Кафедраи бемориҳои чашм ва бемориҳои гӯшу, гулӯ ва бинӣ
![]() |
Муминзода Манижа Ҷумамурод Вазифа: мудири кафедра Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб Ихтисос: табиби чашм Teл: +992934370080 |
Аз санаи 01.02.2023 сол таҳти № 04-351 бо фармоиши ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ –иҷтимоии Тоҷикистон”, дар “Маркази илмӣ – таълимӣ- и донишкада, кафедраи “Бемориҳои чашм ва бемориҳои гӯшу, гӯлу ва бинӣ” ба фаъолият оғоз намуд.
Айни ҳол кафедраи бемориҳои чашм ва бемориҳои гӯшу ,гӯлу ва бини дар Муассисаи Давлатии Маркази Ҷумҳурмиявии бемориҳои чашм ҷой гирифтааст.
Вазифаи мудири кафедраи мазкур ба дӯши номзади илмҳои тиб, аълочии тандурустӣ оид ба бемориҳои чашм Муминзода Манижа Ҷумамурод вогузор гардид..
Нақши кафедра
Баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи донишҷӯён, таълими корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷорӣ намудани навгониҳои илми муосир дар амалияи клиникӣ.
Омӯзиши усулҳои нави ташхиси бемориҳои чашм ва бемориҳои гӯшу, гӯлу ва бини. Ба донишҷӯён омӯзонидани фанни офталмология ва оториноларингология.
Ҷалби донишҷӯён барои мустақилона ташхис ва табобат намудани беморон.
Мукаммал намудани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар асоси истифодаи усулҳои муосири интерактивии таълим.
Раванди таълим
Дар кафедра раванди таълимро 10- нафар устодон таълим медиҳанд. Дар байни онҳо 1- нафар номзади илмҳои тиб мебошанд. Инчунин 5 нафар омӯзгорони ҷавони то 35 сола ба корҳои илмӣ ва табобатӣ машғуланд. Сарбории кафедра ба 72 00 соат баробар буда, дар байни устодон пурра тақсим карда шудааст. Таълимии донишҷӯён мувофиқи барномаи таълимӣ аз рӯи силлабус бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ҷараён мегирад.
Донишкада бо 2 марказҳои табобати аз ҷумла; Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии ”Истиқлол”, ва Муассисаи Давлатии Маркази Ҷумҳуриявии бемолриҳои чашм, ҳамкорӣ дорад, ки донишҷӯён дар ин марказҳо дониши назариявии худро дар амал татбиқ менамоянд. Таълими донишҷӯён мувофиқи барномаи таълимӣ аз рӯи (Силлабус) бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ҷараён мегирад. Ҳуҷраҳои дарсӣ бо компютер, тахтаи электронӣ, муляж (мулуҳ), биомикроскопия, визиометрия ва офталмоскоп ҷиҳозонида шудаанд.
Донишкада бо 2 базаҳои табобатӣ шартнома бастааст, ки дар он донишҷӯён, таълим мегиранд, аз ҷумла; Муассисаи давлати Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ва Муассисаи Давлатии Маркази Ҷумҳуриявии бемориҳои чашм.
Дар кафедра аз рӯи фанҳои асосӣ: бемориҳои касбӣ ва фанҳои махсуси зерин : “Таълими асосҳои бемориҳои чашм ”, ва “Бемориҳои гӯшу гӯлу ва бинӣ” таълим дода мешавд.
Фаъолияти илмӣ.
Дар корҳои кафедра ҷои муҳимро фаолияти илмии омӯзгорон ишғол менамояд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби омузгорони кафедра дар фаолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода бурда мешавад, айни ҳол дар кафедра 2- адад тезисҳо, маколаҳо оиди бемориҳои чашм ба роҳ монда шуда истадаанд .
Корҳои тарбиявии идеологӣ:
Барои худшиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанг мунтазам кори тарбиявии идеологӣ бурда мешавад. Донишҷӯён бо ҳамроҳи омӯзгорон ба осорхонаҳои пойтахт, беморхонаҳои парастори ҳамшираи шафқат, марказҳои пиронсолон, кӯдакон бурда мешаванд. Мунтазам бо донишҷӯён оиди экстремизм ва терроризм, рафтори дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, этикаи гапзанӣ, муошират ва муроҷиат ба одамони гирду атроф, тарзи либоспушӣ мулоқотҳо гузаронида мешавад. Ба иштироки донишҷӯён дар дарсҳои амалӣ ва назариявӣ диққати махсус дода мешавад.
