Кафедраи тибби оилавӣ
|
|
Мағзумова Фирӯза ПӯлодовнаМудири кафедраНомзади илмҳои тибТелефон:+992 933153473E-mail:fmagumova@mail.ru |
КАФЕДРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ
Таърихи кафедра. Аввалин маротиба дар заминаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 26 январи соли 2022 ва тибқи “Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2017, №3/13) бо фармоиши ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ ба кафедраи Тибби оилавӣ таъсис дода шуд.
Кафедраи Тибби оилавӣ сохтори асосии таълимию илмии Донишкада ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотии кафедра ба самти асосии фаъолият ва нақшаҳои таълимии ихтисоси Кори табобатӣ, Стоматология ва Псхологияи тиббӣ, ки омӯзонидани он аз ҷониби деканати факултетҳо муқаррар карда шудааст, мутобиқат менамояд.
Кафедра дар бинои Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”, воқеъ дар ш.Душанбе, кучаи Ҳувайдуллоев 274 а, ошёнаи сеюм қарор дорад, ки дар он 5 ҳуҷра, инчунин дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи сироятии кӯдакона” як ҳуҷра, дар Маркази саломатии шаҳрии №21 ҳуҷра, дар бинои Муассисаи давлатии шуъбаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии ш.Душанбе як ҳуҷра, дар маҷмӯъ 7 ҳуҷраи таълимӣ ҷудо карда шудааст.
Дарсҳои амалӣ вобаста аз мавзуҳо дар шуъбаи табобатии Пажӯҳишгоҳ ва Маркази саломатии шаҳрии №2 ва дигар заминаҳои кафедра гузаронида мешаванд.
Айни ҳол дар ҳайати кафедра 9 нафар омӯзгорон, ки 2 нафари онҳо номзади илмҳои тиб, 5 нафар дорои дараҷаи олӣ ва 4 нафар омӯзгорони ҷавон фаъолият менамоянд. Мудирии кафедраро Мағзумова Фирӯза Пӯлодовна, н.и.т., роҳбарӣ менамоянд.
Фаъолияти таълимӣ
Кафедра тибқи нақшаи таълимӣ вобаста ба фанҳои: “Тибби оилавӣ”, “Эндокринология”, “Варзиши муолиҷавӣ, Физиотерапия”, “Тибби шарқ” барои донишҷӯёни курсҳои 3, 4, 5 ва 6-уми ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология” ва “Психология тиббӣ” фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.
Таълим бо истифодаи низоми кредитӣ тибқи барномаю нақшҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар шаклҳои зайл гузаронда мешавад: а) дарсҳои аудиторӣ (лексияҳо), дарсҳои амалӣ (семинарҳо); корҳои лабораторӣ. б) дарсҳои берун аз синфӣ мусоҳибаҳо (консултатсияҳо)-и фардӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор; в) назорати сатҳи донишандӯзии донишҷӯён: тафтиши иҷрои корҳои санҷишӣ; гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ; гузаронидани санҷишҳои тестӣ (дар шакли хаттӣ ё компютерӣ) аз бобҳои алоҳидаи фанҳои омӯхташаванда; г) аттестатсияи ҷорӣ-имтиҳони тестии ҷамъбастӣ аз фанҳои алоҳида; д) аттестатсияи ниҳоии давлатӣ; имтиҳонҳои давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаҳои амалии донишҷӯён, беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои тахассусии Тибби оилавӣ, Эндокринология, Варзиши муолиҷавӣ, физиотерапия, Тибби шарқ, Ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ 4 синфхонаҳои кафедра ба таври қабликлиникӣ ҷиҳозонида шудааст, ки инҳо:
- синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Тибби оилавӣ”;
- синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Эндокринология”;
- синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Варзиши муолиҷавӣ. Физиотерапия”;
- синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ”.
Айни ҳол синфхонаҳои омӯзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии фанҳои тахассусӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои малакаҳои амалӣ гузаштан бевосита бо беморони гуногуни сатҳи амбулаторӣ, ки вобаста карда шудааст гузаронида мешаванд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар кафедраи тибби оилавӣ аз тарихи рушди тибби оилавӣ, ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, хусусиятҳои тибби оилавӣ, пешгирии бемориҳо, корҳои санитариву маърифатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба тиб, назорати диспансерӣ, ҳуҷҷатнигории тиббӣ дар муассисаҳо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ташхис ва ташхисҳои симптому синдромҳое, ки дар кори табиби оилавӣ бештар вомехӯранд, инчунин бемориҳои шадиду музмине, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи табиби оилавӣ дучор мегарданд, бархурдор мешаванд.
Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо бо қадри имкон таъмин буда, бо овезаҳои мавзуӣ ва гӯшаҳои дарсӣ ороиш дода шудааст.
Заминаҳои клиникии кафедра
МД “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тибби иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (4 синфхонаи таълимӣ ва 2 толори лексионӣ, омӯзгорон Мағзумова Ф.П., Аюбова Д.Х., Маҳмудова Р.И.,Бобоназаров Э.Х., Аллоева С.А.);
МД Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (1 синфхона, омӯзгор Сайфуллозода И.);
МД Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” (2 синфхона, омӯзгорон Қобилова М.А., Мирзоев И.);
МД Маркази саломатии шаҳрии №1-и ш.Душанбе (1 синфхона, омӯзгор Воситзода З.Ф.).
Дар маҷмӯъ масоҳати умумии кафедра бо заминаҳои таълимиаш зиёда аз 1200 метри мураббаъро ташкил мекунад, ки ба ҳар як донишҷӯ аз 8 то 10 метри мураббаъ рост меояд.
Фаъолияти тарбиявӣ
Кафедраи “Тибби оилавӣ” барои дар амал татбиқ намудани талаботҳои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла нерӯи зеҳнию эҷодии донишҷӯён ва омӯзгоронро сафарбар менамояд.
Аҳли кормандони кафедра оид ба иқдом ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои марбута ва Раёсати донишкада арзёбӣ мегарданд, ки нақша – чорабиниҳо таҳия намуда, мутобиқи он дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои тарбиявиро ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷӯён ва иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад. Дар кафедра риояи «Дастурамали тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» таҳти назорат қарор дода шуда, баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён чораҳои зарурӣ меандешад.
Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба тарғибу ташвиқи муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ суҳбат гузаронида мешаванд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи муоширати байни омӯзгорону донишҷӯён, муошират бо беморон дар раванди машғулиятҳои амалӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси ахлоқи тиббӣ, пурзур намудани тарбияи пайвастаи маънавӣ ва ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Кафедра дар иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо, озмунҳо, ҳамоишҳои гузаронидани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор аст.
Кафедраи “Тибби оилавӣ” дар гузаронидани конференсияҳои омӯзгорону донишҷӯён, ки ҳамасола дар Муассиса баргузор мегардад, ки дастовардҳои устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифта мешаванд, дар воситаҳои ахбори омма, сомона ва нашрияҳои даврии донишкада саҳмгузор хоҳанд шуд.
Корҳои табобатию машваратӣ
Аз ҷониби мутахассисони кафедра (Мағзумова Ф.П., Маҳмудова Р.И., Аюбова Д.Х., Воситзода З.Ф.) машваратҳо ба беморон гузаронида мешаванд.
Дастовардҳои кафедра
Аз ҷониби кормандони кафедра соли 2025 чор мақола ва 8 фишурдаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшаванда ва маводҳои конференсияҳои илмӣ-амалӣ ба чоп расидааст. Инчунин, ду дастури таълимӣ-методӣ таҳия гардида, дар Шуъбаи табъу нашри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, барои чоп иҷозат дода шудааст.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар солҳои 2024-2025 навгониҳо дар Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои тибби оилавӣ, эндокринология, физиотерапия, тибби шарқ ва ташхиси шуоӣ, муолиҷаи шуоӣ ворид карда шуданд.
Умедворем, ки кафедраи мазкур дар оянда барои рушди соҳа, алалхусус тибби оилавӣ ва рушди Донишкада саҳмгузор хоҳад шуд.
Фаъолияти илмӣ
Кафедра дар якҷоягӣ бо МД “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” бо ду унвонҷӯйи ғойибона корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодааст.
Корҳои методӣ
Даструҳои методӣ, таълимӣ, табобат стандартҳои зерин аз ҷониби кормандони кафедра таҳия карда шуда, ба чоп расонда шудааст.
- Лечения больных с сердечно-сосудистыми заболеваниями в санаторно-курортных организациях, 2024с;
- Санатроный этап реаблтации – возвращение к жизни и работе, 2024с;
- Медико-социальная экспертиза и реабилтация инвалидов с сердечно-сосудистыми заболеваниями с учетом МКФ, 2024с;
- Маркетинг в здравоохранении и экономческий анализ деятельности лечебно-профлактческих учрежденях, 2024с.;
- Силабусҳои дарсӣ: оид ба фанҳои тибби оилавӣ, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ ва эндокрнология барои донишҷӯёни курси 3, 4 ва 5-и факулетҳои Кори табобатӣ, Стоматология ва Психологияи тиббӣ омода карда шуданд.
Иштирок дар чорабиниҳо илмӣ-амалӣ дар давоми фаъолият
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Раванди тавонбахшӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дастовардҳо» 15 декабри соли 2023 – чопи 2 мақолаи илмӣ.
- Конференсияи IV-уми солонаи илмӣ-амалӣ бо иштироки коршиносони давлатҳои бурунмарзӣ “Cтратегияи рушди илми тиббӣ-иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” барои омӯзгорону донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, 18-19 окябри соли 2024
- Конференсияи IV-и солонаи илмӣ-амалӣ бо иштироки коршиносони давлатҳои бурунмарзӣ “Актуальные медико-социальные проблемы (наука и практика) и пути их развития в Республике Таджикистан” барои омӯзгорону донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, 17 окябри соли 2025
Бояд қайд намуд, ки кормандони кафедра дар ҳама конференсияҳо бо баромаду, мақолаю фишурдаҳо иштирок менамоянд.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
Кормандони кафедра
Мағзумова Фирӯза Пӯлодовна
Вазифа: и.в.мудири кафедраи тибби оилавӣ
Унвони илмӣ: номзади илмњои тиб
Ихтисос:
Teл:+992 933153473 E-mail:fmagumova@mail.ru
Маҳмудова Рухсора Илёсовна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: табиби бемориҳои даруна
Teл:+9929354989989 E-mail:dr_ruhsora@mai.ru
