Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
|
Мурадов Сайфулло СафаровичМудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносиНомзади илмҳои таърих E-mail: muradov_1957@mail.ruТелефон: +992 935 08 08 91 |
КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ МТҒ «ДОНИШКАДАИ ТИББИ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН»
Таърихи кафедраи «Фанҳои Ҷомеашиносӣ». Кафедраи фанҳои гуманитарӣ тибқи фармони №77 аз 27 августи соли 2016 дар ҳайати Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе ташкил шуда, то инҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Аввалин мудири кафедра омӯзгори фанҳои табиӣ-риёзӣ Муминов Бахтиёр Табарович аз аввали фаъолият то сентябри 2020 буд. Сентябри соли 2020 бо қарори Шӯрои Олимон кафедраи фанҳои гуманитари дар ҳайати МҒТ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Точикистон» ва “Коллеҷи тиббӣ” табдил ёфт. Дар кафедра донишчӯёни донишкада ва коллеч аз рӯйи барномаҳои ҳамаи фанҳои гуманитарӣ ва табии-риёзӣ таълим мегирифтанд.
Тибқи фармони ректори МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-ичтимоии Точикистон» №04-26 аз 26.01.2022 кафедраи фанҳои гуманитарӣ ба кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ табдил ёфта, фанҳои табии-риёзӣ аз кафедраи фанҳои ҷомеашиеносӣ бардошта шуд. Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ айни ҳол яке аз кафедраҳои калон ва муҳими донишкада мебошад. Ҳоло донишчӯёни ҳамаи факултаҳои донишкада ва коллеч дар кафедра фанҳои муҳими ҷомеашиносӣ: Таърихи умумӣ, Таърихи муосири Точикистон, Сотсиология, Ҳуқуқ аз рӯи ихтисос, Сиёсатшиносӣ, Диншиносии илмӣ, Фарҳангшиносӣ, Фалсафа, Иқтифисодиёти тандурустӣ ва Антропологияро меомӯзанд.
Айни ҳол дар кафедра 9 омӯзгори асосӣ (ду нафарашон номзади илм), 2 омӯзгори ҳамкори дохила ва 6 ҳамкори беруна (4 нафарашон номзади илм) фаоълияти омӯзгорӣ карда истодаанд.
Фаъолияти таълимӣ. Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯён аз фанҳои зерини гуманитарӣ таълим медиҳанд: Таърихи тоҷикистони муосир, диншиносии илмӣ, фарҳангшиносӣ, сотсиология, ҳуқуқ, ҳуқуқ аз рӯи ихтисос, иқтисоди тандурустӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, антропология дар курсҳои 1,2,3,4 ҳамаи факултетҳо донишкада. Таълим мувофиқи низоми кредитӣ (қарзӣ) дар асоси барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Таълим дар (дар
шакли хаттӣ е компютерӣ) аз рӯи бобҳои алоҳидаи фанҳои омӯхташуда; г) аттестатсияи ҷорӣ имтиҳони ҳамаҷонибаи тестӣ аз рӯи фанҳои алоҳида; д) ҷамъбасти давлатӣ- аттестатсия, имтиҳонҳои давлатӣ аз рӯи ҳамаи фанҳои кафедра.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилоти донишҷӯён, баланд бардоштани самаранокии таълим дар фанҳои
ҷамъиятӣ, ҳамаи ҳуҷраҳо бо воситаҳои аёнӣ, баннерҳои мавзӯӣ аз ҳама фанҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Базаи кафедра. Ба кафедра 11 аудитория ва ду толори лексионӣ дар ошёнаи панҷуми бинои асосии донишкда вобаста карда шудааст. Дар маҷмуъ, заминаи умумии таълимии кафедра ба ҳисоби миёна зиёда аз 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як таълимгиранда аз 8 то 12 метри мураббаъ мувофиқат мекунад (ин нишондиҳанда ба меъерҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ мувофиқат мекунад ва ҳатто аз он ҳам зиедтар аст). (Қонун дар бораи «Таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Фаъолияти тарбиявӣ. Нақши фанҳои ҷамъиятӣ махсус аст, аммо дар тарбияи насли наврас дар маҷмуъ ва қисман дар тайёр кардани кадрҳои тиббии баландмасъулият аз нуқтаи назари ахлоқ ва эстетика муҳим аст. Кафедраи " Фанҳои ҷомеашиносӣ "тамоми имкониятҳои мавҷударо, аз ҷумла энергияи зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯён ва омӯзгоронро барои татбиқи талаботи "Консепсияи Миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сафарбар менамояд.
Бо мақсади татбиқи Консепсияи Миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коллективи кафедра тамоми чораҳои заруриро меандешад. Дар синфхонаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои академӣ иҷрои қоидаҳои донишҷӯёнро назорат мекунад. Кафедра қоидаҳои пӯшидани сару либоси муқарраршударо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қатъиян риоя мекунад ва барои рушди худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ватандӯстии донишҷӯён чораҳои заруриро мунтазам меандешад.
Корҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои зерин гузаронида мешаванд: татбиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва идҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон". Дар гурӯҳҳо омӯзгорон ва донишҷӯён мунтазам масъалаҳои таблиғи муборизаи беохир бо терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирии вуруди ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва фаъолияти таблиғотиро муҳокима мекунанд.
Муҳокимаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи ахлоқӣ ва эстетикии муоширати омӯзгорон ва донишҷӯён, риояи ҳатмии муқарраротии Кодекси ахлоқи тиббӣ, тақвияти тарбияи доимии ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён гузаронида мешаванд. Кафедра ба иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо, озмунҳо ва конфронсҳо, олимпиадаҳо оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ дар сатҳҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад
Дар кафедраи "Фанҳои Ҷомеашиносӣ" тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда мунтазам конфронсҳои омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида мешаванд, ки дар онҳо дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯён баррасӣ ва истифода мешаванд ва ин дар воситаҳои ахбори омма, сайт ва нашрияҳои даврии донишкада ба хоҳишмандон пешниҳод карда мешаванд. Дар кафедра махфили илмӣ бо номи Хирад (Мудрость)) амал мекунад, ки мавзуҳои он дар асоси мавзуи илмии кафедра «Равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии давраи гузариш дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2027» тартиб дода шудааст. Қисми зиёл ва асосии мавзуҳои маҳфил ба пешгирии вуруди ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва фаъолияти таблиғотии динӣ низ бахшида шудааст.
КОРҲОИ МЕТОДИ ВА ТАЪЛИМИИ ОМӮЗГОРОН
1.Таърихи халқи тоҷик дар 2 қисм барои донишҷӯёни Донишгоҳҳои тиббӣ Тоҷикистон. Душ. С.2011
- Таърихи халқи тоҷик. Дастури методӣ.. Маҷмуи лексия барои ҳамаи факултетҳои Донишгоҳҳои тиббии ҶТ.Бо илова ва тағйиротҳо. Душ.Соли 2014 (русӣ).
3.Таърихи халқи тоҷик. Дастури методӣ. Маҷмуи лексияҳо барои ҳамаи Донишгоҳҳои тиббӣ. Нашри дуюм бо иловаҳо. (рус).С. 2016
4.Назарияи иқтисод. Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои
тиббӣ.Душ.Соли 2022
4.Ҳуқуқ аз рӯи ихтисос. Дастури таълимӣ-методӣ. 01.2024 (тадж
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Мурадов Сайфулло Сафарович
Вазифа: Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
Унвони илмӣ: Номзади илмҳои таърих
Ихтисос: Таърихчӣ-ҷомеашинос
Teл:+992 935080891 E-mail:muradov_1957@mail.ru

Икромов Ғайбулло
Вазифа: дотсент
Унвони илмӣ: Номзади илмҳои таърих
Ихтисос: Таърихчӣ-ҷомеашинос
Teл:+992 E-mail: ikromovgaybullo1@mail.ru
Teл:+992 888815921 E-mail:asaburi66@mail.ru

Муродова Махина Сулаймоновна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 002118902 E-mail:mahinanoz98@gmail.com

Хоҷаев Меҳровар
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: Муаррих-кишваршинос
Teл:+992 E-mail: izzatullo_1@mail.ru

Рахимов Шухрат Саймахмудович
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: таърихчӣ-ҷомеашинос
Teл:+992 985 80 41 00 E-mail:rahimjv84_84@mail.ru

Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил
Вазифа: Дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Ихтисос:Философ
Teл:+992 906550929 E-mail: karomatullo.abdukhalilzoda.66@mail.ru

Мусоев Аслонбек Карабоевич
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: таърихчӣ
Teл:+992 918493362 E-mail:aslonbek.musoyev@mail.ru

Баротов Баходур Исмоилович
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: таърихчӣ
Teл:+992 887 77 78 43 E-mail: Saidahalijonova99@mail.com

Рахмоналиева Хусниягул Махмудовна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: Муносибатҳои баналмиллаӣ

Алимардонов Бобохон Маҳмадиевич
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: таърихчӣ-муаллими таърих
Teл:+992 918 52 95 45 E-mail: bobokhon2020@mail.ru

Икромова Гуландом
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail: ikromovgulandom2@gmail.com