ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МТҒ “ДОНИШКАДАИ ТИББӢ – ИҶТИМОИ ТОҶИКИСТОН”


10-уми феврали соли 2026 дар толори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зувайдуллозода Муҳибулло – директори МТД "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе, Убайдуллоҳзода Мавзуна Аъзам - муовини ректор оид ба тарбияи Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон", Ҳабибзода Зоҳир - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Азиз Калонов - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Нахуст, Убайдуллоҳзода Мавзуна Аъзам - муовини ректор оид ба тарбияи МТҒ "Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон" сухани ифтитоҳиро оғоз намуд. Баъдан, Шоҳиён Абдураҳим-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, баромад кард. Қайд гардид ки ин ҳуҷҷати муҳим на танҳо натиҷаҳои рушди кишвар ва вазифаҳои минбаъдаро баррасӣ менамояд, балки ҳамчун муждаи саодат ва чароғи ҳидоят, барои ҳамбастагии миллат ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ хизмат мекунад. Дар Паёми имсола, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва самарабахши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Дар он зарурати риояи сарфакории, қувваи барқ роҳандозии корхонаҳо ва иқтидорҳои нави саноативу энергетикӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна исрофкорӣ ҳамчун самтҳои афзалтар муайян шудаанд, сипас Зувайдуллозода Муҳибулло, директори Муассисаи таҳсилоти давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ҷалб кард. Ӯ иброз дошт, ки Паёми Президент ба маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати ҷиддӣ медиҳад ва омӯзгорону муассисаҳои таълимиро вазифадор месозад, ки дар тарбияи кадрҳои рақобатпазир саҳми бештар гузоранд.
Ҳамчунин, Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, зимни баромади худ оид ба фаъолияти ҳизб дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ сухан гуфт. Ӯ таъкид кард, ки Паёми Президент заминаи мустаҳкам барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори кишвар мебошад.
Дар идома, Азиз Калонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, баромад намуда, масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ зикр намуд, ки амалисозии ҳадафҳои дар Паём зикршуда танҳо бо ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа имконпазир аст.
Дар қисми ҷамъбастии вохӯрӣ омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод карданд. Баромадкунандагон ба саволҳо ҷавобҳои муфассал дода, ҷавононро ба омӯзиши амиқи Паём, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуданд.

Back to list