Кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ бо курси урология ва анестезиология
![]() |
Раҷабзода Мирзоалӣ Миралӣ номзади илмҳои тиб И.в Мудири кафедра E-mail: dr.rajabzoda@mail.ru Телефон: +992 918664912 |
Базаи клиникии кафедра
Айни ҳол дар кафедра 3 нафар н.и.т. ва 3 нафар унвонҷӯйи кафедраҳои гуногун фаъолият карда истодааст. Ҳайати кафедра аз 11 нафар корманди ҳамкори берунӣ иборат мебошад, ки дар кафедра аз 5 то 37 соли фаъолияти корӣ доранд, аз ҷумла: Раҷабзода М.М. 37 соли корӣ , Ҷӯраев Х.М. 36 соли корӣ, Ғаниев Б.Т. 32 солӣ корӣ ва ғайраҳо.
Кафедра дар заминаи Муассисаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ” фаъолият менамояд, ки аз як ҳуҷраи лексионӣ, ки бо проэктор ва тахтаи электронӣ, ҷиҳозонида шудааст, инчунин чор ҳуҷраи дарсӣ мавҷуд аст, ки бо асбобҳои аёнии дарси ҷиҳозонида шудааст (аз чумла овезаҳо, намуна скелети одам, мизу курсиҳо, компютерҳо ва ғайра).
Корҳои табобатӣ машваратӣ
Корҳои табобатӣ – машваратиро кафедраи “Травматология-ортопедия, ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ бо курси урология ва анестезиология” дар МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ” , МД ММТ ҶТ “Шифобахш” ва дар шуъбаҳои беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ корҳои табобатӣ – машваратӣ мегузаронанд:
Таърихи кафедра
Кафедраи “Травматология-ортопедия, ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ бо курси урология ва анестезиология” яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи июл соли 2024 дар заминаи Муассисаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ” таъсис дода шудааст. Фармоиши №04-352 аз 1 июли соли 2024 Кафедра дар асоси шартнома байни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” ва роҳбарияти Муассисаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ” таъсис дода шудааст.
Аз рӯзи таъсиси кафедра то имрӯз и.в. мудири кафедра Раҷабзода М.М. номзади илмҳои тиб, роҳбарӣ карда истодааст.
Соли аввали таҳсил дар кафедра 6 нафар мутахассисон (ассистентҳо) аз ҷумла Раҷабзода М.М. (и.в мудири кафедра) ва дигар мутахассисон муаллимони кафедра буданд.
Кафедра чор фанро меомӯзад: «Ортопедӣ-осебшиносӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ» бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ), «Урология», «Анестезиология» ва “Садамаҳои омехта” - ба забони давлатӣ ва русӣ.
Дар соли аввали таҳсил кафедра се фани таълимиро ба донишҷӯён меомӯзонд ва дар соли 2025 бошад фанни “Садамаҳои омехта” ба кафедра ҳамроҳ карда шуд.
Соли хониши 2024-2025 дар кафедра 9 гурӯҳи курси 5-уми факултети “Кори табобатӣ” – таҳсил намудаанд. Соли 2025-2026 бошад, 19 гурӯҳҳои курси 5-ум ва 9 гурӯҳҳои курси 6-уми факултети мазкур таҳсил намуданд.
Корҳои методӣ-таълимӣ
Кафедра дар ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои кафедра, бо асбобу таҷҳизотҳои аёнӣ барои раванди таълим саҳмгузор буда, ҳамавақт кушиш ба харҷ медиҳад, ки раванди таълиму тарбия, аз ҷумла машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯён дар сатҳи баланд гузаронида шавад.
Дар кафедра аз чор фан таълим медиҳанд: «Ортопедӣ-осебшиносӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ», «Урология», «Анестезиология» ва “Садамаҳои омехта”, ки бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ) ба донишҷӯён дарс дода мешавад. Дар донишкада донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил карда истодаанд, ки машғулиятҳо ба забони англисӣ сурат мегирад. Омӯзгорон ва кормандони кафедра барои беҳтар намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, нашриётӣ, тарбиявӣ ҳама кӯшишро ба харҷ дода истодаанд. Барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ устодон аз усулҳои муосири таълим васеъ истифода бурда, пайваста такмил медиҳанд.
Кабинетҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои баланд бардоштани раванди сифати таълим нақши асосиро мебозад.
Фаъолияти таълим барои беҳтар намудани сифати таълим яке аз мақсадҳои асосии донишкада мебошад.
Аз фанни «Ортопедӣ-осебшиносӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ», «Урология» ва «Анестезиология» донишҷӯёни курси 5-уми ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Кори табобатӣ”-и донишҷӯёни хориҷӣ ва аз фанни “Садамаҳои омехта” донишҷӯёни курси 6-уми ихтисоси “Кори табобатӣ”, машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд.
Донишҷӯён аз рӯи Низомномаи низоми кредитӣ-модули таълим мегиранд.
Корҳои тарбиявии кафедра
Корҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон буда, бо донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва психологияи тиббӣ пайваста дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, бахусус риояи одоб ва деонтологӣ кор бурда мешавад.
Қабл аз оғози дарс омӯзгорони кафедра ба донишҷӯён дар бораи одобу ахлоқ, одоби сухан, экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, тарзи либоспӯшии ба талабот ҷавобгӯ, давомоти донишҷӯён ба дарс ва ғайра мулоқот мегузаронанд.
Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ
Муддати 2 сол аз ҷониби кормандони кафедра 3 мақола ва 17 фишурда дар маҷаллаи Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон нашр шудааст. Ҳамзамон кормандони кафедра дар конфронсҳо, форумҳо, симпозиумҳои дохили Тоҷикистон ва берун аз кишвар иштирок кардаанд, аз ҷумла: шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин, вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайраҳо.
Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод ва унвонҷӯён фаъолият дорад.
Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода мешаванд.
Дастовардҳои кафедра
Дар давоми фаъолияти кафедра ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд, аз ҷумла: як китоб “Луғати тоҷикӣ-русии алоимҳо ва аломатҳои клиникӣ дар осебшиносӣ ва ортопедӣ”, дастури таълимии “Баромади модарзодии ронҳо”, ки ба китобхонаи донишкада низ дастрас карда шудааст.
