Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ
|
|
Давлятова Меҳрангез МеликовнаМудири кафедраномзади илмҳои иқтисодE-mail:mehrangez86@mail.ruТелефон: +992888811986 |
Кафедраи “Физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ”
1.ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи “Физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ” 01.09.2020 дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2022, №12/4 ва қаблан аз 30.03.2017) ва зербанди 14.6 банди 93 Ойинномаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” тасдиқ карда шудааст, таъссис дода шудааст. Дар соли 2020-2021 мудири кафедра Давлатов Р.Ҷ., доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯи самти техникӣ, соли таҳсили 2021-2022 роҳбари кафедраро Иброҳимов Раҳмоналӣ ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи октябри соли 2022 то декабри соли 2023 н.и.п. Ш.М.Раҳмонов иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро ба зимма доштанд. Аз январи соли 2024 ба иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Давлятова М.М. таъин шудааст.
Кафедра дар ошёнаи 4-уми бинои асосии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҷойгир буда дар он 1 толори лексионӣ ва 4 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки онҳо бо таҷҳизоти аёнӣ ва тахтаи электронӣ ва проэктор таъмин мебошад.
2.САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “ФИЗИКАИ ТИББӢ ВА БИОЛОГӢ БО АСОСҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ”
- Беҳтар намудани сифати машғулиятҳои таълимӣ бо истифодаи тарзи таълими муосир;
- Иштироки фаъолонаи кормандони кафедра дар чорабиниҳое, ки барои беҳтар намудани сифат ва омода намудани мутахассисон (конфронсу семинарҳо, озмуну машғулиятҳои кушод, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.) мусоидат менамоянд;
- Ба роҳ мондани кор оид ба тартиб додани маводҳо тибқи системаи кредитӣ, барномаи нави Силабус ва дастурҳои таълимӣ аз фанҳои “Физикаи тиббӣ ва математика”, “Математикаи олӣ”, “География бо асосҳои демография” ва технологияи инфарматсионӣ;
- Ташкил намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани тахассуси ҳар як омӯзгори кафедра;
- Ширкати омӯзгорони кафедра дар чорабиниҳои ҷамъиятии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”;
- Иштироки омӯзгорони кафедра дар озмунҳои касбӣ, ҷамъомадҳои идона ва ғ.
- Омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.
- Ҳамкории кафедра бо кафедраҳои физикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва кафедраи физикаи тиббӣ-биологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар сохторҳои мутобиқ бо мақсади беҳтарсозии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ.
3.ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ «ФИЗИКАИ ТИББӢ ВА БИОЛОГӢ БО АСОСҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ»
Дар кафедра 3-нафар номзади илм, 1-нафар унвонҷӯй кор ва фаъолият менамоянд. Айни ҳол ҳайати кормандони кафедра 10-нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 5-нафар омӯзгори асосӣ ва 5-нафар ҳамкори дохила мебошанд.
4.КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
Кафедра дар ошёнаи 4-уми бинои асосии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҷойгир буда, 1-толори лексионӣ 3-синфхонаи таълимӣ мебошад, ки онҳо бо таҷҳизоти аёнӣ ва доскаи электронӣ ва проэктор таъмин мебошад. Ҳамзамон дар кафедраи “Физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ” дар таҳхонаи бинои асосии донишка дорои 3-кабинети компютерӣ буда ва дар ошёнаи чорум дорои як лабораторияи физика (403) таъмин мебошад, ки он бо таҷҳизотҳои лабораторӣ таъмин карда шудааст.
Кафедра тибқи нақшаи таълимӣ вобаста ба фанҳои: “Физикаи тиббӣ-математикӣ”, “Математикаи олӣ”, “Технологияи информатсионӣ” ва “Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография” дар самти ихтисосҳои Кори табобатӣ, Кори иҷтимоӣ, Психологияи тиббӣ, Стоматология ва Фарматсевтӣ равона гардида, дар ин факултетҳо таълим дода мешаванд.
5.ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Кафедраи “Физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ” сохтори таълимӣ ва илмии донишкада буда, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ба роҳ мондааст.
Корҳои таълимӣ, методӣ ва илмии кафедра дар самти ихтисосҳои Кори табобатӣ, кори иҷтимоӣ, психологияи тиббӣ, стоматология ва фарматсевтӣ равона гардида, дар ин факултетҳо фанҳои физикаи тиббӣ-математикӣ, математикаи олӣ, технологияи информатсионӣ ва география бо асосҳои демография таълим дода мешавад. Фаъолияти таълимии кафедра тибқи талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.
6.КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ
Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, тиббӣ иҷтимоӣ ва бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии ва инчунин бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 (таҳти № 1445) дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, тибқи талаботи банди 11 Низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуи давлатӣ тайёр, намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 дар кафедра аз 20.09. соли 2023 (таҳти № 04-567) маҳфили фаннии “Эврика”, дар назди кафедраи “Физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ” таъсис дода шуд. Маҳфили фаннӣ аз рӯи нақшаи кории тасдиқшуда, мавзуҳои баррасишаванда ва чорабиниҳоро гузаронида истодааст.
7.КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ, ки дар заминаи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, маҷмӯи чорабиниҳои муназзами ҳадафмандонаро дар бар гирифта, самтҳои асосии ташаккули шахсияти ҳамаҷонибаи донишҷӯён, яъне тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таҳкими ахлоқи касбӣ, рушди ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро фаро мегиранд. Ин корҳо бо роҳандозии суҳбатҳо ва семинарҳо дар мавзуҳои ахлоқӣ, ширкат дар ташкили клубҳои илмӣ ва маҳфилҳои адабӣ инчунин иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ амали гардида, ҳадаф аз он омода намудани мутахассисони баландихтисос ва содиқ ба Ватан мебошад.
Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва этикаи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддасоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Кормандони кафедра
Давлятова Меҳрангез Меликовна
Вазифа: Мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи итилоотӣ
Унвон илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Ихтисос:
Teл:+992888811986 E-mail:
Раҳмонов Шариф Мадиномович
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ
Ихтисос: математика
Teл:+992000106994 E-mail:edudepartment.msit@mail.ru
Талабов Одина Давлатович
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: географ биологи
Teл:+992918681713 E-mail:
Нуралиева Мавҷуда Акрамовна
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992989141222 E-mail:nmavdzhuda@mail.ru
Файзиева Муҳарамой Раҳимҷоновна
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992935625545 E-mail:fmuharamoy@mail.ru
Муминов Бахтиёр Табарович
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 918808462 E-mail:muminov.bakhtyr@list.ru
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра