Кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 01 августи соли 2023 № 04-280 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст. То ин сана кафедра дар ҳайати “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” чун кафедраи «Фаннҳои морфологӣ» фаъолият мекард. Дар он вақт иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра муаллими калон Раҳматуллоев А.А. таъин шуда буданд. Баъд аз таъсиси мустақили кафедра д.и.т., профессор Шукуров Ф.А. мудири кафедра таъин карда шуд. Кафедра фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳои ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва Қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тибб мебошад.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ВА ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ ”
- Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои физиологияи нормалӣ ва патологӣ, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
- Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои физиологияи нормалӣ ва патологӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.
- Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
- Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
- Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.
- Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
- Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.
ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ “ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ВА ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ”
Дар кафедра 1 доктори илмҳои тиб., профессор Шукуров Ф.А кор ва фаъолият мекунанд. Дар соли таҳсили 2023-2024 ҳайати кормандони кафедра – 10 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 5 нафар омӯзгори асосӣ- Шукуров Ф.А., Шокирова М.Ш., Назарова С.Ғ., Табаров М.Ҳ., Сафарматова М.Х., 5 нафар омӯзгори ҳамкор- Ҷабборов Ф.Ш., Саидова Ф.М., Қурбонова А.Н., Абдуллоева М.Ш., Собирова М.М.
КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
Таълими физиологияи нормалӣ ва патологӣ мақсад дорад, ки дар корманди тиббӣ оянда дониши асосҳои физиология ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Мавзӯҳои физиология нормалӣ, системаҳо, узвҳо ва бофтаҳои он дар асоси комёбиҳои ҳозиразамони-физиологи, биология дар фалсафаи диалектикаи материализм, мутобиқ ба масъалаҳои омӯзиш ва клиникии донишкадаро дар бар мегирад. Он масъалаҳои асосии тиббро дар бар мегирад.
Дар кафедра донишҷӯени курсҳои 2 ва 3-юми факултети тиббӣ, факултетҳои стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети кори иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ аз фаннҳои физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ таълим мегиранд. Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанни физиологияи нормалӣ ва патологӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Аз рӯи ҳар як фан 4000 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикр шуда дар кафедра омода шудааст.
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар доираи илм фаъолият мебарад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, кори иҷтимоӣ ва фармакология бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти № 148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра буда, дар вақтҳои соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳо амалӣ, хондани лексияҳо гузаронида мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.п., Охунов Б.Х. мувофиқа ва тасдиқ карда шуда, бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, санаҳои ҷисмонӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ дарбар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани уфуқ ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.
Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯен дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ сӯҳбат мекунанд.
Дар кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” тибқи нақшаи кори кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Маълумотнома оид ба кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”
Кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 01 августи соли 2023 № 04-280 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.
Кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” дар ошёнаи дуюми бинои 3-юми МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Дар кафедра 6-то ҳуҷраи таълимӣ, 2-то толори лексионӣ ва инчунин ҳуҷраи мудири кафедра ва ҳуҷраи омузгорон мавҷуд аст. Ҳамаи утоқҳои таълимӣ бо банерҳо ва аёниятҳои дидактикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар кафедра 3- то доскаи электронӣ ва 3-то мултимедиа бо экрани ҷамъшаванда ҷойгир карда шудааст.
Омӯзгорон дар кафедра барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ, аз услубу усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим истифода мебаранд. Барои бештар азхуд намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва доскаи электронӣ истифода мешаванд. Дар мулуҳо мавзўъи дарсӣ намоиш дода мешаванд. Донишҷўён низ аз рўи банерҳо, мулуҳо ва узвҳои алоҳида донишандўзӣ намуда ба дарсҳо тайёрӣ мебинанд. Ҳангоми машғулиятгузорӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводҳои аудио-визуалӣ васеъ истифода мебарад.Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.
Шукуров Фируз Абдуфаттович
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” дар МТҒ «Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон», муовини президенти Иттиҳоди ҷамъиятҳои физиологҳои кишварҳои ИДМ, узви Академияи илмҳои табиӣ Федератсияи Россия (РАЕН), профессор шарафманди Академияи тиббии Астана ва Донишгоҳи тиббии Қарағандии Қазоқистон, профессор шарафманди Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино. Ҳамчунин соҳиби медали тиллои ба номи И.П. Павлов, мукофоти “Отличник здравоохранения ва образования Ҷумҳурии Тоҷикистон”, раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисосҳои «Физиология» ва «Анатомияи инсон» дар ТДТМУ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор мебошад.
Маълумоти илмӣ ва унвон:
- Доктори илмҳои тиб
- Унвони профессор
- Самти илмӣ: Илмҳои тиббӣ
- Давлат: Тоҷикистон
Ф.А. Шукуров аз сентябри соли 2023 мудири кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” дар МТҒ «Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон» мебошад. Солҳои 1971 дар ТДТМУ ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсилро бо эҳтироми баланд ба анҷом расонд ва ба ординатураи кафедраи физиологияи нормалӣ дохил шуд. Соли 1973 ба аспирантураи ҳамон кафедра пазируфта шуд.
Ӯ иштирокчии чандин экспедитсияҳои илмии кафедра дар солҳои 1972 (бо лабораторияи физиологияи Институти ҷарроҳӣ ба номи А.В. Вишневский), 1973, 1983, 1984 ва 1989 (бо кормандони кафедраи физиологияи нормалӣ, факултети тиббии Донишгоҳи дӯстии халқҳо) буд.
Карьераи илмӣ:
- 1976 – ассистенти кафедра
- 1982 – дотсент
- 1996 – доктори илмҳои тиб
- 1997 – профессор
Диссертацияҳо:
- 1979 – номзад: “Хусусиятҳои фаъолияти дил ҳангоми мутобиқшавии инсон ба баландкӯҳ” (маслиҳатчӣ: профессор К.Ю. Ахмедов)
- 1995 – доктор: “Асосҳои физиологии арзёбӣ ва пешгӯии мутобиқшавии инфиродии инсон ба баландкӯҳ” (маслиҳатчӣ: академик Н.А. Агаджонян, АМН РФ)
Аз соли 1996 то 2003 – муовини ректор оид ба тарбия дар ТДТМУ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва мудири кафедраи физиологияи нормалӣ.
Такмили ихтисос:
- 1981 – Маркази такмили ихтисоси духтурон, Москва
- 1987 – 1 Институти тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва)
- 1991 – Институти физкультураи марказии ордени Ленин, Москва
- 1995 – Семинари умумироссиягӣ барои мудирони кафедраҳои физиологияи нормалӣ, Москва
- 2006 – ИМА
- 2011 – Барномаи академикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағандӣ, Қазоқистон
Самти асосии илмӣ:
- Мутобиқшавии инсон ба гипоксияи баландкӯҳ ва стрессҳои эҳсосӣ
- Сатҳи саломатӣ ва муқовимати стрессӣ
Нашрияҳо ва таълимӣ-методӣ:
Ҳамагӣ зиёда аз 300 мақола ва корҳои методӣ (дарҷумла китобҳо, монографияҳо, дастурҳо ва патентҳо).
Роҳбарӣ ва машварат:
Таҳияи 15 номзад ва доктори илмҳо.
Ҳамкорӣ ва конференсияҳо:
Иштирок дар конгрессҳо, конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Россия, Украина, Гурҷистон, Молдова ва Литва.
Роҳбарии барномаҳои илмӣ:
- 1996–ҳоло – Барномаи таҳқиқотӣ: “Масъалаҳои саломатии ҷавонони Тоҷикистон ва роҳҳои баланд бардоштани захираҳои функсионалии организм”
- 2008–ҳоло – Барномаи таҳқиқотӣ: “Ҳолати системаи асаби марказӣ, фаъолияти баландтарини асабӣ ва сатҳи масунияти инсон дар стрессҳои гуногун”
- 2010 – Маърӯза дар II семинари байналмилалӣ оид ба методологияи таҳсил: “Системаи рейтинги бисёрсатҳавӣ барои арзёбии донишҳои донишҷӯён ҳамчун усули таҳкими мотивация”, Донишгоҳи давлатии А.С. Пушкин, Ленинград
- 2012 – Созмондиҳандаи симпозиуми байналмилалӣ “Механизмҳои марказӣ ва периферии стрессҳои эҳсосӣ”, Душанбе
Шӯрои диссертатсионӣ:
- 1998–2012 – Раиси шӯрои ҳимояи номзадӣ (ихтисосҳои физиология ва анатомия)
- 2023–ҳоло – Раиси шӯрои ҳимояи номзадӣ (ихтисосҳои физиология, анатомия, биохимия)
Корҳои таҳрирӣ:
Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳо: Vestnik Avicenna (Scopus), Vestnik Psikhologii (St. Petersburg), Vestnik Yerevan Medical University, Biology and Integrative Medicine (online)
Мукофотҳо:
- 1971 – Медали “Барои хизматҳои шоиста”, Президиуми Шӯрои Олии СССР
- 2000 – Шиносномаи “Отличник освіти халқӣ Тоҷикистон”
- 2010 – Медали “Хизмати Шоиста”, Президенти ҶТ
- Отличник здравоохранения Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Медали тиллои И.П. Павлов
Нашрияҳои таълимӣ-методӣ:
- «Тестҳо барои назорати дониш дар физиологияи нормалӣ» (143 с.)
- «Физиологияи нормалӣ дар схемаву расмҳо» (122 с.)
- «Физиологияи умумӣ» (78 с.)
- «Физиологияи системаҳои нақлиётӣ» (86 с.)
- «Физиологияи ҳозима, мубодилаи моддаҳо, терморегулятсия, фаъолияти эндокрин ва ихроҷ» (120 с.)
- «Курси кӯтоҳи физиологияи нормалӣ» (85 с.)
- «Асосҳои физиологияи нормалӣ (луғати физиологӣ, 210 с.)»
- «Асосҳои саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим» (барои ҷавонони 14–19 сол, 168 с.)
- «Физиологияи инсон» (220 с.)
- Тетрадҳои лабораторӣ ва корҳои мустақил (Қисми I – 144 с., Қисми II – 100 с.) бо вазифаҳои 7 сатҳи душворӣ
Навовариҳо дар таълим:
Барои аввалин бор дар таҷрибаи донишгоҳӣ ба курсҳои физиология бозӣ ва фаъолиятҳои фароғатӣ дохил карда шуданд: “Майдони Моеҷудӣ” оид ба бахшҳои физиология ва намоиши театрии илмӣ-фароғатӣ “Саҳи Физиология” ва КВН оид ба системаҳои функсионалии организм.
Системаи рейтинги баҳодиҳии донишҷӯён таҳия ва татбиқ шудааст, ки иштироки донишҷӯёнро дар омӯзиши физиологияи нормалӣ ба таври стандартӣ ва объективӣ ҳисоб мекунад. Барои ҳар як дарс тестҳои гуногунсатҳавӣ омода карда шудаанд, ки дар машғулиятҳои ҷамъбастӣ истифода мешаванд.
Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.
КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра