Кафедраи бемориҳои сироятӣ


Соҳибназарзода Рухшона Ҳақназар

н.и.т., и.в. Мудири кафедраи «Бемориҳои сироятӣ»

E-mail: Sohibnazarovar@gmail.com

Пойгоҳи клиникии кафедра

        Айни ҳол дар кафедра 1 нафар номзади илмҳои тиб, 2 нафар ассистентҳои ҷавон ва 2 нафар кормандони собиқадори кафедра фаъолият карда истодаанд.  Дар маҷмуъ 5 нафар ҳайати кафедраро ташкил менамоянд. Пойгоҳи клиникии кафедра дар 2 беморхона ҷойгир аст:

  1. Беморхонаи сироятии ш. Душанбе (куч. Зарафшон) ва
  2. Маркази тиббии шаҳрии №1 (1 Советский, ш.Душанбе)

Таърихи кафедра

Кафедраи «Бемориҳои сироятӣ»  санаи 31.08.25 сол бо қарори Шурои олимони МТҒ «Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст ва фаъолияташро аз моҳи сентабри соли 2025 оғоз намудааст. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро Соҳибназарзода Рухшона Ҳакназар номзади илмҳои тиб ба зимма дорад.

Корҳои методӣ -таълимӣ

Дар кафедра, пеш аз оғози соли таҳсил нақшаҳои дарсҳои назариявӣ ва амалӣ барои ҳамаи факултаҳо тартиб дода шуда, аз тарафи муовини ректор оид ба  таълим  тасдиқ карда мешаванд.

Дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ омӯзгорон ба таври васеъ аз равишҳои муосири методологии таълим ва назорат истифода мебаранд. Усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва машғулиятҳои амалӣ пайваста такмил дода мешаванд. Синфхонаҳои  кафедра бо лавозимоти замонавӣ таҷхизонида шудаанд: тахтаҳои электронӣ, проектор, мизҳо ва курсиҳои замонавӣ ва камераҳои назоратӣ.

Барои ҳамаи факултаҳои донишкада,  барномаҳои корӣ (силлабус) бо забони давлатӣ, англисӣ ва русӣ таҳия ва тасдиқ шудааст. Инчунин, барои азхудкунии фан дар китобхонаи донишкада ва кафедра шумораи зарурии маводҳои таълимӣ бо забони давлатӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, китобҳои дарсӣ:  

  1. «Бемориҳои сироятӣ» (муаллиф доктори илмхои тиб, профессор Раҳмонов Э.Р., нашри 2017с.).
  2. «Бемориҳори сироятии кӯдакона» (муаллиф Файзуллоев Нусратулло, нашри 2019 с.);

3.«Бемориҳои сироятии кӯдакона» (муаллиф Раҳматов Н.А. ва Саидмуродова Г.Н., нашри 2020 с.)

Кори тарбиявӣ

Дар кафедра корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни факултаҳои кори табобатӣ курси 6, тиббӣ-психологӣ бо донишҷуёни курси 5  ва стомотологӣ ба донишҷуёни курсҳои 4  гузаронида мешаванд. Инчунин дарсҳои фаннӣ барои донишҷӯёни хориҷии курси 5-ум бо забони англисӣ гузаронида мешаванд. Нақшаи умумии кори тарбиявии  кафедра ва омӯзгорон бо гурӯҳҳои кураторӣ дар ҷаласаҳои кафедра тасдиқ карда мешаванд.

Мунтазам бо донишҷӯён оид ба экстремизм ва терроризм, рафтори  дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, этикаи суханварӣ, муошират ва муроҷиат ба одамони гирду атроф, тарзи либоспушӣ, этика ва деонтологияи тиббӣ мулоқотҳо гузаронида мешаванд. Диққати махсус ба иштироки донишҷӯён дар дарсҳои амалӣ ва назариявӣ дода мешавад. 

Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ

         Аз тарафи кормандони кафедра  зиёда аз 23 асарҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва англисӣ  нашр гардидаанд. Як адад китоби дарсӣ «Беморихои сироятии кудакона» (муаллиф Ахмедова С., ҳаммуаллиф Талабов Н.С., нашри 2021 с.) таҳия ва нашр гардидааст.

   Ҳамкорони дохилӣ ва беруна:

Ассосӣ (дохилӣ):

  • Соҳибназарзода Р.Ҳ.
  • Тошпулотов Б.Ш.
  • Салихова М.С.

Беруна:

  • Ахмедова С.
  • Ганиев Х.

Маҳфили илмии донишҷӯён

Дар кафедра фаъолияти маҳфили илмии донишҷуён (МИД) бо назардошти «Нақшаи кории кафедра барои сол таҳсили 2025-2026» барои донишҷуёни лаёқатманд ва хоҳишманд пешбинӣ шудааст. Маҳфили илмии донишҷӯён бо мақсади рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалӣ ва инчунин ҷалби донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотӣ фаъолият менамояд.

Ба рӯйхат