Маркази омӯзиши симулятсионӣ
![]() |
Ном: Саида Насаб: Қурбонзода Вазифа: Мудири маркази омӯзиши симулятсионӣ Дараҷаи илмӣ: унвонҷӯ Ихтисос: иқтисодчӣ Телефони корӣ: +992 918798516 Е-mail: saedakurbanova@gmail.com |
Маркази омӯзиши симулятсионӣ
Маркази омӯзиши симулятсионӣ бахши таркибии сохтори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” буда, бо мақсади ташаккул, инкишоф ва дастгирии салоҳиятнокии клиникӣ дар байни донишҷӯёни донишкада ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин барои таъмин кардани муҳити бехатар, бидуни таваккал кардан ба саломатии беморон, эътимоднокии маърифатӣ ки барои омӯзиши самараноки малакаҳои клиникиву муоширатӣ мусоидат мекунад ва принсипи омӯзиш дар тӯли тамоми ҳаёт баҳри амалӣ кардан ташкил карда шудааст. Дар доираи амалигардонии Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2008 (№512) тасдиқ карда шудааст, дар сохтори донишкада бо фармоиши № 04-471 аз 01.09.2022 Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис дода шуд.
Илова ба фармоиши №04-471 аз 01.09.2022 бо фармони Ректори донишкада аз санаи 22.10.2025 номи маркази омӯзиши малакаҳои амалии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба Маркази омӯзиши симулятсионӣ (МОС) иваз карда шуд.
Рисолати марказ: Таъмин намудани муҳити муносиби таълимӣ барои омӯзиши малакаҳои клиникӣ.
Мақсади марказ: Имконияти ташаккул, инкишоф додан ва дастгирии салоҳиятнокии клиникӣ, таъмини муҳити эътимодноки маърифатӣ барои омӯзиши самараноки клиникӣ ва коммуникативӣ. Ташкил намудан ва гузаронидани мониторинги сифати омӯзиш ва самаранокии азхудкунии малакаҳои клиникӣ ва комуникативии донишҷӯён дар шароити Маркази омӯзиши симулятсионӣ.
ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МАРКАЗ

Ҳайати кормандони маркази омӯзиши симулятсионӣ
- Мудир;
- Мутахассисон оид ба равияҳои «бемориҳои дарунӣ», «бемориҳои кӯдакона», «бемориҳои ҷарроҳӣ», «акушерӣ ва бемориҳои занона»;
- Омӯзгорон аз фанҳои таълимӣ, ки дар марказ таҷрибаҳои касбиро амалӣ месозанд:
- акушерӣ ва бемориҳои занона;
- анестезиология ва реаниматология;
- бемориҳои дарунӣ;
- бемориҳои кӯдакона ва неонаталогия;
- ҷарроҳӣ ва ғайраҳо.
Дар Марказ дарсҳои амалӣ аз рӯи ҷадвали таълимӣ гузаронида мешаванд:
- барои донишҷӯёни курси 2-юми факултетҳои тиббӣ, психологияи тиббӣ, тиббӣ-иҷтимоӣ ва фармасевтӣ курси малакаҳои амалӣ,
- бо донишҷӯёни курси 3-юми факултетҳои тиббӣ, аз фанҳои Таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона, Ҷарроҳии умумӣ, Курси малакаҳои клиникӣ;
- бо донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 факултетҳои тиббӣ, аз фанҳои Акушерӣ ва гинекология, Анестезиология ва реаниматология, Бемориҳои дарунӣ, Бемориҳои кӯдакона, Бемориҳои ҷарроҳӣ;
Вобаста ба фанни таълимӣ донишҷӯён малакаҳои амалии худро таҳти назорати омӯзгор мегузаронанд. Давомоти донишҷӯён дар дафтар қайд карда мешавад.
