Кафедраи онкология ва ташхиси шуоӣ
![]() |
Хусейнзода Зафар Ҳабибулло Доктори илми тиб, профессор, сармутаxассиси соҳаи саратоншиносии ВТҲИА ҶТ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мудири кафедраи Онкология ва ташхиси шуоӣ МТҒ “Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” |
Кафедраи Онкология ва ташхиси шуоӣ
Кафедраи онкология ва ташхиси шуоии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон» аз 1 сентябри соли 2025 кор ва фаъолияти худро оғоз кард. Кафедраи онкология ва ташхиси шуоии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон» омодасозии мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи онкологияи клиникӣ, ташхиси шуоӣ ва терапияи шуоӣ мутобиқ ба стандартҳои муосири таҳсилот ва талаботи низоми тандурустӣ амалӣ менамояд. Раванди таълим ба ташаккули салоҳиятҳои муосири касбӣ дар донишҷӯён ва табибони интерна, рушди тафаккури клиникӣ ва азхудкунии принсипҳои тиббӣ далелнок равона гардидааст.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра аз ташкил ва баргузории раванди таълим барои донишҷӯёни курсҳои болоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, ташаккули тафаккури клиникӣ ва малакаҳои амалии тиббӣ дар заминаи принсипҳои тибби далелнок, инчунин омода намудани мутахассисони ҷавон ба фаъолияти амалӣ дар низоми тандурустӣ иборат мебошад. Фаъолияти таълимӣ- курсҳои лексионӣ, машғулиятҳои амалӣ, таҳлилҳои клиникии беморон, кор бо беморон дар пойгоҳҳои клиникӣ, инчунин фаъолияти мустақилона ва илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёнро дар бар мегирад. Ба ташхиси барвақтии намудҳои бадсифат, усулҳои муосири табобат, муносибати байнисоҳавӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Фаъолияти илмии кафедра ба омӯзиши масъалаҳои мубрами онкология ва ташхиси шуоӣ, такмили усулҳои ошкорсозии барвақт, ташхис ва табобати мураккаби навзудҳои бадсифат равона гардидааст. Кормандони кафедра дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳияи маводи таълимию методӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва профилактикӣ, ки ба баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббӣ ва баланд намудани ҳушёрии онкологӣ миёни кормандони тиб ва аҳолӣ равона шудаанд, саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳадаф ва вазифаҳои кафедраи онкология ва ташхиси шуоӣ:
Омӯзиши донишҷӯён ва табибон оид ба бемории саратон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ.
Ҳадаф ва вазифаҳои асосии кафедра:
- Омода намудани донишҷӯён ба фаъолият дар ҷомеаи касбии онкологӣ ва инкишофи малакаи ҳамкорӣ; тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинӣ ва салоҳиятҳои иҷтимоиву фарҳангии донишҷӯён дар раванди таълим; тарбияи донишҷӯён дар раванди омӯзиши фанни онкология бо мақсади ташаккули муносибати инсондӯстона ба бемор ва дарки амиқи арзишҳои умумибашарӣ; ташаккул ва рушди тафаккури клиникӣ вобаста ба ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои 5–6; кор бо донишҷӯён ҷиҳати бедор кардани шавқу ҳавас ба соҳаи онкология ва интихоби касби мутобиқ, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои муҳимми илмӣ ва техникии ҷаҳонӣ дар соҳаи онкология барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, фаҳмондани воқеиятҳо барои барҳам задани афсонаҳо ва стереотипҳои мавҷуда дар бораи саратон.
- Омӯзонидани асосҳои онкология, ташхиси нурӣ ва табобати он ба донишҷӯёни муассисаҳои олии тиббӣ.
- Тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи онкология ва рентгенология.
- Ҷорӣ кардани технологияҳо ва усулҳои муосири таълим ба раванди омӯзиш.
Таҳқиқоти илмӣ:
- Гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами онкология ва рентгенология.
- Коркард ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ.
- Омӯхтани эпидемиология ва пешгирии бемориҳои саратонӣ.
- Омӯхтани механизмҳои инкишофи омосҳо.
Фаъолияти клиникӣ:
- Расонидани ёрии тиббии босифат ба беморон ва бемориҳои онкологӣ.
- Ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат ба амалияи клиникӣ.
- Таъмини пайгирӣ ва пайвастагӣ дар расонидани ёрии тиббӣ ба беморони гирифтори саратон дар тамоми марҳилаҳои табобат.
- Ҳамкорӣ бо муассисаҳои дигари тиббӣ дар масъалаҳои ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратонӣ.
Вазифаҳои иловагӣ:
- Коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави ташхиси шуоӣ ва терапия, аз ҷумла технологияҳои гибридӣ.
- Иштирок дар тадқиқотҳои байналмилалии клиникӣ.
- Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои саратонӣ.
- Иштирок дар фаъолияти марказҳои онкологӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ.
