Кафедраи беҳдошт ва экология
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи “Беҳдошт ва экология” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022 № 04-38 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст. То ин сана кафедра дар ҳайати кафедраи «Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика» фаъолият мекард. Аз сентябри соли 2022 то августи соли 2024 ба иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илми тиб Ҳакимова М.Б. таъин шуда буд. Аз сентябри соли 2024 вазифаи мудири кафедраро номзади илми тиб, дотсент Максудова З.Я. иҷро карда истодааст. Кафедра фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, қарорҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогии соҳаи беҳдошт ва экология мебошад.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “БЕҲДОШТ ВА ЭКОЛОГИЯ”
- Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои экология ва беҳдошт, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
- Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои беҳдошт ва экология, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз услубҳо ва технологияи муосири таълим.
- Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсиҳо илмӣ -амалӣ семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ..
- Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
- Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиёти таълимӣ.
- Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
- Ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ.
ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ “БЕҲДОШТ ВА ЭКОЛОГИЯ”
Дар кафедра 4 номзади илм: Максудова З.Я.. - н.и.т., дотсент, Ҳалимзода Ш.А.- н.и.х., Одинаева Л.Э. – н.и.т., Раҳимов С.А. – н.и.г. кор ва фаъолият мекунанд. Дар соли таҳсили 2024- 2025 ҳайати кормандони кафедра – 20 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 2 нафар омӯзгорони асосӣ- Максудова З.Я. ва Меликова Л.Ю..; 2 нафар ҳамкори дохила- н.и.г. Раҳимов С.А. ва омӯзгор Ҷӯраева А.Ҳ. ва 9 нафарашон ба тариқи шартномавӣ фаъолият менамоянд.
КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
Фанни таълими гигиена мақсад дорад, ки дар корманди тиббии оянда дониши асосҳои гигиенаро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Мавзуи асосҳои гигиена ва вазифаҳои он, мундариҷаи самти пешгирикунандаи тандурустӣ, зарурат ва мақсаднокии амалии чорабиниҳои васеъ дар мамлакати мо оид ба таъмини некӯаҳволии санитарӣ ва эпидемиологии аҳолиро ошкор мекунад. Он масъалаҳои асосии гигиенаи умумӣ ва хусусиро дар бар мегирад. Дар бахши гигиенаи умумӣ масъалаҳои мубрами муҳити зист ва экологияи инсон (гигиенаи муҳити ҳаво, об, хок, ғизо, инчунин гигиенаи меҳнат ва токсикология ва ғайра), меъёрҳои гигиении хусусӣ ва талабот ба нигоҳдорӣ ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои табобатӣ - профилактикӣ ва дорухона инъикос ёфтаанд. Масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва техникаи бехатарии кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷойгоҳи махсус доранд.
Дар кафедра донишҷӯени курсҳои 1 факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети кори иҷтимоӣ ва кори психологияи тиббӣ аз фанни экология, экологияи иҷтимоӣ – дониҷӯёни курси 3 факултети тиббӣ- иҷтимоӣ ва донишҷӯени курсҳои 3-юми факултетҳои тиббӣ, стоматологию фарматсевтӣ аз фанни беҳдошти умумӣ таҳсил мекунанд. Ба ғайр аз ин, беҳдошти умумиро донишҷӯёни курсҳои якуми факултети тиббӣ – иҷтимоӣ, курсҳои 2 –юми факултети тббӣ (хориҷиҳо) ва курси 5 факултети психологияи тиббӣ аз худ карда истодаанд. Дар кафедра донишҷӯёни хориҷии курси 3 факултети тиббӣ фанни “Беҳдошти муҳити зист” ва “Беҳдошти ғизо” - ро ҳам меомӯзанд. Бояд қайд намуд, ки таълими фанҳо бо се забон: давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ.
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо оид ба беҳдошти умумӣ ва экология, барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ барои донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми факултетҳои тиббӣ, курси 3-юми факултети стоматологӣ ва фармасевтӣ, инчунин барои бакалаврҳо нашр намудаанд.
Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯенро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд.
Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 1 маҷмуаи таълимӣ-методӣ ва 6 барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанҳои экология, беҳдошт ва эпидемиология барои донишҷӯени факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ, тиббӣ – иҷтимоӣ, психологияи тиббӣ, инчунин бакалаврҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Аз рӯи ҳар як фан 200 тестҳои имтиҳонӣ ва зиёда аз 300 саволҳои имтиҳонӣ барои донишҷӯени ҳаммаи факултетҳо дар кафедра омода шудааст.
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар доираи илм фаъолият мебарад.
Дар асоси супориши Шӯрои олимони донишкада, айни ҳол кафедра тасмим гирифтааст, ки доир ба мавзуи “Таъсири омилҳои экологӣ ба саломатии аҳолии Тоҷикистон” корҳои ҷустуҷӯӣ барад.
Дар кафедра соли 2023 бо фармоиши проректор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов А. маҳфили “Экологони ҷавон” таъсис дода шуда, моҳи апрели соли 2023 як маҳфили фаннӣ дар мавзуи “ Об ҳамчун омили экологӣ ” бо баромади донишҷӯёни пешқадам гузаронида шуд. Инчунин дар кафедра тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедра вобаста ба пазируфтани пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва санаи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” дар доираи кафедра конференсияи донишҷӯён бахшида ба он дар моҳи апрели соли 2023 гузаронида шуд ва фишурдаҳои он дар маҷаллаи “Паёми донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз чоп баромад. Аз тарафи омӯзгорони кафедраи “Беҳдошт ва экология” дар ду соли фаъолияти кафедра 8 фишурда ва 2 мақола дар конфронсҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва дар маҷаллаҳои КОА ба чоп расидааст. Инчунин 1 дастури таълимӣ методӣ нашр шудааст. Дар кафедра маҳфили фаннӣ фаъолият менамояд, ки дар кори он ҳар сол аз 13 то 16 донишҷӯёни фаъоли курсҳои якум ва сеюми ҳамаи факултетҳо иштирок мекунанд.
Бо мақсади шарҳи муҳтавои Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ (А/RES/77/158) дар бораи эълон шудани «Cоли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсадноки СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва баргузории конфересияи сатҳи баланди СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон дар соли 2025 бо донишҷӯёну олимони ҷавони оянда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2024, №407 тасдиқ шударо, санаи 18 марти соли 2025 дар МТҒ «Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ гузаронида шуд (барнома замима мегардад). Дар конференсияи мазкур зиёда аз 300 нафар донишҷӯён, олимони ҷавон ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада иштирок доштанд.
Дар конференсияи мазкур 18 адад баромади олимони ҷавон, донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада шунида шуд.
Дар давоми конференсия баъд аз саволу ҷавоб ба музокираҳо гузаштанд ва эъломияи конференсия оид ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра мебошад, ки ҳангоми хондани лексияҳо, гузаронидани машғулиятҳо амалӣ карда мешавад. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи корҳои тарбиявӣ, ки аз ҷониби проректор оид ба тарбия Охунов Б.Х. мувофиқа ва тасдиқ карда шудааст, Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳо бахшида ба рамзҳои давлатӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ дар бар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯен, инчунин васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.
Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯен дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ суҳбат мекунанд.
Дар кафедраи “ Беҳдошт ва экология” тибқи нақшаи кори кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ зиёда аз 9 масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
Кормандони кафедра
Максудова Зумрат Якубжановна
Вазифа: Мудири кафедраи беҳдошт ва экология
Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос: дотсент
Teл:+992907-72-53-01 E-mail:zumratm@gmail.com
Ҷураева Адолат Ҳикматуллоевна
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: биолог
Teл:+992937295070 E-mail: adolathoncuraeva@gvail.com
Ҳалимзода Абдулло Шодӣ
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ: номзади илмҳои химия
Ихтисос: химик
Teл:+992 E-mail:shodi1959@mail.ru
Одинаева Лола Эркинҷоновна
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail:
Меликова Лола Юсуфҷоновна
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail:
Солеҳзода Шаҳзода Зафарҷон
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail:
Исмоилова Суман Шерхоновна
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail:
Сангинмадзода Манижа Исмоналӣ
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail: