Кафедраи химияи умумӣ


Абдиразоқов Алланазар 

Вазифа: и.в. мудири кафедраи Химияи умумӣ 

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия

Телефони корӣ: +992 900 21 20 44

Е-mail: abdirazoqovallanazar@gmail.com

МАЪЛУМОТНОМА

 оид ба Кафедраи Химияи умумии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон

   Кафедраи Химияи умумӣ дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 25 июли соли 2024 №04-377 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.  

    Кафедраи Химияи умумӣ дар ошёнаи сеюми МТҒ “Донишкадаи тиббӣ -  иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Дар кафедра 4  ҳуҷраи таълимӣ ва якто озмоишгоҳи химиявӣ мавҷуд аст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимӣ бо банерҳо  ҷиҳозонида шудаанд.

     Кафедра    фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, қарорҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ мебошад.    Кафедраи  мазкур фаъолияти кории худро  мувофиқи нақшаи корӣ  барои соли 2025-2026  ба роҳ мондааст. Айни замон дар кафедра фанҳои зерин  таълим дода мешаванд:

Химия  умумӣ; Химияи  органикӣ; Химияи  ғайриорганикӣ; Химияи  таҳлилӣ; Химияи  физколлоидӣ; Химияи   фарматсевтӣ;

Дар кафедра 8 нафар омӯзгорони ботаҷриба  ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҳо 2 нафар номзади илмҳои химия, 6 нафар унвонҷуй (доктори фалсафа (PhD)) мебошанд.

Дар кафедраи мазкур як озмоишгоҳи  химиявӣ  мавҷуд аст, ки дарсҳои  амалиро омӯзгорон дар ин озмоишгоҳ мегузаронанд. Озмоишгоҳ бо асбобу реактивҳои химиявӣ таъмин мебошад.

       САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ХИМИЯИ УМУМӢ

  1. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои химия ва фарматсия, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
  2. Беҳтар намудани самаранокии таълими фанҳои химия ва фарматсия бо фаро гирифтани машғулиятҳо ва истифодабарӣ аз усулу технологияи муосири таълим.
  3. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
  4. Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
  5. Омодасозии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ - таълимӣ.
  6. Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
  7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
  8. Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

          КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

     Кафедраи химияи умумӣ мақсад дорад, ки дар корманди тибби оянда дониши асосҳои химияро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад.   

Дар кафедра донишҷӯёни курсҳои 1-уми  факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, кори иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ аз фанҳои химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, курси 2 факултети фарматсевтӣ химияи физколлоидӣ, химияи органикӣ ва химияи таҳлилӣ ва донишҷӯени курси курсҳои 3-юм, 4-ум ва 5-уми  факултети фармасевтӣ аз фанни химияи фарматсевтӣ таҳсил мекунанд.   Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз тарафи омӯзгорони дараҷаи унвондор ва маҳорати касбии баланддошта ба роҳ монда шудааст. 

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

         Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ ва русӣ  тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзуии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва озмоишӣ (лабораторӣ) нақшаи мавзуии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 18 барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанҳои химия барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тартиб дода шудааст. Аз рӯи ҳар як фан зиёда аз 400 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 250 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикршуда, дар  кафедра омода ва тартиб дода шудааст.

 КОРҲОИ ИЛМӢ ТАҲҚИҚОТӢ

     Бо мақсади  баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ, бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти  илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар  омӯхтани  фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои  назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён  дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи  соли 2020 (таҳти №1445) дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи  илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, дар кафедра пайваста дарсҳои кушоди таълимию тарбиявӣ гузаронида мешавад. Дар назди кафедра маҳфили фаннии “Химия барои тиб”  фаъолият дорад, ки онҳо тибқи нақшаи кории ҳамасола фаъолият дошта, шумори аъзоёни маҳфил 6 нафар омӯзгор ва 21 нафар донишҷӯёнро ташкил медиҳанд, ки фармоиш ва нақшаи кории он аз тарафи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор А.Ахмедов тасдиқ карда шудааст.  Натиҷаи фаъолияти ин маҳфилҳо ҳаст, ки донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиалилӣ ва озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.

Дар кафедра айни ҳол дастаи олимпии кафедра ташкил карда шудааст. Дар ин самт бояд қайд намуд, ки ҳайати олимпии кафедра дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, ҳамасола ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастури таълимӣ-методӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ яке аз вазифаҳои асосии олимони кафедра ба шумор рафта 3 монография 4 китоби дарсӣ, 6 дастури таълимию методӣ нашр карда шудааст.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра китоби дарсии “Химияи таҳлилӣ” (муаллиф н.и.х. Низомов И.М.) ва Дастури таълимии “Химияи органикӣ” (муаллиф Сайфуллоева М.Ҳ.)  омода карда шудаанд. 

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Дар кафедраи “Химияи умумӣ” тибқи нақшаи кории корҳои тарбиявӣ, ки аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия  Убайдуллозода М.Л. мувофиқа ва тасдиқ карда шуда, ба кор бурда мешавад. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, корҳои ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Ба рӯйхат