳо замина фароҳам меоранд. Омӯзгорони кафедра ҷиҳати такмили пайвастаи раванди таълим, истифодаи дастовардҳои муосири илми тиб ва технологияҳои нави омӯзишӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои назариявию амалӣ фаъолияти мунтазам анҷом медиҳанд.

         Ҳамаи корҳои таълимию методӣ ба беҳтар намудани сифати таҳсилот, ташаккули малакаҳои зарурии касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус, масъулиятшинос ва рақобатпазир дар соҳаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй равона карда шудаанд.

                                        ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

         Дар давраи солҳои 2022–2026 фаъолияти илмию тахқиқотии кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар самтҳои афзалиятноки стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба роҳ монда шуда, ба омӯзиши масъалаҳои мубрами соҳа, такмили усулҳои ташхису табобат ва рушди корҳои илмӣ равона гардидааст. Дар ин давра аз ҷониби омӯзгорони кафедра 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳуриявӣ ва 4 мақолаи илмӣ дар маҷмӯаҳои маводи конференсияҳои илмӣ ба нашр расонида шуда, зиёда аз 20 фишурдаи илмӣ (тезис) дар маҷмӯаҳои конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп гардидааст. Ҳамзамон, 8 нафар омӯзгори кафедра дар конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро пешниҳод кардаанд. Дар баробари ин, ба ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт 15 нафар донишҷӯ фаъолона иштирок намудаанд. Аз ҷониби донишҷӯён 12 маърӯзаи илмӣ дар конференсияҳои донишкадави байналмилалӣ  ва ҷумҳуриявӣ омода ва пешниҳод гардида, 5 кори илмии онҳо дар шакли мақола ва тезис ба нашр расонида шудааст.

       Фаъолияти мазкур барои рушди иқтидори илмии кафедра, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои таҳқиқотии омӯзгорону донишҷӯён, инчунин густариши иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

                                      ФАЪОЛИЯТИ  ТАРБИЯВӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁН

        Фаъолияти тарбиявии кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кафедра ба ҳисоб рафта, ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқӣ, маънавӣ ва ватандӯстии донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату дорои фарҳанги баланди касбӣ равона гардидааст.Корҳои тарбиявӣ дар кафедра мутобиқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ ба роҳ монда шуда, дар ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ, соатҳои тарбиявӣ, суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин раванд ба татбиқи талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги халқ ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Омӯзгорони кафедра дар доираи корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, эҳтироми муқаддасоти давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва одобу рафтори намунавӣ мунтазам суҳбатҳо мегузаронанд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

         Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявии кафедра ташаккули фарҳанги баланди касбӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи тиббӣ мебошад. Бо донишҷӯён оид ба муносибати эҳтиромона нисбат ба беморон, риояи сирри тиббӣ, масъулиятшиносӣ, одоби муошират бо беморон ва ҳамкорон, инчунин риояи талаботи Кодекси ахлоқи тиббии кормандони соҳаи тандурустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, нашъамандӣ ва дигар омилҳои ба ҳаёти солими ҷомеа таҳдидкунанда диққати махсус дода мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷавонон вохӯриҳо, суҳбатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ташкил карда мешаванд.
      Кафедра инчунин ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ташаккули фарҳанги муносибат ба саломатии шахсӣ ва ҷамъиятӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Донишҷӯён ба иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ ҷалб карда мешаванд. Ҳадафи асосии фаъолияти тарбиявии кафедра тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи тиб мебошад, ки дорои дониши мукаммали касбӣ, фарҳанги баланди ахлоқӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва муносибати инсонпарварона нисбат ба беморон бошанд.

        Дар кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба рушди қобилияти касбӣ ва амалии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар доираи фаъолияти таълимӣ олимпиадаи фаннӣ аз рӯйи ихтисоси стоматологияи ҷарроҳӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 4–5-уми факултети стоматологӣ ва ординаторони клиникӣ иштирок намуданд. Олимпиада аз се марҳила иборат буд:
марҳилаи якум санҷиши донишҳои назариявӣ тавассути тест;
марҳилаи дуюм ҳалли масъалаҳои клиникӣ;
марҳилаи сеюм — намоиши малакаҳои амалии ҷарроҳӣ дар моделҳои биологӣ.
     рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастии олимпиада:
ҷойи якум — донишҷӯи курси 5;
ҷойи дуюм — донишҷӯи курси 4;
ҷойи сеюм — донишҷӯи курси 5.
     

                                  САМТҲОИ АСОСИИ ХИЗМАТРАСОНӢ

- ёрии ҷарроҳии стоматологӣ, аз ҷумла кандани дандон;

- ташхис ва табобати бемориҳои илтиҳобии минтақаи ҷоғу рӯй;

- расонидани ёрии таъҷилӣ ҳангоми ҳолатҳои дахлдор;

- муоинаи осеби ҷоғҳо ва бофтаҳои нарми рӯй;

- ташхиси бемориҳои ғадудҳои оби даҳон, кистаҳо ва омосҳо.

                                         БАРТАРИҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ

- муносибати касбӣ ҳангоми муоина ва табобати беморон;

- риояи талаботи санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои асептикаву антисептика;

- истифодаи усулҳои ташхис мувофиқи нишондодҳои клиникӣ;

- муносибати инфиродӣ ба ҳар бемор;

  • иштироки омӯзгорон дар таълим ва омодагии клиникии донишҷӯён.

КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ КАФЕДРАИ ҶАРРОҲИИ ҶОҒУ РӮЙ

  • Дӯстматов Хусниддин

    Раҷабзода Баҳодур Баҳром

    Вазифа: мудири кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992              Почта: 

  • Дӯстматов Хусниддин

    Худоёров Сайғуфрон Абдукалилович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992 987 200 782        Почта: saidkhudoyorov@gmail.com 

  • Давлятмирова Зарина

    Худоёров Хилоли Сайғуфронович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992 980109010            Почта: hudoerovhilol@gmail.com 

  • Султанов Неъматҷон

    Мирсаидов Ҷамшед Сафаралиевич

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992             Почта: 

  • Максудов Камолхӯҷа

    Ҷамилов Абдушаҳоб Ҷамолович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992              Почта: 

  • Муродов Меҳровар

    Пахлавонов Сайфулло Абдулхалимович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992               Почта: 

  • Замонова Рухшода

    Қосимов Далер Сайолимович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992              Почта: 

  • Нуров Кароматулло

    Рауфов Муҳаммад Рауфович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992 885508118        Почта: muhammadraufov11@gmail.com 

  • Умирова Фарида

    Шодиев Акмал Соҳибович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992       Почта: 

  • Асоев Манучеҳр

    Миров Фирдавс Мирзодаватович

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Ихтисос: стоматолог

     

    Тел: +992 501 220 498         Почта: asoeymanuchehr11@gmail.com

  •  

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Ба рӯйхат