Кафедраи бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникӣ


Рофизода Ҳалима Шариф

Мудири кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникӣ»-и МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», номзади илмҳои тиб, кардиолог, Сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи  давлатии шаҳри Душанбе оид ба бемориҳои дил.

Тел:+992901005155.

e-mail: halima_rofieva@mail.ru

             Кафедраи «Бемориҳои дарунӣ»-и МДТ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» 27.01.2022 таъсис дода шудааст. Бо фармони ректори МДТ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таҳти №9/4-2 аз 26.02.2025 номи кафедраи бемориҳои дарунӣ ба «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникӣ» иваз карда шуд. Мудири кафедра номзади илмҳои тиб Рофизода Ҳ.Ш., докторант, довталаби дараҷаи доктори илмҳои кафедраи «Тибби эфферентӣ ва терапияи интенсивӣ»-и ДДТ «Институти таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, ҳамзамон саркардиологи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мебошад.

Кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникӣ» дар ошёнаи 5-уми «Маркази илмӣ-таълимии клиникӣ»-и назди МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» ҷойгир мебошад. Кафедра дорои 3 синфхонаи таълимӣ, як толори лексионӣ ва 15 синфхонаи сайёр дар заминаи марказҳои тиббии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар кафедра лексия ва машғулиятҳои амалӣ аз рӯи фанҳои зерин гузаронида мешаванд:

  1.   пропедевтикаи бемориҳои дарунӣ
  2.   бемориҳои дарунӣ
  3.   курси манипулятсияҳои клиникӣ
  4.   тибби ҳарбӣ-саҳроӣ

Таълим бо 3 забон гузаронида мешавад – давлатӣ, русӣ, англисӣ. Синфхонаҳо бо стендҳо, муляжҳо, баннерҳо, маводи дидактикӣ, тахтаи электронӣ ва проектори мултимедиявӣ ва тамоми воситаҳои зарурии раванди таълим таъмин мебошанд.

Ҳайати кафедра аз 25 омӯзгор иборат буда, таҳти роҳбарии мудири кафедра фаъолият мекунад. Дар ҳамаи лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ усулҳои муосири интерактивии таълим истифода мешаванд. Мавзӯъҳои машғулиятҳо ба барномаи корӣ (Силлабус), ки аз ҷониби Вазорати маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошанд.

Илова бар ин, дар соли таҳсили 2024–2025 ба нақшаи мавзуӣ-тақвимӣ (Силлабус) мавзуъҳои зерин ворид карда шуданд.

Барои донишҷӯёни курси 4 мувофиқи протоколи  ҷаласаи кафедра  (№10 аз 29.06. соли 2024).

  1. Норасоии нафаскашӣ
  2. Тромбоэмболияи шараёни шуш
  3. Бемории ишемикии дил: усулҳои муосири ташхис ва табобат. Катетеризатсияи дил ва коронароангиографӣ
  4. Шоки кардиогенӣ. Марги ногаҳонии дил. Реаниматсияи дилу шуши
  5. Фибриллятсияи меъдачаҳо.

Барои донишҷӯёни курси 5 соли 2025: (протоколи ҷаласаи кафедра №10 аз 25.08.2025 ).

  1. Бемории Аддисон-Бирмер.
  2. Бемории Бехчет.

Барои донишҷӯёни курси 6 дар соли таҳсили 2025–2026 мавзуҳои зерин ворид карда шуданд: Коллагенозҳо ва бемориҳои ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва норасоии витаминҳо.

Мавзуи илмии кафедра:

«Ҷанбаҳои муосири ташхис ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар калонсолон ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Маркази миллии патентӣ-иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон 04.03.2021 таҳти №458/01.43314 тасдиқ шудааст.      

Дар асоси он маҳфили илмии донишҷӯён «Набзи сайёра» таъсис дода шуд, ки нақшаи он аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои тиб, профессор А. Аҳмедов бо протоколи №2 аз 26.09.2022 тасдиқ шудааст.

Аъзои маҳфил фаъолона дар кори кафедра иштирок намуда, корҳои илмӣ анҷом медиҳанд. Зери роҳбарии роҳбари маҳфил донишҷӯён мавод ва маърузаҳоро барои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ҷавонон ва донишҷӯёни МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» омода менамоянд.

Донишҷӯён барои иштироки ҳузурӣ дар Олимпиадаи 5-уми байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ «Самарқанд 2020» аз 13–14 декабри соли 2024 омода карда шуданд

Иштирок дар конференсияҳои илмӣ–амалӣ

Омӯзгорони кафедра дар конференсияҳои байналмилалии илмӣ–амалии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он: Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок менамоянд.

Корҳои тарбиявӣ–идеологӣ

Корҳо дар гурӯҳҳои кураторӣ гузаронида шуда, ба баланд бардоштани сатҳи корҳои фарҳангӣ–тарбиявӣ, садоқат ва муҳаббат ба Ватан равона гардидааст, аз ҷумла боздид аз ҷойҳои таърихӣ (осорхонаҳо, боғҳои миллӣ), вохӯриҳо бо намояндагони ташкилотҳои эҷодӣ ва фарҳангӣ.

Корҳои илмӣ

Дар давраи солҳои 2024–2025 омӯзгорони кафедра таҳти роҳбарии мудири кафедра, номзади илмҳои тиб Рофизода Ҳ.Ш. ва ассистентон Бобоева М.С., Дусмухамедов М.А., Кобилов М.А. дастурҳо ва китобҳои дарсии зеринро ба нашр расониданд:

  1. Lecture course on Propaedeutics of internal diseases.
  2. Физиотерапия дар стоматология.
  3. Усулҳои муоинаи беморон барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз рӯи пропедевтикаи бемориҳои дарунӣ.

4 .Нақшаи таълимии таърихи беморӣ дар клиникаи бемориҳои дарунӣ.

  1. Таҳияи клиникии таълимии масъалаҳои вазъиятӣ аз рӯи пропедевтикаи бемориҳои дарунӣ.
  2. Истифодаи усулҳои муосири интерактивии таълим.

7. Физикаи тиббӣ ва математика. Китоби дарсӣ. Истамов Ф.Х., Қодирзода З.А., Шерматов Д.С., Рофизода Ҳ.Ш. соли 2025. Қарори Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, таҳти рақами №5/38. ISBN 978-99985-226.

 

Кормандони кафедра

Абдурахмонов

Рофизода  Ҳалима Шариф  – мудири кафедраи Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникии МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, докторант Муаллифи зиёда аз 71 мақолаҳои илмӣ, 4 пешниҳоди беҳсозон , 4 китобҳои таълимӣ, ва 15 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ.

Teл::+992901005155

                   E-mail: halima_rofieva@mail.ru

Тошов

Дустмухамедова Матлюба Абдугафаровна – ассистенти кафедраи  «Бемориҳои дарунӣ  бо курси кардиологи клиникӣ МТҒ  “Тиббӣ- иҷтимоии  Тоҷикистон “ азбруи ихтиссос  терапевт

Teл:+992 935050245  E-mail:dustmukhamedova matlyba@gamail.com

Абдурахмонов

Султонов Ҳабибулло  -  н.и.т., дотсент  ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”,  аз рўи ихтисос: терапевт

Teл:+992 900779997          E-mail:sultonovhabibullo471@gmail.com

Тошов

Исаков  Акмал Джурабоевич  - ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”,  аз рўи ихтисос: эндокринолог

Teл:+992907446633  E-mail:Acmalisakov17 @gmail.com

 

Абдурахмонов

Искадарова Муҳаббат   ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияии МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон,  аз рўи ихтисос: табиби беморињои кӯдакона.

Teл:+992988886374.

     E-mail:Isk.muhabbat@mail.ru

Тошов

Тағоев Комилҷон Шодиевич- ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникӣ МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”,  аз рўи ихтисос:кардиолог.

Teл::+992918167473           E-mail:Tagoev.komiljon@ gmail.com

 

Абдурахмонов

Бобоева Мафтуна Сабуровна -  ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникӣ МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”,  аз рўи ихтисос: кардиолог

Teл:+992904081095

         E-mail: m.babaeva_1995@mail.ru

Тошов

Сайфова Шоира Анваровна -  ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”,  аз рўи ихтисос: кардиолог

Teл:+992902910404

      E-mail:Shoira0101.ss@gmail.com

 

Абдурахмонов

Файзалиева Халима Фозиловна - ассистенти ҳамкори  кафедраи «Бемориҳои дарунӣ бо курси кардиологияи клиникии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”,  аз рўи ихтисос: эндокринолог

Teл:+992  915740500

         E-mail: fajzalievahalima@gmail. com

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Ба рӯйхат