Home
History of Institute
Management
Documents
Mission of the university
Academic Board
Совет ректората
Institute structure
Education
Department of Education
Central education-methodical counsel
Education quality department
Practical skills center
Practice department
Registration and Consulting Center
Science and innovation
Department of Doctorate and Postgraduate Studies
Department of Preparing Scientific Staffs
Science Library
Confrence
Фишурдаҳо
Medicine
Clinical, Scientific and Educationfl Center
Dental department
Chemist’s shop
Клинические базы
International relationships
The procedure and conditions for the admission of foreign citizens
Education
Department of Training
Department of Culture
The Trade Union Committee of Employees and students
Department of youth Affairs
Working with women council
Council of curators
Contacts
Medical-Social Institute of Tajikistan
Search
TJ
RU
EN
Entrants
Admission board
Guide for applicants
Перечен заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
Students
Graduates
Postgraduate education
Employees
The PTS
Dissertation council
Home
News
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ МТҒ “ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ МТҒ “ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА
6-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия марафони байналмилалии «Россия – кишвари оилаҳо» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби МТҒ “ Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” муовини ректор оид ба тарбия, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси филология - Убайдуллоҳзода Мавзуна Аъзам дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок кард.
Ҷалби ҷавонони ҷумҳурӣ барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар доираи он намояндагони кишварҳои гуногун, ходимони давлатӣ, олимон, варзишгарон ва чеҳраҳои маъруфи фарҳангиву ҳунарӣ бо барномаҳои фарҳангӣ баромад намуданд.
Барномаи марафон хеле фарогир буда, лексияҳои маърифатӣ, мастер-классҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, намоиши либосҳои миллӣ, консертҳо ва барномаҳои эҷодиро дар бар гирифт.
Ҳамзамон, барои иштирокчиён намоишгоҳҳои мавзуӣ, китобхонаҳои адабиёти халқҳои гуногун, дегустатсияи таомҳои миллӣ ва барномаҳои интерактивӣ ташкил карда шуданд.
Иштироки намояндаи донишгоҳ дар чунин чорабинии байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву ҷавонон, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ин сафар имконияти хубе фароҳам овард, то ҷавонони Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ арзишҳои миллиро муаррифӣ намуда, робитаҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшанд.
Back to list