Кафедраи ҷарроҳии кӯдакона, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ


ЯХШИБЕКОВА ШАРОФАТ ҶАФАРКУЛОВНА

Вазифа: мудири кафедра

Ихтисос:ҷарроҳии кӯдакона

Дараҷаи  илмӣ:номзади илмҳои тиббӣ

Аъзои ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакона, анестизиологҳо ва реаниматологҳои ҶТ ба номи А.Т.Пулатов

E-mail: Sharofat1966@inbox.ru

Тел: +992 935303994

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

                Кафедраи Ҷарроҳии кӯдакона, Анатомияи топографӣ ва Амалияи ҷарроҳи ҳамчун кафедраи мустақил 25 июни соли 2025 дар асоси фармони ректор  № 04-323 МТҒ «Донишкадаи  тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис ёфтааст. Таҳти роҳбарии  Ш.Ҷ. Яхшибекова самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методии кафедра ташаккул ёфтааст, пойгоҳҳои клиникӣ ва равишҳои муосири таълим муайян карда шуданд. Кафедра аз лаҳзаи таъсисёбӣ фаъолияти худро тибқи нақшаи кории  кафедра, Низомнома дар бораи кафедра, қарорҳо ва фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъерию ҳуқуқӣ ва қарорҳои Шурои олимони МТҒ "Донишкадаи  тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон" ба роҳ мондааст..     

              Аз лаҳзаи таъсисебӣ, кафедра ба ҳамгироии донишҳои бунедӣ оид ба анатомияи топографӣ ва ҷарроҳии оперативӣ бо ҷанбаҳои клиникии ҷарроҳии кӯдакон равона карда шудааст, ки идомаи омӯзиши назариявӣ ва омодагии амалии донишҷӯёнро таъмин мекунад.

              Дар соли аввали кори кафедра барномаҳои таълимии фанҳо таҳия ва ҷорӣ карда шуда, маводҳои методӣ , машғулиятҳои амалӣ ва клиникӣ ташкил карда шуданд. Ҳамзамон, корҳои илмии омӯзгорон ва донишҷӯён оғоз ёфтанд.                        

              Кафедра фаъолияти худро рушд дода, дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ иштирок меварзад ва дар тайер намудани кадрҳои тиббӣ барои системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  арзанда мегузорад .

 САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА ҶАРРОҲИИ КӮДАКОН, АНАТОМИЯИ ТАПОГРАФӢ ВА ҶАРРОҲИИ ОПЕРАТИВӢ

 -Баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи ҷарроҳии кӯдакона, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо;

- Баланд бардоштани самаранокии таълимии фанҳо, аз ҷумла таълим бо истифода аз усулҳо ва омӯзиши муосир. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, тренингҳои кушод ва интихобӣ, конфронсҳо ва семинарҳо;

- Такмил додан раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқоти нави илм ;

 -Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиети таълимӣ; Баланд бардоштани сатҳи фаъолияти таълимӣ, ахлоқӣ, ғоявию сиесӣ ва тарбиявии донишҷӯён.

 - такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон.

КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА:

              Дарсҳо асосан дар бинои маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди МТҒ “Донишкадаи  тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, инчунин дар Муассисаи давлатии « Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”» гузаронида мешаванд.Омӯзгорони кафедраусулҳои муосир ва самараноки таълимро барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва ҷалби  фаъоли донишҷӯён ба  раванди таълим истифода мебаранд. Барои  беҳтар азхуд бештар намудани маводи таълимӣ дар дарсҳои амалӣ ва назараявӣ, слайдҳои мултимедиявӣ, маводҳои видеоӣ ва аз тахтаҳои электронӣ истифода мебаранд.

            Дар кафедра донишҷӯёни курси 3,4, ва 5-и факултети тиббӣ, инчунин донишҷӯёни  факултети стоматологӣ фанҳои ҷарроҳии кӯдакон, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳиро меомӯзанд. Таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда шуддааст.

 КОРКУНОНИ КАФЕДРА:

Ба рӯйхат